Ӯхм аз зумраи деҳоти калонтарини домани кӯҳсори Нуратост.
Дар он се мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, як бунгоҳи тиббӣ ва боғчаи бачагона воқеъ аст. Бо ҳамин ном ҷамоати шаҳрвандони маҳалла фаъолият мекунад ва маҳаллаву деҳкадаҳои Мӯла, Сиртикон, Ҳаёт, Мушкибирён, Ӯхми боло, Арсафро дар бар мегирад. Дар ин ҳудуд беш аз шашсад хоҷагӣ мавҷуд буда, зиёда аз чор ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад...
– Порсол мувофиқи Барномаи «Обод қишлоқ» ба дарозии қариб се километр роҳҳои дохилӣ асфалтпӯш гардида буд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ӯхм» Абдуҷалил Ниёзов. – Ба ғайр аз ин тибқи лоиҳаи сайёҳӣ боз қариб се километр роҳи дигар мумфаршу асфалт карда шуд.
Имсол дар поёноби деҳа дар майдони бист гектар барои оилаҳои ҷавон (50 сотихӣ) боғ ташкил меёбад. Дар сари амалӣ гардидани ин корҳо ҳиссаи ёвари ҳокими вилоят, депутати Шӯрои намояндагони ноҳия Фаррух Шомуродов ҳаст.
Аз ин пештар дар асоси Буҷаи ташаббуснок фаъолони деҳа лоиҳаи нав кардани симчӯбҳои электрро пешниҳод карда буданд. Аммо барои ба амал татбиқ сохтани ин ташаббус овозҳои кофӣ ҷамъ карда нашуд. Дар натиҷа лоиҳа нотамом монд.
Азбаски деҳа ба қатори мавзеъҳои сайёҳӣ шомил аст, пиёда сохтани якчанд лоиҳа дар назар дошта шудааст.
Ба наздикӣ дар қатори 38 лоиҳаи пешқадами таъмир ва аз нав сохтани роҳҳои дохилии маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Фориш дар асоси Буҷаи ташаббуснок роҳҳои мошингарди ин маҳалларо низ ворид намуда буданд. Барои ҳар як лоиҳаи ғолиб 1,5 миллиард сӯмӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Дар роҳи татбиқи лоиҳаи мазкур ва иҷрои кори хайр аҳли деҳ, умуман ӯхмиёне, ки чи дар деҳаанду чӣ берун аз он умр ба сар мебаранд, ба қавле, «аз як гиребон сар бароварда» саҳми муносиб гузоштанд. Пирони рӯзгордида доимо дуо карда, ҷавонони ғайратмандро ба кори нек ҳидоят бинмуданд. Ҷавонони ғаюр низ, овоз ҷамъ намуданд. Аз солхӯрдагони деҳ Хурсандбой Зарифов, Шавқибой Мақсадов, Хушвахтбой Норбоев, Ислом Баротов, Узоқбой Қӯрғонов мунтазам ба ҳамдеҳагон муроҷиат карда, хоҳиш ба амал оварданд, ки кӯмаку дастгирии хешро дар ин роҳ дареғ надоранд. Берун аз деҳа ва дар худи он Ҳомидбой Ниёзов, Комилҷон Шокиров, Абдумурод Эргашев, Фарҳод Неъматов, Наъфар Норбоев, Давлат Қулмирзоев, Содиқ Йӯлдошевҳо кӯмаки пуливу маънавии худро дареғ надоштанд.
– Ин лоиҳа 1,5 миллиард сӯм арзиш дорад ва дар назар аст, ки дар сурати амалӣ гардидани он 10,9 километр роҳ асфалтпӯш мегардад. Бараш шаш метр васеъ карда мешавад, – мегӯяд Раҳматулло Шокиров – аз ҷавононе, ки баҳри амалӣ намудани ин лоиҳа камари ҳиммат бастааст, аз 27-уми апрел то 7-уми май мо ҳама як сару тан шуда, зиёда аз ҳашт ҳазор овоз ҷамъ овардем.
– Дар рӯзҳои аввал аз деҳаи Исории маҳаллаи Норвон дар шумори овозҳо қафо мемонданд ва ин ҳолат то рӯзҳои наздик давом ёфт. Танҳо то мондани ду-се рӯз ба муддати муайянгардида якбора корҳоямон пеш рафт, – мегӯяд Бобомурод Деҳқонов, яке аз ҷавононе, ки саҳифае дар телеграм таъсис додааст ва ҳамин сол баъди маслиҳатҳо ба он «Ӯхмиён» ном ниҳод. Ин саҳифаи ӯ барои сарҷамъии ӯхмиён нақши калон бозид.
– Ман аз бисёр ҳамсолону ҳамдеҳони худ миннатдор ҳастам, – мегӯяд масъули кор бо ҷавонони маҳаллаи «Ӯхм» Иброҳим Ҳамробоев. – Онҳо шуҷоату ғайратмандии худро дар ин кор зоҳир намуданд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.