Сафари мо ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз боздиду мулоқотҳои мо дар яке аз муассисаҳое шурӯъ шуд, ки дар айни замон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор гирифтааст.
Сафари мо ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз боздиду мулоқотҳои мо дар яке аз муассисаҳое шурӯъ шуд, ки дар айни замон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор гирифтааст. Ин муассисаи марбути Ташкилоти таълими томактабӣ “Маркази махсуси давлатии гуногунсоҳаи реабилитатсионии “Имкон”-и шаҳри Нуқус мебошад. Сохтумони бинои он бо қарори Президент аз 16 августи соли 2018 роҳандозӣ шудааст.
Дар ин ҷо асосан кӯдакон ва наврасоне ба муолиҷа ва таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нуқсонҳои ҷисмонӣ ва равонӣ доранд. Ба манзури он ки онҳо аз шароити беҳтарину замонавӣ бархурдор бошанд, як бинои боҳашам ва комилан муҷаҳҳаз дар ихтиёри онҳо қарор дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин бино 120 кӯдаки нуқсондор ва имконияташон маҳдудро ба канори худ гирифтааст. Ба онҳо 134 нафар мутахассис, ки ҳудуди панҷоҳ дарсадашонро ходимони тиб ташкил медиҳанд, ҳамчунин омӯзгорону тарбиячиёни варзида нигоҳубин менамоянд.
– Маблағи барои сохтмони ин марказ ихтисосёфта 19 миллиарду 600 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Маркази реабилитатсионии “Имкон” масоҳати бештар аз як гектарро ишғол мекунад. Ҳамаи тарбиятгирандагони марказ кӯдакони аҳолии минтақаи назди баҳри Арал мебошанд, ки дар ҷисми онҳо нуқсонҳои ҷисмонӣ ва равонӣ мавҷуд мебошад, – мегӯяд директори марказ Нурсулӯ Худойбергенова.
Таъкид гардид, ки баъзеи онҳо нуқсонҳои равонӣ низ доранд. Ҷиҳати барқарории саломатии онҳо ва фаро гирифтанашон ба таълиму тарбия, ки меҳнати дучандро тақозо менамояд, як идда мутахассисони корозмуда сафарбар шудаанд.
– Дар маркази реабилитатсионӣ асосан ба таври муназзам кӯдакони аз 2 то 7-сола муолиҷа мешаванд ва таълиму тарбия мегиранд. То қабул ба маркази мазкур ҳар як кӯдак аз назорати ҷиддии комиссияи тиббӣ-равонӣ мегузарад. Ин муоина раванди хеле мураккаб ва заҳматталаб мебошад. Зеро баъзан лозим меояд, ки барои муайян намудани вазъи саломатӣ ва равонии як кӯдак мутахассисон борҳо вайро аз назорат гузаронанд. Ҳатто баъзан барои ба ин ҷо шомил намудани кӯдак, наврас ё синнаш калонтар шаш моҳ ё як сол сипарӣ мешавад. Танҳо баъди анҷоми чунин натиҷагириҳо бо муштарии нуқсондор мутахассисон машғул хоҳанд шуд, – иброз дошт Нурсулӯ Худойбергенова.
– Ман фарзанди нуқсондори панҷсолаамро ба ин маркази реабилитатсионӣ оварда будам. Вай тамоман роҳ рафта наметавонист. Ҳоло писарам роҳ рафтан дорад ва дидани ин манзараи гуворо ману шавҳарамро лолу ҳайрон намуд. Мутахассисони ин марказ барои барқарор намудани саломатии писарамон хеле заҳмат мекашанд. Илоҳо, ҳаргиз дасти пизишкони ин маркази шифобахш дардро набинанд, – мегӯяд бо ашки хурсандӣ модари ин кӯдак Задра Боева.
Ёдовар мешавем, ки маросими ифтитоҳи Маркази реабилитатсионии Нуқус хеле бошукӯҳ баргузор шудааст. Дар он раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева, вазири таълими томактабӣ Агреппина Шин, намояндагони мактаби байналмилалии Донишгоҳи Гертсен, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва амсоли он ширкат кардаанд.
Воқеъан, утоқҳои ин марказ бо услуби миллӣ сохтаву муҷаҳҳаз шудаанд. Кӯдакону наврасон аз синфи аудиёӣ, хонаи муолиҷаи ҳискунӣ, физиотерапия, массаж, машқҳои ҷисмонӣ, давокунӣ ба тарзи мусиқашунавонӣ ва афсонагӯӣ, ҳавзи оббозӣ ва амсоли он фаровон истифода мекунанд.
Дар марказ дастгоҳҳои замонавии реабилитатсионӣ мусоидат менамоянд, ки татбиқи барномаи хоси умумӣ ва инфиродӣ самараи бештар ба бор оварад ва вазъи саломатии кӯдакону наврасон зудтар барқарор гардад. Ҳамчунин ҷиҳати ривоҷёбии онҳо низ аз усулҳои беҳтарин кор гирифта мешавад. Хоссатан, дар ин марказ зарфҳои аз лиҳози экологӣ тоза мавриди истифода қарор гирифтаанд.
– Як қатор таҷҳизоти ошхонаамонро аз Куриёи Ҷанубӣ дастрас намудем. Истифодаи ин таҷҳизот низ мусоидат мекунад, ки суръати барқарор намудани саломатии тарбиятгирандагони мо биафзояд. Ҳоло майдончаҳои автотест ва бозиҳои варзишӣ аз ҷойҳои дӯстдоштаи ин тарбиятгирандагон маҳсуб меёбанд, – зикр намуд директори Маркази реабилитатсионии Нуқус Нурсулӯ Худойбергенова.
Дар айни ҳол ин маркази ягонаи реабилитатсионии Вазорати таълими томактабӣ дар саросари ҷумҳурии мо маҳсуб меёбад.
Мӯйноқ – маркази маданият
Сафари мо ба ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба маросимҳои ифтитоҳи ду ташкилоти таълими томактабӣ рост омад. Тавре ки вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Ҷумъагул Уснатдинова дар ин маросими тантанавӣ изҳор кард, яке аз ин боғчаҳо барои 60 нафар ва дувумӣ барои 100 нафар кӯдакони маҳаллӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба гуфтаи вазир ин ташкилотҳои таълими томактабӣ дорои тамоми шароит мебошанд.
– Вақте ки Президент Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Мӯйноқ ташриф овард, ин ҳарфҳоро ба забон овард, ки вуҷуди ҳамаи моро ҳисси ифтихору ғурур фаро гирифт: “Маданият аз Мӯйноқ оғоз меёбад”. Дарвоқеъ, ман низ мехостам ташреҳу тафсири рушду нумӯъ ва корҳои созандагии ташкилотҳои таълими томактабии Қароқалпоқистонро маҳз аз он оғоз кунам, ки ҳар сол дар ин ноҳия кӯдакистонҳои наву замонавӣ сохта мешаванд. Ҳатто айни замон ба сохтани бинои нави кӯдакистонҳои дигар чандон зарурат боқӣ намондааст, – гуфт Ҷумъагул Уснатдинова.
Вай изофа намуд, ки чанде муқаддам дар ноҳияи Мӯйноқ ба таълими томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон ҳамагӣ 31 дарсадро ташкил мекард. Дар айни ҳол ин нишондиҳанда ба 97,7 расид. Муҳимтар аз ҳама, дар саросари ҷумҳурии паҳноварамон ин нишондиҳандаи баландтарин арзёбӣ мегардад.
– Мардуми Мӯйноқ дар шароити мушкилзои иқтисодиву экологӣ ба сар баранд ҳам, ҳамеша талош мекунанд, ки фарзандони онҳо аз шароити беҳтарину замонавӣ бархурдор бошанд. Ин намунаи баланди фарҳанги мардуми Мӯйноқро нишон медиҳад ва сарвари давлатамон низ маҳз ба ҳамин нукта таваҷҷӯҳи ҳамаро ҷалб намудааст. Забономӯзӣ, маданиятнокӣ ва пайдо кардани ҷойгоҳ дар ҷомеа барои ҳар як инсон маҳз аз ҳамин кӯдакистонҳо маншаъ мегиранд, – тазаккур дод вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон.
Боздид аз ин ташкилотҳои таълими томактабӣ, ки маросими ифтитоҳашро баргузор карда буданд, дурустии ин ҳарфҳои Ҷумъагул Уснатдинова тасдиқ гардид. Маълум шуд, ки барпо намудани ин кӯдакистонҳо бар пояи барномаи инвеститсионӣ сурат гирифтаанд. Ҷумъагул Уснатдинова дар як суҳбати хос ба мухбири “Овози тоҷик” гуфт, ки гурӯҳи 32-нафарии занону духтарони маҳаллие, ки дар “Дафтари занон” ва “Дафтари оҳанин” сабти ном шудаанд, дар ин кӯдакистонҳо ба кор таъмин карда шуданд.
– Танҳо дар ноҳияи Мӯйноқ 27 ташкилоти таълими томактабӣ фаъолият мекунанд ва аз ин шумор 17-то мақоми давлатӣ, 8-то мақоми оилавӣ ва 2-то мақоми давлату шарикиро касб намудаанд. Аз 2 ҳазору 403 нафар кӯдакон анқариб 98 дарсади онҳо дар ин кӯдакистонҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, – афзуд Ҷумъагул Уснатдинова.
Ба таъкиди вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар ин кӯдакистонҳо 230 нафар омӯзгор машғул ба кор ҳастанд, ки 60 нафари онҳоро кадрҳои дорои маълумоти олӣ ташкил медиҳанд. Аз зумраи кормандони кӯдакистонҳо боз 16 нафар занону духтарон дар мактабҳои олӣ аз рӯи тахассус таҳсил мекунанд. Ҷумагул Уснатдинова гуфт, ки ин занону духтарони маҳаллӣ дар арафаи супурдани имтиҳонҳои давлатӣ мебошанд ва ба наздикӣ соҳиби диплом хоҳанд шуд.
– Агар гӯем, ки барои кӯдакистонҳои соири вилоятҳои ҷумҳурии паҳноварамон тарзи кори ходимони ташкилотҳои таълими томактабии ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистонро ҷиҳати фарохонии кӯдакон ба кӯдакистонҳо ҳамчун намуна бояд муаррифӣ кард, ҳаргиз муболиға нахоҳад шуд. Аммо барои он ки ба дурустии ин ҳарфҳои мо эътимод ҳосил намоянд, дар шаҳраки Мӯйноқ семинарҳо ташкил хоҳем кард ва дар ин семинарҳо таҷрибаи ходимони кӯдакистонҳои ҳамин минтақа оммавӣ карда хоҳад шуд, – гуфт сухангӯи Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мавлуда Асқархӯҷаева.
Ногуфта намонад, ки дар зарфи ду соли охир шаҳраки Мӯйноқ хеле ободу зебо шудааст. Барпо шудани осорхонаи табиат, биноҳои боҳашами кохи фарҳанг, қабулхонаи халқ, амфитеатр, варзишгоҳҳо ва иморатҳои маъмуриву истиқоматӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки шаҳраки Мӯйноқ комилан намои худро тағйир додааст.
Роҳҳои дохилӣ мумфарш гардидаанд, истгоҳҳои замонавӣ роҳгузаронро аз боду борон ва офтоб эмин медоранд. Роҳравҳои ду самти роҳ низ ба талаботи имрӯза ҷавоб медиҳанд.
– Одамони зиёд аз ин минтақа ба ҷойҳои дигар кӯч бастанду рафтанд. Аммо як қисми ин одамон ба аёдати пайвандони худ омадаву ободу зебо шудани Мӯйноқро бо чашмони сар дида, орзуи баргаштанро доранд. Онҳо эҳсос мекунанд, ки ба ин Ватани кучаки худ баргарданд ва кору зиндагиашонро маҳз ҳамин ҷо идома диҳанд, – мегӯяд хушҳолона сокини ин шаҳрак Азамат Бекмуродов.
3. “Қабристони киштиҳо”-и Мӯйноқ
Қабл аз он ки ба сӯи Нуқус баргардем, чанд соат дар ихтиёр доштем ва ин вақтро ба дидани “Қабристони киштиҳо” сарф намудем. Вақте ки аз мошин берун шудем, қабл аз он ки манзараи ҳузновари соҳилҳои садҳо километр хушкидаи баҳри Аралро тамошо кунем, аз осорхонаи экологии Мӯйноқ боздид кардем.
Дар ин осорхона ҳолати баҳри Арал дар солҳои 80-уми қарни гузашта, ҳолати соли 2008 ва соли 2018 акси худро ёфтааст. Ҳар як тамошобини суратҳо ва ашёи ба намоиш гузошташуда нақл мекард, ки қаблан дар ин муҳит кадом паррандаву даррандаҳо ва хазандаҳо зиндагӣ мекарданд, моҳидорон ба сайди кадом намуди моҳиҳо машғул мешуданд. Кас метавонад тавассути осорхона ба саволи чаро имрӯз соҳили баҳри Арал куллан сокин ва беодам мондааст ва амсоли он ҷавоб пайдо кунад.
Дар осорхона банкаҳои консервкардашудаи моҳиҳои гуногунро низ дидан мумкин аст, ки як замон корхонаи консервбарори машҳури Мӯйноқ истеҳсол менамуд. Қуҳои сафед низ макону манзалати доимии худро баъди хушк шудани оби баҳр кайҳо батамом тарк кардаанд. Баъзе ашёи осорхонаи экологии Мӯйноқ аз ин ҳодисаи ҳузнангез низ дарак медоданд ва бешак, дили ҳар муштарии худро ба риққат меоварданд.
Аз осорхона бо табъи гирифта берун шудем ва ба баландии тақрибан бистметрӣ омадем, ки соҳили кайҳо хушкида мисли каф ба назар менамуд. Баъд тавассути зинаҳо оҳиста ба поён фаромадем ва ҳамон манзараи мудҳиш, ки дар аксҳо дидаем ва аз рӯзномаҳо хондаем, пеши назар ҷилвагар шуд.
Дар “Қабристони киштиҳо” ҳашт киштии хурду бузург меистод. Аз ин киштиҳо танҳо қабурғаҳои холӣ боқӣ монда буд. Таҷҳизоти дигари онро шояд ба ғорат бурдаанд ва ё ба ҳайси оҳанпора дар ивази пулситонӣ бурда супурдаанд.
– Ин киштиҳо замоне барои моҳидорон хидмат мекарданд. Ҳамчунин одамони зиёд метавонистанд ба ин киштиҳо савор шуда, баҳри Аралро саёҳату тамошо кунанд. Аммо акнун мебинед, ки аз ин киштиҳо ғайр аз як пораҳои калони оҳан чизи дигар боқӣ намондааст, – гуфт роҳбалади мо, сухангӯи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Азамат Аҷимуротов.
Вай афзуд, ки чунин киштиҳои зери барфу борон ва офтоб харобшуда каме дуртар аз ин ҷо низ боқӣ мондаанд. Барои он ки кас то соҳили баҳри Арал расонад, ҳадди ақал бояд 250 километр роҳ тай кунад, аммо ҳоло тавассути автобус ё мошинҳои сабук аз ин ҷо то соҳили баҳри Арал расидан мушкил аст. Ба гуфтаи Азамат Аҷимуротов мошинҳои баланду бақувват қодиранд, ки хоҳишмандонро то соҳили баҳр расонанд.
– Аммо ин масофа низ зуд тай намешавад, зеро роҳ ҳамвор нест ва ин сафар муддати дарозро тақозо менамояд, – таъкид намуд Азамат Аҷимуротов.
Ҳар кадом дар назди ину он киштӣ чанд намуд акс гирифтем. Баъд дубора ба ҳамон баландӣ баромадем, ки ҳарчи зуд аз тамошои ин манзараи ҳузнангезу риққатовар бигрезем. Воқеъияти ҳол нишон медод, ки инсон ба далели ба даст овардани миллионҳо тонна пахта, обёрӣ кардани заминҳои навкорам Арал барин баҳрро ҳам хушконида метавонистааст.
— Мегӯянд, ки дар таърихи мавҷудияти худ баҳри Арал се бор хушк шудаву дубора пайдо шудааст. Аммо ин гуфтаҳо то чи андоза ҳақиқатанд ё бофтаҳои хаёлӣ, ба мо маълум нест, – гуфт як ҳамсафарам аз табори қароқалпоқҳо, ки дар яке аз нашрияҳои марказӣ фаъолият мекард.
Дар дил орзу кардам, ки баҳри Арал дубора домани соҳилҳои худро то шаҳраки Мӯйноқ тавсеа диҳад ва ин ҷо ҳамон манзараҳои қаблӣ дубора арзи вуҷуд кунанд. Чунки “Орзуро айбе нест” гуфтаанд дар урфият.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси
“Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – НУҚУС –
МӮЙНОҚ – ТОШКАНД.