МАҲАЛЛАҲО ЧАРОҒОН – ҚАЛБҲО ШУКУФОН

Дар арафаи Соли нав дар деҳаи дурдасти Шамолии ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд, ки ҳамагӣ 29 оила умр ба сар мебарад, бори нахуст чароғҳои барқӣ фурӯзон гаштанд.

Дар арафаи Соли нав дар деҳаи дурдасти  Шамолии ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд, ки ҳамагӣ 29 оила умр ба сар мебарад, бори нахуст чароғҳои барқӣ фурӯзон гаштанд. Шояд аз ҳамин сабаб онҳо ба ҳокими вилоят мактуби сипоси худро ирсол намуданд, ки сардори садорати идораи  таъминот бо барқи вилоят Ғанишер Маматқулов дар анҷумани матбуотӣ иттилоъ дод. Вай таъкид кард, ки ҳоло дар вилояти Самарқанд ба 864,7 ҳазор истеъмолчӣ тавассути 27,6 ҳазор километр хати электрикӣ ва 11315 нуқтаҳои трансформатор нерӯҳои барқӣ интиқол мешаванд.
– Танҳо соли равон гуфт, – Ғанишер Каримович, – дар асоси дастури «Обод маҳалла» 71 километр хати электрикӣ ва 28 адад трансформатор таъмир шуд. Ба муносибати ба шаҳри сайёҳӣ табдил ёфтани Самарқанд дар 24 кӯчаи марказӣ 203  километр симчӯбҳои бетонӣ гузошта, хати электрикӣ кашида, дар шаб чароғҳо фурӯзон аст. 
Аммо аз соли нав боз 3410 трансформатор, ки аз замони шӯравӣ вуҷуд доранд, нав хоҳанд шуд. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 подстансия хоҳем гузошт.
Бо фарорасии фасли зимистон барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш 76 бригадаи таъмирӣ ташкил шуда, 16 техника вобаста гардид.
Сипас, барои иштирокчиёни анҷумани матбуотӣ пресс-тур ташкил шуд. Хатсайри онҳо аз боздиди маҷмӯаи Имом Бухорӣ оғоз ёфт.
Воқеан, бо салоҳдиди сарвари давлатамон мавзеи мазкур ба майдони сохтмон табдил ёфтааст. Имрӯзҳо  бо суръати тез иншооти меҳмонхона, масҷиди ҷомеъ барои 10 ҳазор нафар намозхон,шохобчаҳои савдо, истгоҳи нақлиёт ва ғайра дар авҷ аст.
– Ҳоло барои ҳам сохтмон ва ҳам зиндагӣ нерӯи барқ ниҳоят зарур, – гуфт роҳбалади мо Ғанишер Маматқулов, – ана барои чӣ трансформатори пуриқтидор сохтем, масолеҳи он аз Тошканд, Русия ва Туркия оварда шудааст. Акнун ғайр аз маҷмӯи Имом Бухорӣ боз 4 маҳалла аз қувваи электрикӣ баҳраманд мешаванд. Барои бунёди трансформатори мазкур беш аз 590 миллиард сӯм маблағ сарф  шуд.
Манзили дигари иштирокчиёни анҷумани матбуотӣ маҳаллаи Намозгоҳи шаҳри Самарқанд гардид. Меҳмонону мизбонон дар тадбири ба истифода супоридани трансформатори нав ширкат варзиданд.
Сардори идораи бо барқ таъминкунии шаҳри Самарқанд Фаррух Акрамов гуфт, ки минбаъд таъмин бо нерӯи барқ дар гузарҳои Мӯлиён, Регистон, Намозгоҳ, Рухобод беҳтар шуда, кӯчаҳои марказӣ шабона фурӯзон мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар вилояти Самарқанд беш аз ҳазор гузару маҳаллаҳо вуҷуд доранд ва дар ҳамаи онҳо таъминот бо нерӯи барқ нисбат ба замони пеш беҳтару хубтар шудааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: