НИДОИ ИМЛО

Яке аз рӯзҳои тирамоҳи заррин буд.

Хонандагон сумкаҳояшонро ба тахтапушту китф овезон карда, сӯйи мактаб мерафтанд. Шамоли нарме бо ҳавои сард омезиш ёфта, барги дарахтонро меканду ба гирду атроф пароканда мекард. Ва ниҳоят ақрабаки соат 08:30 шуд ва занги мактаб беист садояшро баланд кард. Муаллими фанни забони модарӣ ба синфи панҷ даромад ва дарсро оғоз кард. Баъди вохӯрию суолу ҷавоб мавзӯи диктантро ба донишомӯзон эълон карду матнро ифоданок хонд. Вақти хондани матн ҳар замон чашмашро аз китоб канда ба хонандагон медӯхт, ки кадом талаба дар кадом ҳолат шунида истодааст. «Боэътибор бошед, хонандагон, ин диктант барои чоряки якум, кӣ чӣ хел хушрӯй ва бехато нависад, баҳои чорякаш аъло мебарояд», гуфт муаллим. Сипас таҳти мавзӯи «Китоб – ганҷи илму маърифат» навиштани диктант сар шуд. То хондани матни диктант дар синфхона пичир-пичир аз ҳар тарафи синф шунида мешуд. Яъне хонандагон ба ҳамдигар бо овози паст сари худро ба ҷойҳои ба устод аёну ноаён канор гирифта, гап мегуфтанд. Баъди оғоз намудани диктант дар синф оромӣ ҳукмрон гашт. Фақат овози муаллим шунида мешуд. Муаллим байни партаҳо роҳ гашта, бино ба қоидаҳои диктант матнро  талаффуз мекард. Вақти талаффуз тамоми қувваашро сафарбар мекард, ки такрорпурсӣ барҳам хӯрад. Бархе аз хонандагон ручкаашонро гоҳ сахт, гоҳ нарм дошта, менавиштанд. Ва дигаре гарданашро ёзонида аз ҳампартаи худ мекӯчонд. Ду нафар хонанда, ки хотираи заиф доштанд, такроран пурсон мешуданд. Аз ин ҳол хотири дигар ҳамсинфон парешон мешуд. Зеро ба навишти онҳо халал мерасонид. Ҳатто баъзе калимаҳоро такрор менавиштанд. Ниҳоят навистани диктант ба охир расиду дафтарҳоро муаллим ҷамъ карда гирифт. 
Барои муаллими забон ҷараёни санҷиши дафтар корест пурмасъулият. Ҳусни хати хонандагон гуногун аст. Баъзе ҳарфҳоро ба ҷойи дастнавис чопӣ сабт кардаанд. Хушбахтона 8-10 нафар дар шакли дастнавис зебо навиштаанд, ки аъло баҳогузорӣ шуданд. Ростӣ, муаллим ба андеша ғарқ шуд. Агар фарзанди инсон аз назорати тиббӣ гузараду чор сол саводи навиштану хонданро азбар намояду саводи имлоӣ набарорад-а? Чӣ хел фаҳмидан мумкин, ки пойи як ҳарф дар ҳавою дигаре дар зери хат. Имло агар забон медошт, бонг мезад, ки чаро аз мо мувофиқи меъёр муносиб истифода намекунию қадри моро паст мезанӣ? Ҳарфҳоро мувофиқи имло риоя накунӣ, ҳуҷҷатҳоятро дар оянда чӣ хел роҳандозӣ мекунӣ? Биё, аз пайи омӯзиш шаву дуруст омӯзу дуруст навис. Зеро дурустӣ аз каҷҷиҳо беҳтар аст, ки гуфтаанд: «Бори каҷ ба манзил намерасад». 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
муаллими тоифаи олӣ.

Ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: