ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

(Эссе)

Дар  мактаби деҳаи мо тибқи фармони  мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия ҳатман бояд забони англисӣ омӯхта  шавад.  Директори мактаб вақтҳои дароз муаллими забони англисӣ мекофт, вале бенатиҷа. Мегӯянд, ки шахсони бомаълумоти  забони англисӣ бо сабабҳои гуногун ба  Англия ва Амрико мераванд ва аз он ҷо  барнамегарданд. Оқибат интихоби директори мактаб ба ман афтид. Дар куҷое  шунидааст, ки ман бо забони  англисӣ  балад ҳастам ва аз ӯҳдаи  ин  кор  мебароям. Ӯ маро ба наздаш ҷеғ зада, гуфт, ки  шумо хеле вақт шудааст, ки бекоред,  мо  шуморо ба сифати муаллими забони англисӣ ба кор гирифтанием. Барои шумо  як рӯз вақт медиҳам, баъд фикратонро  ба мо гӯед. Баъди як рӯз наздаш ҳозир шудам ва гуфтам, ки ман шояд аз ӯҳдаи  ин  кор  набароям, зеро равон ба  англисӣ  гап  задан  ва  бехато  навиштан  наметавонам. 
Директори  мактаб  чанд  дақиқа  таваққуф карда,  баъд  пурсид: 
– Чанд  калимаи  англисиро  медонед? 
– Тақрибан  40-50  калима, –  ҷавоб додам  ман.
– Тарзи  навиштани  ҳарфҳои  англисӣ (лотинӣ)-ро  медонед? – пурсид  ӯ. – Бале,  метавонам  ва хушхат  ҳам  ҳастам, – гуфтам. 
– Садонокҳо  ва  ҳамсадоҳои  англисиро  талаффуз  карда  метавонед? – боз  пурсид  ӯ. 
– Бале,  хеле  хуб талаффуз ҳам  мекунам. 
– Дар  забони  англисӣ  баъзе  калимаҳо  дар  навишт  як,  аммо  дар  талаффуз  дигаранд,  медонед? – пурсид  ӯ. 
– Бале,  медонам. 
– Масалан? –  пурсид  ӯ. 
– Масалан,  «пора»  навишта  мешавад,  «хурдан»  талаффуз мешавад, «сӯм» навишта  мешавад,  «доллар»  талаффуз  мешавад,  «мошин»  навишта  мешавад,  «шевролет»  талаффуз  мешавад  ва  ғайра, – ҷавоб  додам  ман.
Директори  мактаб  дар  тааҷҷуб  монда, пурсид: – Ягон  сухани  ҳикматомезро  аз намояндагони фарҳанги  англис медонед? 
– Бале,  хеле  хуб  ҳам  медонам. 
– Масалан? –  пурсид  ӯ. 
– Масалан,  «Одам ба  одам  гург  аст» (Томас Гоббс), – ҷавоб  додам  ман. 
– Ягон  ҳикмати  нармтар бошад, – пурсид  ӯ. 
– «Дуздӣ  асоси  тамаддуни  инсониятро  ташкил  медиҳад,  агар  дуздӣ  намешуд,  қулфу  калид  дар  Англия  пайдо  намешуд»  (Бернард  Шоу). 
– Ягон  ҳикмати  оммавӣ, ки  ба  дилу  ҷони  мардум  наздиктар  бошад,– пурсид  ӯ. 
– Барои  пул  шуда  ҷонатро  қурбон  кун!  (Ч.Оруэл), – ҷавоб додам  ман.
– Суханҳои  Шекспир  «Ҳастӣ  ё  Нестӣ»-ро  чӣ  хел тавзеҳ  медиҳед? – пурсид  ӯ. 
– Модоме  ки  дар  зиндаги  фитнагарӣ,  мардумфиребӣ, бесалоҳиятӣ  абадулабад аст,  агар  аз  ҳастии  худ  дифоъ  карда  натавонӣ,  аз  ҳастии  худ  даст  каш, –  ҷавоб  додам  ман. 
Директори  мактаб  аз  ҷо  хеста,  ду-се  қадам  ниҳоду,  баъд  гуфт: – Ин  ҳикматҳое, ки гуфтед,  хеле  ҳам  капиталистӣ  мебошанд,  мо  ҳанӯз  ба  капитализм  нарасидаем,  ҳақиқатро  гуфтанро  ёд  нагирифтаем,  бинобар ин  аз  истифодаи  онҳо  дар  байни  хонандагони  мактаб,  илтимос  мекунам,  худдорӣ  кунед.
Баъд  директори  мактаб  қатъиян  аз  ман  талаб  кард,  ки аз  пагоҳ ба дарс додани  забони  англисӣ  сар  кунам.
Рӯзи  дигар  хонандагони  синфи  панҷум  маро  бо  хурсандӣ  истиқбол  карданд  ва  ман  дарси   забони  англисиро  аз  калимаҳое, ки медонистам, сар  кардам.  Дар  муддати  як  моҳ ин калимаҳоро  ба  бачаҳо  ёд  додам ва  бо  ҳамин  дониши  забони  англисиям  қатъ гардид.
Директори  мактаб  маро  дида,  пурсид: – Дарси  англисиатон  хуб  рафта  истодааст? 
– Ба  назарам,  бад  не,  ҳоло  калимаҳои  донистаам  ба  охир  расид. 
– Агар  чунин  бошад, дар  кабинети  забони  тоҷикӣ  боз  бист  калимаи  дигари  англисӣ  овезонанд,  то  пайдо  кардани  китоби  дарсӣ онҳоро ба  талабагон  омӯзед, –  гуфт  директори  мактаб.
Ман ин  бист  калимаи  дигари  англисиро  гирифтаму  ногаҳон  аз  кадом  кунҷи  дилам  садое  ба  гӯшам  расид:  «Бо  кадом  виҷдон  ва  салоҳият, бо донистани  40-50 калимаи  англисӣ  даъвои  номи  шарафи  баланди  муаллимӣ  кунӣ!»
Дар  рӯзи  дигар,  саҳари  барвақт,  ба  номи  директори  мактаб  «тибқи  хоҳиши  худам,  маро  аз  кор  озод  кунед»  ариза  навиштаму  аз  кор  рафтам,  агарчи кори дигаре пайдо накарда будам.

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: