Аз ҳаёти нависандагони бузург

ПАРЕШОН-ХОТИРӢ

Марк Твен бар асари парешонхотирӣ зуд-зуд ба ҳолати ногувор меафтод. Боре ӯ савори поезд ба самте мерафт, ки кондуктор барои тафтиши чиптаҳо вориди купе гардид. Нависанда, ба мақсади нишон додани чипта, кисаҳояшро ба тагурӯ кардан даромад, вале наёфт. Кондуктор, ки ӯро мешинохт, гуфт:
— Хиҷолат накашед, вақти ба қафо баргаштани ман чиптаро нишон медиҳед. Агар шумо онро пайдо накардед, ҷойи хиҷолату пушаймонӣ нест. Зеро чунин ҳолат рух дода меистад.
— Не, шумо чиҳо мегӯед, — эътироз кард Марк Твен. — Ман бояд чиптаро пайдо кунам. Вагарна чи хел медонам, ки ба куҷо рафта истодаам?!

ИЛТИФОТ

Марк Твен бо хонуме, ки чеҳраи на он қадар дилкаш дошт, суҳбат мекард. Дар рафти суҳбат тасмим гирифт, ки ба ӯ илтифот кунад, гуфт:
— Шумо хонуми дилрабоед.
Хонум ҷавоби дурушт дод:
— Вале ман наметавонам нисбати шумо чунин бигӯям.
Марк Твен бо табассум посух дод:
— Шумо саъй бинамоед, ки мисли ман дурӯғ гӯед.

Тарҷума ва таҳияи 
Комрони ҲАКИМПУР.

 

 


Ганҷи ороста

Ҷалолуддин БАЛХИИ РУМӢ 
(1207 — 1273)

ДУ ҒАЗАЛ

Набошад айб пурсидан, туро хона куҷо бошад?
Нишоне деҳ, агар ёбем, он иқболи мо бошад.
Ту хуршеди ҷаҳон бошӣ, зи чашми мо ниҳон бошӣ,
Ту худ инро раво дорию он гаҳ ин раво бошад?
Нагуфтӣ, ман вафо дорам, вафоро ман харидорам.
Бубин дар ранги рухсорам, бияндеш, ин вафо бошад?
Биё, ай ёри лаълинлаб, дилам гум шуд аз ин қолаб,
Дилам доғи шумо дорад, яқин пеши шумо бошад.
Дар ин оташ кабобам ман, хароб андар харобам ман,
Чӣ бошад, ай шаҳи хубон, тане, к-аз сар ҷудо бошад?
Бугуфтам: ай дили мискин, ҳазар кун з-оташи пуркин,
Биё, бар ҷойи худ биншин, дилам гуфто: хато бошад!
Дили ман дар фироқи ҷон чу мори сарзада печон,
Ба гирди нақши ту гардон мисоли осиё бошад.
Харидӣ хонаи дилро, дил они туст, медонӣ,
Ҳар он чӣ ҳаст дар хона, аз они кадхудо бошад.
Қумоше, к-они ту набвад, равон андоз аз хона,
Даруни Масҷид-ул-ақсо саги мурда чаро бошад?
Фурӯ бастаст тадбирам, биё, ай моҳи шабгирам,
Бипурс, ай шоҳи Кашмирам, касеро, к-ошно бошад.
***
Ай ошиқон, ай ошиқон, ман хокро гавҳар кунам,
Ай мутрибон, ай мутрибон, 
даффи шумо пурзар кунам.
Ай ташнагон, ай ташнагон, имрӯз саққоӣ кунам,
В-ин хокдони хушкро ҷаннат кунам, кавсар кунам.
Ай бекасон, ай бекасон, ҷоъалфараҷ, ҷоъалфараҷ,
Ҳар хастаи ғамдидаро султон кунам, санҷар кунам.
Ай кимиё, ай кимиё, дар ман нигар, зеро ки ман
Сад дайрро масҷид кунам, сад дорро минбар кунам.
Ай кофарон, ай кофарон, қуфли шуморо во кунам.
Зеро ки мутлақ ҳокимам, муъмин кунам, кофар кунам.
Ай булало, ай булало, муми ту андар каффи мо,
Ханҷар шавӣ, соғар кунам, соғар шавӣ, ханҷар кунам.
Ту нутфа будӣ, хун шудӣ в-он гаҳ чунин мавзун шудӣ,
Сӯйи ман о, ай одамӣ, то з-инт некӯтар кунам.
Ман ғуссаро шодӣ кунам, гумроҳро ҳодӣ кунам,
Ман гургро Юсуф кунам, ман заҳрро шаккар кунам.
Ай сардеҳон, ай сардеҳон, бикшодаам з-он сар даҳон,
То ҳар даҳони хушкро ҷуфти лаби соғар кунам.
Ай гулситон, ай гулситон, аз гулситонам гул ситон,
Он дам, ки райҳонҳотро ман ҷуфти нилуфар кунам.
Ай осмон, ай осмон, ҳайронтар аз наргис шавӣ,
Чун хокро анбар кунам, чун хорро абҳар кунам.
Ай ақли кулл, ай ақли кулл, ту ҳар чӣ гуфтӣ, содиқӣ,
Ҳоким туӣ, ҳотам туӣ, ман гуфтугӯ камтар кунам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: