МУРОҶИАТНОМАИ ГУРӮҲЕ АЗ АҲЛИ ЗИЁИ СӮХ БА МАРДУМИ НОҲИЯ

Ҳамдиёрони азизу арҷманд!

Омӯзгорон ва ходимони тибби ноҳияи Сӯх!
Равшанфикрону равшанзамирон!
Эй, ҳар сӯхие, ки забону миллати худро дӯст медорад!
Мо, як гурӯҳ собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, духтурон ва кормандони идораҳои гуногуни ноҳия бо ташвиши ҷиддӣ ба шумо муроҷиат мекунем. Дар ин рӯзҳои тақдирсоз “Овози тоҷик” ба як бунбасти ҷиддии молӣ рӯ ба рӯ шудааст. Яке аз сабабҳои асосии он кам шудани теъдоди обуначиҳо мебошад.
Соли 1924 ин рӯзнома таҳти сарварии устод Садриддин Айнӣ ва як гурӯҳ равшанфикрони давр дар шаҳри бостонии Самарқанд таъсис дода шуд. Баъдан нашрашро дар шаҳри Тошканд давом дод ва инак 95 сол боз ба сифати минбари ягонаи тоҷикони Ӯзбекистон ва берун аз он интишор меёбад.
Мо барои он бонг мезанем ва аз шумо ба “Овози тоҷик” обуна шавед гуфта даъват менамоем, ки он ҳастии миллати мо дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол аст. Агар мо ин корро накунем, зери нангу номус мемонем. Биёед, ҳама аз як гиребон сар барорему рӯзномаро дастгирӣ кунем, яъне ба он обуна шавем. Дар байни мардуми мо сарватмандони баору номус ҳастанд, бигузор онҳо устодони худ, собиқадорони меҳнат ва шахсони камбизоати равшанфикрро ба рӯзнома обуна кунанд. Ин кори савоб аст!
Сониян, дар Сӯх аҳли қалам низ зиёданд, ки асарҳои назмиву насрӣ менависанд. Мо намедонем, ки чаро онҳо ба ҷойи пешсаф шудану дигаронро ба обунашавӣ даъват кардан суханҳои беҳуда мегӯянд.
Биёед, вақтро аз даст надиҳему сарҷамъона ба “Овози тоҷик” обуна шавем. Нангу ору номуси худро ҳимоя кунем.
Дар ин бора ҳайати таҳририяти «Овози тоҷик» низ муроҷиатнома интишор кардааст («Нагузоред, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» пӯшида шавад», «Овози тоҷик», 1.I. с.2020, № 1). Онро ҳам бояд дастгирӣ кунем.
Бо эҳтиром: Камолиддин Азизов, Воҳидҷон Ақрабов, Амонҷон Фармонов, Воҳидхон Камолов, Зоҳир Султонов, Субҳоналӣ Нишонов, Мирзоҷон Исоев, Авазҷон Назарқулов, Муродҷон Темиров, Саврор Эназаров, Равшанҷон Муъминҷонов, Расулбек Гадоев, Раҳимбердӣ Тошматов, Фарҳодҷон Ҷӯраев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: