Муҳтарам ҷаноби Раис Абдулло Шоҳид!
Муҳтарам ҷаноби Раис Абдулло Шоҳид!
Муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ Антониу Гутерриш!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама шумо, ҷаноби Антониу Гутерришро ба муносибати дубора ба вазифаи Котиби генералӣ интихоб гардидан самимона табрик менамоям.
Имрӯз инсоният дар марҳалаи гардиши тараққиёти худ қарор дошта, хусусияти муносиботи байналхалқӣ куллан тағйир меёбад.
Таҳдидҳои фаромиллӣ ба сулҳ, бехатарӣ ва рушди устувор тезутунд гардида, тағйироти иқлим меафзояд, мавҷҳои муҳоҷирати оммавӣ зиёд мегардад, арзишҳои анъанавӣ аз даст мераванд.
Бовар дорам, ки дар ин шароити мураккаб нақш ва аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он меафзояд.
Дар ин ҷараёнҳои муҳим, ки бо сарнавишти тамоми ҷаҳон иртибот дорад, маҳз Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ нақши пешсафиро дар даст дошта, фаъолияти худро бо муҳтавои сифатан нав пурра месозад.
Мо кӯшиши Котиби генералиро, ки ба мустаҳкам намудани ҳамбастагӣ ва ягонагӣ дар низоми муносиботи байналхалқӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти Созмон нигаронда шудааст, дастгирӣ менамоем.
Муҳтарам иштирокдорони сессия!
Имрӯз дар маркази диққати мо нафақат оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, балки натиҷаҳои ҷамъиятиву сиёсии пандемияи КОВИД-19, ки ваҷҳи фоҷиаи миқёси сайёра гаштааст, ҳанӯз боқӣ мемонад.
Мо комилан бархурди Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи фароҳам овардани имконот барои таъмини дастрасии баробар ва тақсими боадолати ваксина дар асоси принсипи «ҳеҷ касро дар ақиб нагузошта» дастгирӣ менамоем.
Аз фурсат истифода намуда, ба шарикони хориҷӣ барои мадади амалӣ дар доираи платформаи Дастрасии ҷаҳонӣ ба ваксина – КОВАКС миннатдорӣ изҳор менамоям.
Мо ҷонибдори минбаъд пурзӯр намудани нақши танзимкунандаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бобати муқовимати босамар бар зидди пандемия ва эътирофи байналхалқии натиҷаҳои ваксинатсия ҳастем.
Матни Кодекс дар бораи ӯҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳо дар давраи пандемия, ки он аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳия гардида, ба сифати ҳуҷҷати расмии Ассамблеяи Генералии СММ паҳн карда шудааст, саҳми амалии мо ба ин кор ба шумор меравад.
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!
Ислоҳоти демократии доманфарох ва муттасиле, ки дар солҳои охир дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, имрӯз хусусияти бебозгаштро соҳиб гардид.
Меҳвари бозсозиҳои демократии моро таъмин ва ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ташкил менамояд.
Мо дар заминаи таъмини озодии баён ва воситаҳои ахбори оммавӣ, дин ва эътиқод, баробарии ҷинсӣ ва мусолиҳаи байнимиллӣ қадамҳои қатъӣ мегузорем.
Бори аввал дар таърихи худ Ӯзбекистон чун узви Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар интихоб гардид.
Бо мақсади муттасил идома додани маҷрои ислоҳот мо Стратегияи Ӯзбекистони навро таҳия намудем.
Моҳияти ин Стратегияро пурзӯрсозии нақши институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, коҳиши қашшоқӣ, таъмини ҳар як инсон бо манбаи даромади кафолатнок ва дастёбӣ ба рушди босуботи экологӣ ташкил медиҳад.
Мақсади асосиамон то соли 2030 ба сафи давлатҳо бо дараҷаи даромадаш ба ҳар сари аҳолӣ бештар аз ҳисоби миёна дохил шудан аст.
Махсус бояд таъкид кард, ки ин азми мо ба Мақсадҳои рушди устувори СММ то соли 2030 мутобиқат менамояд.
Дар Тошканд баргузор намудани Конфронси байналхалқиро бахшида ба омӯзиши мушкилоти барқарорсозии иқтисодиёти ҷаҳон ва ҳамчунин таҷрибаи пешқадам дар бобати коҳиши қашшоқӣ дар давраи пас аз ковид пешниҳод менамоем.
Тавре ки маълум аст, дар мамлакати мо Конфронси ҷаҳонӣ дар заминаи ҷалб намудани ҷавонон ба ҳаракати ҷаҳонӣ бомуваффақият баргузор гардид.
Кӯшишамонро дар ин самт идома дода, мо дар Ӯзбекистон, дар шаҳри қадимаи Самарқанд Форуми ҷаҳонии таълимро дар доираи гуфтугӯҳо дар бораи ҳуқуқи инсон, ки дар ин ҷо мунтазам баргузор мегардад, ташкил менамоем.
Дӯстони азиз!
Мо минбаъд низ муҳити сиёсии нави ҳусни тафоҳум ва эҳтиром, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мустаҳкам хоҳем кард.
Вазифаи муҳими мо – Осиёи Марказиро ба минтақаи шукуфон ва устувор рушдкунанда, фазои эътимод ва дӯстӣ табдил додан аст.
Аз ин рӯ мо ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва минтақаҳои наздик аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем.
Мо ташаббускори қабул намудани резолютсияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мустаҳкамсозии равобити байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳастем.
Бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки Афғонистон ҷузъи ҷудонопазири Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Дар барқарорсозии сулҳ ва оромӣ дар ин мамлакат нафақат мо – мамлакатҳои ҳамсоя, балки тамоми ҷаҳон манфиатдор аст.
Ӯзбекистон ба мардуми Афғонистон ҳамеша мадади назаррас мерасонад.
Ба қарибӣ мо сарҳади байни Ӯзбекистону Афғонистонро кушодем ва гузоштани маҳсулоти муҳими озуқаворӣ, маҳсулоти нафт ва электроэнергияро барқарор намудем.
Дар шароити имрӯзаи мураккаб ба ҷудосозии Афғонистон, танҳо мондани онро дар рӯ ба рӯ бо мушкилоти мавҷудаи зиёд набояд гузошт.
Тавре ки маълум аст, соли гузашта аз ин минбари баланд мо дар назди СММ ташкил намудани кумитаи доимоамалкунандаро оид ба Афғонистон пешниҳод намуда будем.
Бовар дорам, ки дар масъалаи Афғонистон нақши Созмони Милали Муттаҳид бояд пурзӯртар гардад ва садои он нисбат ба дигар даврҳо баландтар танин андозад.
Таҳдиду муноқиша ва ангезаҳои фаромиллӣ, ки меафзоянд, минбаъд мустаҳкам намудани ҳамкории байналхалқиро тақозо дорад.
Бешубҳа, ба ин моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор гардидани Конфронси байналхалқӣ бахшида ба 10-солагии қабул гардидани Нақшаи муштараки ҳаракат дар доираи татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ хидмат хоҳад кард.
Дар доираи чорабиниҳо якҷоя бо Садорати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ба имзо расидани Барномаи минтақавӣ барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022-2025 барои кор дар ин самт заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.
Дар идомаи кӯшишоти мо бо Садорати мазкури СММ азм дорем, ки Нақшаи ҳаракати муштараки зидди маводи мухаддирро таҳия намоем, ки мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро фаро мегирад.
Муҳтарам иштирокдорони сессия!
Ӯзбекистон ба масъалаҳои мубориза бо тағйироти иқлим, ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Ин қарзи инсонии мо дар назди насли имрӯз ва оянда аст.
Аз фурсат истифода намуда, ба давлатҳои аъзо барои моҳи майи соли ҷорӣ қабул намудани Резолютсияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ дар бобати ҳудуди ҳавзаи Аралро минтақаи инноватсия ва технологияи экологӣ эълон намудан миннатдории амиқ изҳор менамоям.
Мо азми қатъӣ дорем, ки ба мақсадҳои муоҳидаи Париж бирасем.
Мо дар бобати гузаштан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия чорабиниҳои амиқ меандешем.
Аз он ҷумла, то соли 2030 нақша дорем, ки самаранокии энергетикии иқтисодиётамонро 2 баробар афзуда, саҳми энергияи барқароршавандаро то 25 фоиз расонда, нақлиёти тозаи экологиро тараққӣ диҳем.
То соли 2025 ба баҳрабардорӣ андохтани нерӯгоҳҳои барқии нави офтобӣ ва шамол ба иқтидори умумии 2900 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2022 дар минтақаи ҳавзаи Арал, маҳз дар шаҳри Нуқус, мо дар ҳамкорӣ бо СММ ният дорем, ки анҷумани байналхалқии дараҷаи баландро доир ба энергетикаи «сабз» баргузор намоем.
Қабули Барномаи ҷаҳониро дар чорчӯбаи гуногунии биологӣ дар истиқболи наздик дастгирӣ менамоем.
Омодаем, ки дар мамлакатамон яке аз ҷамъомадҳои Ҷонибҳои Конвенсияро дар бораи гуногунии биологӣ баргузор кунем.
Дар қатори ин бо мақсади муҳокимаи муфассали афзалиятҳои сиёсати ҷаҳонии экологӣ мо пешниҳод менамоем, ки соли 2023 дар Ӯзбекистон зери шафоати Созмони Милали Муттаҳид Ассамблеяи шашуми СММ оид ба муҳити зист дар дараҷаи баланд баргузор карда шавад.
Иштирокдорони Ассамблея имконоте хоҳанд дошт, ки бевосита бо вазъияти мураккаби минтақаи ҳавзаи Арал шинос гарданд ва хулоса кунанд, ки ба туфайли хушкидани баҳри Арал маркази фоҷиаи экологӣ гаштааст.
Ғайр аз ин дар Ассамблея мо ният дорем, ки ташаббусро дар бораи таҳияи Хартияи ҷаҳонии экологӣ пешниҳод кунем, ки он барои гузоштани таҳкурсии сиёсати нави экологии Созмони Милали Муттаҳид нигаронда шудааст.
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!
Ӯзбекистон барои рушди шарикии муфиди тарафайн, дарозмуддат ва бисёрҷанба бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои ҷаҳонӣ омода аст.
Бовар дорам, ки мо минбаъд низ ҳамкории зичамонро мустаҳкам менамоем, ки ба рушди бехатар ва суботнок ва инчунин сохтмони ояндаи фараҳнок нигаронда шудааст.
Барои эътиборатон ташаккур.