Боиси хушнудист, ки бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон дар қатори дигар соҳаҳо хоҷагии қишлоқ бо суръати баланд ривоҷу равнақ меёбад.
Мувофиқи маълумотҳои Садорати омори вилояти Самарқанд дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқи вилоятамон 51 триллиону 216,4 миллиард сӯмро ташкил кардааст, ки нисбати соли 2022 қариб 5 фоиз зиёд мебошад.
Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону сифатноки озуқаворӣ дар вилояти Самарқанд як қатор лоиҳаҳо ба ҳаёт татбиқ мегарданд.
Танҳо соли гузашта барои коркарди маҳсулоти полизӣ, боғу ток ва дар яхдонҳо нигоҳ доштани онҳо 28 лоиҳаи ҷолиби диққат бо арзиши 535,5 миллион сӯм амалӣ шуда, 841 нафар бо меҳнати фоидабахш банд гардиданд.
Дар соли сипаришуда аз ҷониби хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва хонадонҳо 3,4 миллион тонна картошка, маҳсулоти сабзавот, полизӣ, мева, ангур ва ғайра истеҳсол шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки барои сарфаи об аз усулҳои чакраобдиҳӣ пурсамару фоидабахш истифода мебаранд. Дар вилоят 21 ҳазору 600 гектар замин бо чунин ҷараён обёрӣ карда шуд, ки барои сарфаи об ниҳоят фоидабахш аст. Барои пешрафти соҳаи мазкур аз ҷониби давлат субсид дода мешавад, ки ҳосилнокии кишоварзӣ сол то сол меафзояд. Дар ноҳияҳои Ҷомбой, Самарқанд, Нарпай, Каттақӯрғон, Иштихон обёрӣ бо агрегатҳо ба роҳ монда шуда, таҷрибаи онҳо ба дигар минтақаҳо паҳн мегардад.
Воқеан, фасли зимистон – фасли таҷрибаомӯзӣ гардида, барои фермерҳо, деҳқону боғбонҳо олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва вилояти Самарқанд дарсҳои маҳорат ташкил медиҳанд. Аксари машғулот дар саҳро баргузор мегардад, ки ин назарияро бо амалиёт пайвастан аст.
Имрӯзҳо деҳқонон барои ҳосили фаровон гирифтан аз ғалла ба заминҳои киштшуда ғизои минералӣ медиҳанд. Инчунин, таъмири комбайн, трактор ва дигар техникаи хоҷагии қишлоқ низ муташаккилона идома дорад. Зеро кишоварзӣ омили тараққиёту фаровонӣ аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.