Дар зиндагӣ баъзан ибораи «обу ҳаво»-ро бисёртар ба забон меорем.
Ин аз чӣ қадар неъмати бебаҳо будани об дарак аст. Дарвоқеъ, об манбаи ҳаёт аст ва инсон ҳаёташро бе об тасаввур карда наметавонад.
Маълум аст, ки 71 фоизи кураи Заминро об иҳота намуда, танҳо 2 фоизи онро оби нӯшокӣ ташкил медиҳад. Таъмин бо оби нӯшокӣ бошад, яке аз масъалаҳои муҳими башар ба шумор меравад.
Оби дарёи Тӯпаланг бо софию зулолии худ машҳур дар кишвар аст. Ояндаю равандагон вақте аз болои кӯпруки дарёи Тӯпаланг мегузаранд, андаке таваққуф намуда, аз оби ширини он нӯши ҷон менамоянду баъд роҳи худро идома медиҳанд. Вале афсӯс, ки баъзеҳо ба ин неъмати бебаҳо хунукназарона муносибат менамоянд, ки алҳол ба ин диққати шуморо ҷалб намуданием.
Имрӯзҳо дар маҳаллаи Себзори деҳаи Сариҷӯй қабристоне вуҷуд дорад, ки алҳол ба партавгоҳ табдил ёфтааст ва он боиси таассуф мебошад. Ба андешаи мо қабристонро, ки «водии хомӯшон» низ мегӯем тозаву озода нигаҳ доштан вазифаи ҳар фарди солимфикр мебошад. Вале бояд гуфт, ки дар оғози фасли баҳорон селобае, ки меояд, ҳамаи ин партовро, ки дар наздикии дарёи Тӯпаланг ҷойгир аст, шуста ба дарё мебарад. Айнан чунин ҳолат дар деҳаи Навободи ҳамин маҳал низ ҳукмфармост.
Бояд бигӯям, ки наздикии санги Тешиктош, ки дар соҳили дарёи Тӯпаланг воқест, ба партовгоҳ табдил ёфтааст. Инчунин шоҳиди он гаштаем, ки мошинҳое, ки ба тарафи обанбори Тӯпаланг равуо доранд, партовро аз куҷое бор карда меоранду ба соҳили дарёи Тӯпаланг холӣ намуда, баъд аз он роҳи худро идома медиҳанд.
Ёдрас менамоем, ки об беҳтарин мӯъҷизаи табиат аст. Роҳбарони маҳаллӣ ва шуъбаи назорати санитарии ноҳия бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд ва набояд соҳили дарёи Тӯпаланг ба партовгоҳ мубаддал гардад.
Бо ин гуфтанием, ки тозаву озода нигаҳ доштани ҷою макон ва маҳалли зист яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванд бояд бошад. Агар ҳамин тавр аст, пас биёед, баҳри муҳофизати табиати гирду атроф ҳамеша дар талошу ҳаракат бошем. Аз ҳама муҳимаш, об, дарё ва соҳилҳои онро ҳамеша тозаву озода нигаҳ дорем. Беҳуда «обу рӯшноӣ» нагуфтаанд.
Абдуҷамил ОЛИМОВ,
нафақахӯр,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.