ПРЕЗИДЕНТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР БОҒИ НАВ ШИНОС ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 9 июл бо рафти корҳои созандагие, ки дар ҳудуди боғи «Ӯзбекистони нав» амалӣ мегарданд, шинос шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев 9 июл бо рафти корҳои созандагие, ки дар ҳудуди боғи «Ӯзбекистони нав» амалӣ мегарданд, шинос шуд.
Пойтахтҳои кишварҳои пешрафта натанҳо бо биноҳо ва иншоотҳои худ, ки барои зиндагӣ ва кор имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд, балки бо боғҳои зебо ва бароҳати худ барои истироҳати мардум шуҳрат доранд. Зеро онҳо ба кишвар зебоӣ мебахшанд ва яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати зиндагӣ мебошанд.
Дар солҳои охир дар мамлакати мо инчунин ба васеъ гардондани минтақаҳои сабз ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати пурмазмуни халқ диққати махсус дода мешавад. Миқёси сохтмон, хусусан дар пойтахт, ки тадриҷан ба мегаполиси азим табдил меёбад, рӯз аз рӯз васеъ мегардад.
Боғи зебоманзаре, ки бо ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар шафати шаҳри Тошканд бунёд меёбад, натанҳо ба макони истироҳат ва маънавият, балки ба маҷмӯе табдил хоҳад ёфт, ки дар худ таърихи бисёрасринаи бузурги давлатдории миллии моро таҷассум менамояд.
1 майи соли равон дар боғи «Ӯзбекистони нав» аввалин ниҳолҳо шинонда шуда, кабудизоркунии ҳудуд оғоз ёфта буд.
Ҳамон вақт Президент аҳамияти таърихиву ғоявии ин боғро қайд кард, ки зеро маҳз дар ин ҷо маҷмӯи «Истиқлол» бахшида ба 30-солагии  истиқлолияти мо сохта мешавад.
Консепсияи боғ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ӯзбекистонӣ ва хориҷӣ таҳия шудааст. Он дар худ таърихи давлатдории миллӣ, саъю кӯшишҳои имрӯзаи халқи мо ва мақсадҳои Эҳёи сеюмро таҷассум менамояд. Намуди умумии боғи майдонаш 104 гектар шакли панҷ шохаи дарахти ба самтҳои Стратегияи амалиёт монандро хоҳад дошт. Дар ин ҷо боғи боҳашам бо чунин дарахтони ороишӣ аз қабили шоҳбулут, булут, заранг, сафедор, дарахтони лола, ёс, бутта ва гулҳо доман хоҳад густурд.
Имрӯзҳо дар ин ҷо корҳои васеъмиқёси сохтмонӣ ва ободонӣ идома доранд. Зиёда аз ду ҳазор нафар бинокорон ва коргарон, беш аз 200 адад техникаи махсус ҷалб карда шудааст. Дар ҳудуди боғ маҷмӯи «Истиқлол» бунёд меёбад. Иншоот таҷассуми қиёфаи нави Ӯзбекистон мегардад. Дар айни замон таҳкурсии ин иншооти азим гузошта шуда, насби басти пӯлодии он оғоз ёфт.
Президент Шавкат Мирзиёев бо корҳои сохтмоние, ки дар ин ҷо гузаронда мешаванд, шинос шуд.
Инчунин дар майдони беш аз як гектар амфитеатри дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад. Дар оянда дар ин ҷо ҷашнҳои миллии идона, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мешаванд. Маҷмӯъ бо низоми замонавии равшанидиҳӣ ва акустика муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ҳоло дар ин ҷо минбари тамошобинон насб карда, чаҳорчӯбаи саҳна шинонда шудааст.
Ба сарвари давлат дар бораи сохтмони маҷмӯи «Истиқлол» ва амфитеатр маълуот дода шуд.
Дар боғ инчунин кӯли сунъӣ бо масоҳати 6 гектар, майдончаҳои варзишӣ ва бачагона, сайру гашт ва фаввораҳо бунёд карда мешванд. Имрӯзҳо майдончаҳои сохтмонӣ омода шуда, системаҳои обёрӣ ва заҳкашӣ сохта мешаванд.
Сарвари давлат инчунин ниҳолҳои дарахтони ороиширо, ки дар боғ шинонда мешаванд, аз назар гузаронд.
Дар қаламрави шафати боғ воқеъ дар ҳамон ноҳияи Қибрай сохтмони шаҳраки олимпӣ, донишгоҳ, клиника, муассисаҳои савдову фароғатӣ идома доранд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: