ПЕРОМУНИ КОРҲОИ НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ

Мухбирамон дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи XV байналхалқии синамои Тошканд таҳти унвони «Марвориди роҳи абрешим» бо директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, ки барои ширкат дар он омадааст, суҳбат орост.

 Муҳтавои ин суҳбат тақдими шумо, муштариён, мегардад.
– Қабл аз он ки дар бораи корҳои омодашавӣ барои наворбардории филми ҳунарии «Дурахши ахтарон» суҳбатамонро шурӯъ кунем, ки ба ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст, оиди ширкати синамогарони тоҷик дар Ҷашнвораи XV байналхалқии синамои Тошканд чанд сухан мегуфтед.
– Тоҷикистон дар ин ҷашнвора танҳо бо як филми ҳунарӣ ширкат намуд. Он филми коргардони ҷавони мо Муҳиддини Музаффар ба номи «Дов»(Фортуна) мебошад, ки нахустнамоиши он дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Филм соли 2022 дар номинатсияи  «Беҳтарин филми ҳунарӣ» Ҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»-ро ба даст овардааст.  Инчунин дар 28-умин Фестивали байналхалқии филмҳои Калкутта дар номинатсияи «Филми беҳтарин» соҳиби ҷоизаи «Netpac» шудааст. Соли равон  зимни баргузории  Фестивали XIX байналхалқии филмҳои мамолики мусулмонӣ дар Қазон дар номинатсияи  «Беҳтарин сенарияи филми бадеии пурраметраж»  соҳиби ҷоизаи хос гардидааст. 
– Дар бораи ин филм чиҳоро метавон илова кард?
– Филми «Дов»-и Муҳиддини Музаффар дар Муассисаи давлатии «Суғдсинамо»-и ба номи Комил Ёрматов ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст, дар 41-умин ҷашнвораи байналмилалии «Фаҷр»-и Эрон мавриди муаррифӣ қарор гирифт ва таваҷҷуҳи продюсерҳо ва мутахассисони филми хориҷиро ба худ ҷалб кард. Дар ин филми ҳунарӣ нақшҳои асосиро ҳунарпешагони театру синамо Абдулмуъмин Шарифӣ, Салоҳиддин Шукурзода, Фирӯза Раҳмонова, Аҳмад Қутбуддин, Исфандиёр Ғуломзода ва ҳунарпешаи наврас Хушрӯз Эргашев иҷро кардаанд. Коргардон ва таҳиягари филми «Дов» Муҳиддини Музаффар соҳиби нишони «Аълочии киноматографияи тоҷик» мебошад. 
– Акнун суҳбатамонро дар бораи филми дуқисмии «Дурахши ахтарон» давом диҳем. Ҳоло Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кадом нуқтаи кор қарор доранд.
– Бояд гӯям, ки мо қаблан дар бораи ба навор гирифтани филми муштарак дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ду алломаи бузург – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстиву рафоқати тоҷикону ӯзбекон Меморандум имзо кардаем. Ин филм бо дастур ва пешниҳоди сарварони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба навор таҳия ва мавриди наворбардорӣ қарор хоҳад гирифт. Мо дар ин робита корҳои омодагириро қариб ба анҷом расонидем. Аз ҷумла, сенарияи ин филм ва корҳои режиссураи он низ дар арафаи ба анҷом расонидан мебошад. То кунун афроде, ки маҳз барои офариниши ин филми таърихӣ вобаста карда шудаанд, ба шаҳрҳои Тошканду Душанбе 14 сафари корӣ анҷом додаанд.
– Ин филм дар кадом минтақаҳои ду кишвар ба навор бардошта мешавад?
– Пешбинӣ шудааст, ки лаҳзаҳои банаворгирии филм дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хива ва чанд минтақаи дигари Ӯзбекистон ва вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, кишварҳои Туркияву Эрон ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Барои ҳамин аъзои гурӯҳи муштараки ду кишвар, ки ҳудудан аз 12 нафар коргардонҳову наворбардорон ва рассомон иборатанд,  аллакай ба Туркия сафар намудаанд ва ҷойҳои наворбардорӣ дар ин кишварро муайян кардаанд. Ба наздикӣ ин гурӯҳ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар хоҳад кард, то ки як қатор масоили марбут ба корҳои наворбардориро ҳаллу фасл кунад.
– Нақшҳои асосӣ ва дувумдараҷа, эпизодиро киҳо бозӣ хоҳанд кард?
– Дар ин маврид кастинг гузаронида мешавад ва тибқи натиҷагирии он нақшҳо ба ҳунарпешаҳо тақсим карда хоҳанд шуд. Ҳоло барои баргузории кастинг як ҳайат ташкил гардидааст, ки аз роҳи интихоб ҳунарпешаҳоро барои бозидани нақшҳои филм муайян хоҳад кард.
– Офаридани чунин филм интихоби либосҳои махсусро низ тақозо менамояд?
– Бале. Он давру замон қаҳрамонҳои филм бояд дар ҳамон либос рӯйи саҳнаи банаворбардорӣ ҳозир шаванд, ки баъдан мавриди эътирози касе қарор нагирад. Ин ҳам яке аз масъалаҳои муҳимест, ки гурӯҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон машғул ба он мебошад ва баъд барои дӯхтани он фармоиш медиҳанд.
– Дар бораи забони филм пурсидан мехоҳам. Яъне ҷараёни филмбардорӣ ба кадом забон сурат хоҳад гирифт?
– Қарор аст, ки филм ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ ба навор бардошта мешавад. Барои ҳамин ғайр аз мутахассисони худамон ба ин кор аз хориҷа низ мутахассисон ҷалб карда хоҳанд шуд, то ки мазмун ва мундариҷаи филм ба талаботи замон пурра ҷавоб дода тавонад.
– Дар бобати таъминоти молии ин филм чӣ метавон гуфт?
– Вақте ки ҷойҳои филмбардорӣ аниқ гардиданд, дар он сурат мутахассисон ба сметакунии ин филми ҳунарӣ мепардозанд. Зеро ҳар як сафари дастандаркорони филм, лаҳзаҳои банаворбардорӣ ва тамоми хароҷоти дигар дақиқкориро талаб мекунад. Перомуни он низ чанд кори муқаддамотӣ анҷом дода шудаанд. Қобили қайд мебошад, ки то охири сол чунин корҳои омодагирӣ бояд ба нуқтаи ниҳоӣ бирасанд.
– Ҳар як филм дар маҷрои худ фаслҳои солро низ дорад. Дуруст?
– Бале. Ба хотири он ки воқеаҳои ҳамон давра дар ин филм дуруст инъикос карда шаванд, пешбинӣ шудааст, ки ба корҳои банаворбардорӣ дар фасли баҳори соли оянда ҳусни оғоз мебахшанд ва дар фаслҳои баъдина онро давом медиҳанд.     
– Дар бораи худи ин лоиҳа чанд сухан мегуфтед.
– Ин лоиҳа тараннумгари рамзи дӯстии ду алломаи бузург – Ҷомӣ ва Навоӣ мебошад. Дар филми «Дурахши ахтарҳо» дӯстиву рафоқати ду халқи бумии Осиёи Марказӣ акс ёфтааст, ки дар таърих ва рушди тамаддуни он мавқеи беназирро касб намудаанд. Ин ду шахсияти бузург ҳалли ҳар гуна низоъ ва ташаннуҷ ва дастрасӣ ба сулҳу мадороро ҳамеша аз роҳи маърифат талқин ва тарғиб кардаанд.

Суҳбатнигор
 Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: