ДАР КИШВАРИ БЕГОНА

(Ҳикоя)

Эрнест ҲЕМИНГУЭЙ


Фасли тирамоҳ ҷанг ҳанӯз идома меёфт, аммо барои мо – маҷрӯҳон тамом шуда буд. Тирамоҳи Миланшаҳр сард аст ва зуд шом мефарояд. Дар қади роҳҳо чароғҳои барқӣ фурӯзон гашта ва аҷаб лаззатбахш буд, ки дар чунин ҳангом ба сайри кӯчаҳо бароӣ, растаҳоро аз назар гузаронӣ. Дар берун, назди мағозаҳо, ба миқдори зиёде ҳайвоноту паррандагони шикоршуда овезон буданд. Ба пӯсти рӯбоҳон барф нишаста ва мӯинаи думи онҳо дар дами шамол пуфаквор дам кардаву гӯё як навъ ҷон мегирифт. Ронҳои чок-чоку тамизшуда ва ниҳоят яхбастаи оҳувон то худи замин овезон меистоданд, аммо шамол ҷисми кӯчаки паррандагони сайдшударо низ  алвонҷ медод ва боли онҳо аз нафаси хунуки бод парешон мегашт. Тирамоҳи сарде ҳукм меронд ва аз оғӯши кӯҳҳо шамол хеставу нофор мевазид.
Ҳамаи мо рӯзмарра ба ҳоспитал меомадем. Ба ин ҷо аз шаҳр бо роҳҳои мухталиф расидан мумкин буд. Ду ҷода лаб-лаби наҳрак мебурд, аммо он хеле дур буд. Барои ба ҳоспитал расидан яке аз пулҳои болои ин наҳракро убур кардаву баъд ба манзили мурод метавон пайваст. Се пул болои рӯдак насб шудаанд. Дар болои яке аз онҳо зане нишаставу меваи дарахти шоҳбулут мефурӯхт. Атрофи манқали ӯ гармакак буд. Меваи шоҳбулут ҳам дар ҷайбҳо ба дарозо гармакак меистод. Бинои ҳоспитал қадимисохт буда, хеле зебост ва мо аз як дарвоза ворид шуда, ҳавлиро гузаштаву аз дарвозаи дигари шафати муқобил мебаромадем. Дар рӯйи ҳавлии он қариб мунтазам ба маросими видоъ ва роҳи охират гусел намудани нафаре дучор меомадем. Дар қафои ин бинои қадима иморатҳои нави хиштӣ қад афрохта буданд ва мо ҳар рӯз он ҷо бо ҳам вомехӯрдем, ба ҳамдигар аҷаб рафтори самимӣ доштем – ҳолпурсӣ кардаву ба таҷҳизоти тиббие менишастем, ки онҳо умеди моро ба ояндаи нек тақвият медоданд.
Ба дастгоҳе, ки ман менишастам, табиб наздик шуда, пурсид:
– То ҷангҳо шумо бо чӣ машғул будед? Оё бо варзиш сарукор доштед?
– Бале, футбол бозӣ мекардам, – посух гардондам ман.
– Аҷоиб, – гуфт вай пойи маҷрӯҳи маро муоина карда, – акнун шумо аз пештара ҳам беҳтар футбол бозӣ мекунед.
Зонуи ман хам намехӯрд. Поям аз сари зону то худи буҷулакаш хушк шуда буд ва дастгоҳ ҳангоми роҳгардию  дучархаронӣ бояд зонуи маро қату рост карда, маҷбур месохт, ки ба ҳаракат ояд. Аммо вай ҳанӯз хам намехӯрд ва кор то хаму рост шуданаш мерасид, ки дастгоҳ ҳар дафъа аз фаъолият мемонд. Табиб гуфт:
– Ин ҳама мегузарад. Бахти бедоре доред, ҷавони нағз. Шумо боз дар зудтарин фурсат футболбози хубе мешавед.
Дар дастгоҳи бари ман майоре менишаст, ки як дасти чун дасти кӯдакон кӯчаке дошт. Вақте  табиб дасти ӯро байни ду тасма ҷойгиру болою поён ҳаракат дода ва ангуштони ноҷунбонашро бо зарбате маҳин муоина мекард, майор ба ҷониби ман чашмакӣ зада, аз духтур пурсид:
– Духтур, оё ман ҳам футбол бозӣ мекунам?
Майор шамшербози машҳуре буд ва то ҷангҳо аз беҳтаринҳои Итолиё маҳсуб меёфт.
Табиб ба дафтари худ гузашт ва аз он ҷо сурати дасти хушкшудаеро овард, ки қабл аз табобат низ ҳамин хел ба сони дасти майор хурд буда, вале баъди муолиҷа каме калонтар шудааст. Майор бо дасти сиҳаташ суратро гирифт ва дақиқ назар афканд.
– Захми ҷанг? – пурсид ӯ.
–  Ҳодисаи нохуше дар завод, – гуфт духтур.
– Бисёр тааҷҷубангез, бисёр тааҷҷубангез, – гуфт майор ва суратро ба духтур баргардонд.
– Акнун бовар доред?
– Не, – гуфт майор.
Се нафар мизоҷи ба ман ҳамсоле буданд, ки қариб ҳар рӯз ба ҳоспитал меомаданд. Ҳама таҳҷоӣ, яъне зодагони Миланшаҳр мебошанд. Яке аз онҳо вакили мудофеъ (адвокат) шудан мехост, дигаре рассом ва сеюмӣ орзу дошт, ки ҳарбӣ бошад. Пас аз муолиҷа мо баъзан якҷоя ба қаҳвахонаи «Кова», воқеъ дар бари театри «Ла-Скала» медаромадем. Мо, ки чор нафар будем, интихобан аз роҳи кӯтоҳтари мавзеи коргарон мерафтем. Мардуми маҳаллӣ мо – афсаронро хеле бад медиданд ва ҳар гоҳ аз пешашон бигзарем, аз майхонаҳо чунин садо мезаданд: «Abasso gli ufficiali!» («Марг ба афсарон» (итол.) Нафари панҷуме, ки баъзан бо мо аз ҳоспитал ҳамроҳ мегашт, рӯяш бо рӯймолаки сиёҳи бирешимӣ баста буд – вай биннӣ надошт ва бояд табибон чеҳраашро ба ислоҳ меоварданд. Ин ҷавон аз Академияи ҳарбӣ рост ба ҷанг рафта буд ва пас аз як соати ба маҳшаргоҳ ворид шудан, ин ҷароҳат домангираш мешавад. Рӯйи ӯро баъдтар табобат карданд, аммо аз насли ноёбу як тухмаи куҳанбунёде, ки буд, ба ин узви хоса – бинниаш шакли азаливу дилхоҳ дода натавонистанд. Вай ба Амрикои Ҷанубӣ рафт ва дар он ҷо ба хидмати муассисаи бонк даромад. Аммо ин пештар буд ва он замонаҳо нафаре аз мо намедонист, ки минбаъд ҳаёт ба чӣ мароме пеш хоҳад рафт. Танҳо ҳаминро медонистем, ки ҷангҳо ҳанӯз идома доштанд, аммо барои мо он кайҳо ба охиррасида маҳсуб мешуд.
Ҳамаи мо яксон ордене доштем, ба ҷуз ҳамон ҷавон, ки рӯяшро бо рӯймолаки сиёҳи абрешимӣ баста буд. Азбаски вай хеле фурсати кам дар ҷанг буд, барояш орден надода буданд. Ҷавони болобаланди ранги рӯяш хеле сафед, ки адвокат шудан мехост, лейтенанти полки Ардитти буд ва се орден дар бари синааш ҷило медод – чунин орденро мо яктоӣ соҳиб будем. Вай ба дарозо бо марги муфоҷо рӯбарӯ мондааст ва аз шахсони ангуштшуморе буда, даҳшатҳои ҷангро мардонавор таҳаммул кардааст.
(Давом дорад).
Аз русӣ тарҷумаи 
Шариф ХАЛИЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: