ҲОШИМ ГАДОЕВ – ҲУНАРПЕШАИ БЕҲАМТО

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни ташрифи расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқотҳояш ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамкорӣ бобати ба навор гирифтани филми муштарак дар бораи дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ пешниҳоди худро иброз дошт.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни ташрифи расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқотҳояш ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  доир ба ҳамкорӣ бобати ба навор гирифтани  филми муштарак дар бораи дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ  пешниҳоди худро иброз дошт. Сарвари Тоҷикистон аз ин ғоя пуштибонӣ  намуд. Ин иқдом аз ҷониби рӯшанфикрон, алалхусус, устодони кинои ду кишвар бо хушнудӣ қабул гардид. Чанде пеш ин мавзӯъ дар вохӯрии директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода  низ мавриди  баррасӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ки барои татбиқи амалии ин пешниҳоди хеле муфид  ҳоло дар назди  Агентии кинематографияи Ӯзбекистон  гуруҳи эҷодии иборат аз рӯшанфикрони ду кишвар ташкил шудааст. Ногуфта намонад, ки қабл аз сафари расмии Президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои ӯзбек бомуваффақият сурат гирифта буд.  Аз ҷумла, филми бадеии “Илҳоқ”, филмҳои мустанади “Дар зери осмони ягона”, “Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Қалби халқ”  дар кинотеатр ва шабакаҳои телевизион бевосита ба забони тоҷикӣ садо доданд.
Аслан ҳамкории киноэҷодгарони ӯзбеку тоҷик аз солҳои 30-юми асри гузашта оғоз ёфтааст ва  анъанаҳои нек дорад. Дар сари гаҳвораи ин ҳамкорӣ арбоби бузурги кино Комил Ёрматов қарор дошт. Бисёр филмҳои ду кишварро ба забон гирифтан мумкин аст, ки дар онҳо ҳунарпешагони ду  ҷумҳурӣ иштирок намуда, иқтидору маҳорати худро намоиш додаанд ва боиси эътирофи тамошобинони сершумор гардидаанд. Масалан, иштироки ҳунарпешагони Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов ва Сайрам Исоева дар филми “Найрангҳои Майсара” савияи ин филмро хеле боло бурдааст. Ё худ дар филми “Шикорӣ аз Минархар”-и маҳсулоти “Тоҷикфилм” қариб даҳ нафар ҳунарпешагони ӯзбек, мисли Набӣ Раҳимов, Ёдгор Саъдиев, Раҷаб Адашев ва дигарон ҷалб шудаанд. 
Актёри кино ва театр, коргардон, Ҳунарпешаи мардумии   Иттиҳоди Шӯравӣ,  дорандаи Ҷоизаи давлатиии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  Арбоби фарҳанги Тоҷикистон Ҳошим Гадоев ҳам нахустин нақшро дар кино соли 1963 дар  филми “Ситораҳои Улуғбек” бозидааст. Пас аз он ӯ дар беш аз 100 филму спектаклҳои коргардонони тоҷик ва хориҷӣ  нақш офарид. Он гоҳ ӯ хеле ҷавон буд. Соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи Москваро хатм намуда, ба  Театри академиву драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии Душанбе ба кор  оғоз намуд. Дар Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ (он вақт ба номи Пушкин буд) ӯ дар як сол (1960) се асарро ба саҳна гузошт: “Ишқи араб” (П.Мериме), “Бемории ногаҳонӣ” (Ҳ.Содиқ) ва “Иҷоранишин” (Ф.Ансорӣ).  Соли 1964 курси олии режиссёрии ГИТИС-ро ҳам хатм намуд. 
Аммо чун коргардон   хаёл ҳам намекард, ки нақши аввалини киноро дар  филми “Ситораҳои Улуғбек” (Абдулатиф)  бозӣ мекунад.  Коргардони филм  Латиф Файзиев ба ҳунари баланди иҷрои Ҳошими ҷавон қоил шуда, минбаъд ӯро дар филмҳои дигари “Ӯзбекфилм” низ даъват кардааст. 
Моҳи майи соли 1989 Театри академиву бадеии ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе бо сафари ҳунарии якмоҳа ба Тошканд омад, Театри ба номи Ҳамза бошад,  як моҳ ба Душанбе “кӯчид”.  Ман, ки дар Душанбе  спектакли “Эдип”-ро  дида, аз тамошояш ба ваҷд омада будам, хеле мехостам, ки дар саҳнаи Театри ба номи Ҳамзаи Тошканд ҳам онро бубинам. Ҳошим Гадоев ба мусоҳиба барои рӯзнома розӣ нашуд, ӯ боисрор мегуфт, ки дар борааш чизе нанависем.
– Чаро аз суҳбат мегурезед,–  гуфтам ман ҳам бори чандум якравӣ карда.
– Чунки журналистон маро ранҷондаанд, аз ин рӯ  намехоҳам боз ба доми суҳбати баъзан дилхиракунандаи онҳо афтам.
Баъди каме суҳбат пеш аз спектакл  дар толори театр оқибат ба мусоҳиба барои рӯзномаи  “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло «Овози тоҷик») розӣ гардид. Суратгирамон марҳум Неъматҷон Шарипов низ аз пайи кор шуд. Аз мусоҳиба маълум шуд, ки  устодаш  актёр ва  коргардони машҳури шӯравӣ Николай Охлопков, ки драмаҳои “Гамлет” ва   “Отелло”-ро ба саҳна гузоштааст,  ҳангоми донишҷӯӣ ба Ҳошими ҷавон  маслиҳат дода будааст, ки  рӯзе нақши “Эдип”-ро офарад. Ҳошим Гадоев қариб чоряк аср дар орзуи бозидан ва ба саҳна гузоштани “Эдип” буд. Пешгӯии  Н. Охлопков  рост баромад. Ӯ гуфта буд: “Ман шогирди бисёр тарбия кардам, аммо мисли Ҳошим  шогирди боистеъдоду саркашро надидаам. Ҳошим режиссёре  хоҳад шуд, ки  роҳи худро дорад, вай ҳамеша дар ҷустуҷӯ аст”.
Суҳбати мо бо Ҳошим Гадо  дар соҳили дилрабои рӯди Анҳор ва кӯчаҳои зебои Тошканд давом кард.  Ӯ сари ҳар қадам аз дӯстию ҳамкориаш бо устодони санъати ӯзбек,  хусусан Шукур Бурҳонов, Латиф Файзиев, Зикир Муҳаммадҷонов  самимона ҳарф мезад.  Баъди офаридани нақши Абдулатиф  ӯ роли Низомиддинро дар филми “Наташахонум”, Бобои Паштуниро дар “Хизмат ба Ватан”,  Қудратро дар “Бедоршавӣ”  бо маҳорати баланд офарид. Бо Олим Хӯҷаев, Соро Эшонтӯраева, Набӣ Раҳимов  ва дигар устодони кинои ӯзбек маҳфилҳо ороста сазовори  эҳтироми онҳо гардида буд. 
– Боре дар Самарқанд гастрол доштем. Ман дар “Макр ва муҳаббат”-и Шиллер  нақши Фердинандро иҷро мекардам.  Шукур Бурҳонов аз Тошканд ба Самарқанд омада, дар толор нишаста будаанд. Пас аз спектакл гуфтанд: “Ман ҳам ин нақшро бозидаам”.  Пас аз дақиқаи хомӯшӣ бо табассуми малеҳ гуфтанд: “Лекин ту аз ман гузарондӣ”. Ин баҳои актёри забардаст, ман – як актёри ҷавонро рӯҳбаланд кард, ба иҷрои нақшҳои фавқулмураккаб боз ҳам шердилтар намуд”.
Ва ниҳоят Ҳошим Гадоев ба орзуяш расид  Ӯ “Эдип”-ро ба саҳна гузошт ва нақши асосиро худаш бозид. Саҳнаи театри ба номи Ҳамза пас аз вафоти Шукур Бурҳонов солиёни дароз “Эдип”-ро надида буд. Эдипи Ҳ.Гадоев он рӯзҳо аз имтиҳони сахти мутахассисон ва тамошобинон гузашт. 
Соро Эшонтӯраева, ҳунарпешаи халқии СССР зимни суҳбат бо мо чунин гуфта буд:
– Ман ба сифати санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сари таъзим фуруд меорам.
Тӯроб Тӯла, Шоири халқии Ӯзбекистон, он замон директори театри Ҳамза:
– Аз ин саҳна бисёр устодони забардасти санъат, аз қабили Аброр Ҳидоятов, Обид Ҷалилов, Шукур Бурҳонов ҳунарнамоӣ кардаанд.  Ҳошим Гадоев дар ин саҳна бо Эдипаш ҳамаи моро моту мабҳут намуд.
Муҳсин Қодиров, доктори илмҳои санъатшиносӣ:
– Спектакл таҷриба ва маҳорати ғании Ҳошим Гадоевро ҳам дар офаридани симои Эдип ва ҳам дар режиссура собит сохт. 
Ҳамин зайл, мақола дар бораи роҳи зиндагӣ ва  ҳунарии ин марди кор  бо номи “Парвози Ҳошим Гадоев” аз саҳифаи рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ҷой гирифт.  Ногуфта намонад, ки “Эдип”-и ӯ Москваро низ забт карда, ба эътирофи бузургтарин санъатшиносони рус мушарраф гашта буд.
Аммо бояд гуфт, ки Ҳошим Гадоев пеш аз “Эдип” бо образи  Суҳроб дар филми “Рустам ва Суҳроб” (соли 1971) машҳур шуд ва то ҳоло ин филм аз назару баҳои баланди  киношиносону мухлисон дур наафтодааст.  Дар манбаъҳо гуфта мешавад, ки “Ҳошим Гадо барои офариниши нақши Суҳроб дар театр дар адабиёти порсӣ, меъморӣ, пайкарнигорӣ, таъриху фарҳанги асри Фирдавсӣ, тангашиносӣ ва тарроҳии пӯшок пажӯҳиш бурд ва варзишу бадансозӣ карду тану дасту бозуяшро обутоб дод. Ин ҳама сахткӯшии вай натиҷаи бисёр хубе ба бор овард. Мунаққидон ин намоиш ва бозии ӯро чунон хуш пазируфтанд ки аз он замон то кунун филми “Рустам ва Суҳроб” аз беҳтарин филмҳои сохти замони шуравии Тоҷикистон ба шумор меравад. Шаҳбонуи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ, ҳамсари Шоҳи Эрон  Муҳаммадризо Паҳлавӣ аз бозии Ҳошим Гадо ва ҳамкоронаш дар намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» дар Театри Лоҳутӣ мутаассир гашта, гирён ва беҳуш мегардад”.  
Дар аксари нақшҳои мураккаби филмҳо Ҳошим Гадоев вазифаи каскадёриро ҳам бозӣ кардааст. Мегӯянд, ки   ӯ дар “Муҳорибаи се шоҳ” (филми муштараки устодони кинои Ӯзбекистон, Россия, ИМА, Испания ва Марокаш)  тамоми ҳаракатҳои хавфнокро ба ҷои каскадёри амрикоӣ, ки барои иҷрои ин нақш 5 миллион доллар хоста буд, (ҷаҳидан аз баландиии 20 метр ба баҳр) худаш иҷро кардааст. Ин гуна ҳолатро, инчунин ҳангоми иҷрои нақши Ғазанхон дар филми “Ламъаи гулханҳои хомӯш”-и “Озарфилм” ва даҳҳо дигар нақшҳо метавон мушоҳида кард.   Ҳошим Гадо дар олами санъат, бахусус санъати кино ва театр падидаи беҳамто (феномен) аст. Барои ӯро шинохтан киноҳоро бо иштирокаш бояд дид  ва китобҳояшро мутолиа намуд ( ӯ муаллифи беш аз 10 асар мебошад).
Мо дар ин мақола беҳуда аз таърихчаи на он қадар дури ҳамкориҳои ҳунарпешагони ду халқи бародар сухан нарондем. Имрӯз, ки ғояи  наҷибонаи “Ӯзбекистони нав – ҳамсоягии нав” эҷод шуда ва босубот татбиқ мешавад, бояд аз сарчашмаҳои ин ҳамсоягии нек бештару беҳтар ҳикоя кунем. 

Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

Дар сурат: Ҳошим Гадоев дар нақши Эдип  (дар Театри академии миллии Ӯзбекистон). 
Суратгир:  
Неъматҷон ШАРИПОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: