ДУРНАМОИИ НАВИ ТАНЗИМИ ТЕХНИКӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН: УСУЛҲОИ ЗАМОНАВӢ ВА ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ

Оиди тарғибу ташвиқи Фармони Президент «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани идоракунии давлатӣ дар соҳаи танзими техникӣ» ва қарор «Дар бораи чораҳои ташкили Агентии танзими техникӣ дар Ӯзбекистон» дар Маркази матбуоти миллӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мутахассисони соҳа дар хусуси танзими техникӣ, аз ҷумла ташкил намудани идоракунии давлатии самарабахш дар соҳаҳои стандартикунонӣ, сертификатсозӣ  ва метрология, табдил додани соҳа ба низоми шаффоф, муассир ва бидуни коррупсия тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин тезонидани равандҳо, мутобиқати сохтор ба стандартҳои Ташкилоти савдои ҷаҳонӣ, ҳифзи бозори дохилии кишварамон ва фароҳам овардани шароит барои васеъ намудани ҳаҷми содирот маълумот доданд.
Тибқи маълумот Агентии танзими техникии назди вазорати сармоягузорӣ, савдо ва саноат ба ихтиёрӣ Девони Вазирон гузаронида, самтҳои асосии фаъолияти агентӣ муайян карда шуданд.
Дастовард ба самарабахшӣ тавассути рақамикунонии соҳаи танзими техникӣ, васеъ намудани намудҳои хидматрасонии давлатӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани низоми самараноки шаффоф ва аз коррупсия озод яке аз самтҳои асосии фаъолияти агентӣ мебошад. Вазифаҳои асосии агентӣ мусоидат ба содиркунандагон, ба роҳ мондани кори мунтазам оид ба эътирофи сертификатҳои миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, муқаррар намудани назорати қатъӣ оид ба пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ва татбиқи талаботи Созишнома дар бораи монеаҳои техникӣ дар самти воридоти маҳсулоти пастсифат мебошанд. Инчунин, агентӣ барои омода намудани кадрҳои соҳа ва тахассуси онҳо бевосита масъул буда, барои таъмини шаффофият дар кор бо аҳолӣ ва соҳибкорон соҳаро пурра рақамӣ хоҳад кард. 
Ҳамчунин, аз 1 октябри соли ҷорӣ тартиби бақайдгирии давлатии маҳсулоти дараҷаи хавфнокиаш баланд, ки истеҳсол ва аз хориҷ ворид мешавад, ҷорӣ мегардад. Дар ин маврид шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии маҳсулоти ба ҳудуди ҷумҳурӣ воридшаванда аз ҷониби воридкунанда то ворид шудан ба ҳудуди гумрукӣ ба системаи иттилоотии гумрукии Равзанаи ягона ва системаи ягонаи иттилоотии электронии амалиёти савдои хориҷӣ бояд гузошта шавад.  
Аз 1 январи соли 2025 дар ҷараёни баҳодиҳӣ аз ҷониби маркази аккредитатсияи Ӯзбекистон дар мақомоти баҳодиҳии мутобиқат, ҳангоми такроран ошкор шудани камбудиҳои қаблан ошкоршуда соҳае, ки дар он камбудиҳо такрор меёбанд, аз доираи арзёбӣ хориҷ карда мешаванд. Агентӣ ва вазорати технологияҳои рақамӣ дар якҷоягӣ бо вазорати адлия бо мақсади таъмини шаффофият дар соҳаи танзими техникӣ ва ташаккули сохтори бе коррупсия то 1 январи 2025 системаи миллии иттилоотии «Танзими техникӣ»-ро ба кор меандозад.

М. МАМАҶОНОВА, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: