Ҷамъомади якуми мулоқоти роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои гурӯҳи «Дӯстони бетарафӣ» баргузор шуд.
Чорабинӣ дар шакли видеоконфронс аз ҷониби Маҷлиси Миллии Генгеши Туркманистон ташкил шуда, ба нақши ҳамкориҳои парлумонӣ дар таҳкими сулҳ ва муколама бахшида шуд.
Дар рафти мулоқот Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева, спикери парлумонҳои кишварҳои мухталиф, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок карданд.
Гурӯҳи «Дӯстони бетарафӣ» иттиҳодияи ғайрирасмии кишварҳои узв аст, ки бо ташаббуси Туркманистон ба хотири сулҳ, амният ва рушди устувор таъсис ёфтааст. Он дар ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои бисёрҷониба барои таҳкими сулҳ, рушди устувор ва амнияти ҷаҳонӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
— Дар шароити торафт пурзӯр гардидани таҳдидҳо зарурати таҳкими эътимоду ҳамбастагӣ меафзояд, — қайд кард Т. Нарбоева. — Таъмини ҳамаҷонибаи суботи иҷтимоию иқтисодӣ ва инкишоф додани алоқаҳои иқтисоди хориҷии байни мамлакатҳо аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Мо ин мулоқотро ҳамчун илова ба ҳамкории амалии парламентҳо дар доираи формати бисёрҷониба, инчунин ҳамчун воситаи ҷалби онҳо ба муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини таҳкими сулҳу муколама, ки бо субот ва некӯаҳволии кишварҳоямон зич алоқаманданд, мешуморем.
Иштирокчиён аҳамияти рушди ҳамкориҳои байни парлумонҳоро қайд сохта, таъкид намуданд, ки ин ба ташаккули қарорҳои асоснок оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона мусоидат мекунад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳуҷҷати ҷамъбастии ҷаласаи якуми сарони парлумонҳои кишварҳои узви гурӯҳи «Дӯстони бетарафӣ» қабул карда шуд, ки ба рушди ҳамкориҳои парлумонӣ дар роҳи таҳкими сулҳ ва муколама нигаронида шудааст.
Н. АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.