Президенти Ӯзбекистон лоиҳаҳои якҷояро, ки ба инкишофи мошинсозии хоҷагии қишлоқ нигаронда шудаанд, муҳокима кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ню-Йорк бо ноиби президенти ширкати CNH Стив Надерни мулоқот анҷом дод.

Ширкати фаромиллии CNH, ки дороиҳои он қариб 50 миллиард долларро ташкил медиҳад, шарики стратегии Ӯзбекистон дар саноати мошинҳои кишоварзӣ мебошад. Он бо тамғаҳои маъруфи Case ва New Holland таҷҳизоти роҳсозӣ ва кишоварзӣ истеҳсол мекунад.

Ноиби президент Стив Надерни нақшаҳои ширкатро оид ба хусусигардонӣ ва навсозии як қатор корхонаҳои саноатии соҳа, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли комбайнҳо ва мошинҳои пахтачинӣ, аз ҷумла истеҳсоли тракторҳои пуриқтидор, инчунин таъмини маблағгузории мустақим ба сохторҳои лизингӣ эълон кард. Президенти кишварамон  нақшаҳои ширкатро оид ба густариши фаъолият дар Ӯзбекистон маъқул кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: