ҚАРОБАТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОНӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

Сомонаҳои машҳури ҶФО сабабҳои ҷолибияти сармоявии Ӯзбекистонро таҳлил мекунанд

Дар сомонаҳои махсусу машҳури Олмон PRESSEPRTAL ва Finanznachrichten.de бахшида ба натиҷа ва пешомадҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии олмониву ӯзбекистонӣ мақолаҳо чоп шуданд.
«Иқтисодиёти ҷаҳонӣ даврони душворро паси сар менамояд, ки он ширкатҳои тамоми ҷаҳонро вазифадор мекунад барои бозорҳои нав шарикони навро пайдо кунанд ва ба онҳо мувофиқ шаванд. Иқтисодиёти Олмон низ аз шарикони нави тиҷоратӣ манфиатдор аст ва ноқилони энергетикиро аз қисматҳои дигари ҷаҳон, чунончи, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ меҷӯяд», – қайд мегардад дар муқаддимаи як мақола.
Бо таваҷҷуҳ бо баҳои коршиносон нашрияи олмонӣ менависад, ки мамлакат ҳамкориро бо Осиёи Марказӣ ҳанӯз то буҳрон вусъат ва амиқ кард, дар ин бобат ба бозор ва мавзеъҳои нав барои сармоягузорӣ эътибори махсус дод. Ба Ӯзбекистон, ки маркази ҷуғрофӣ ва бо беш аз 36 миллион нафар кишвари сераҳолитарини минтақа мебошад, эътибори хоса дода мешавад.
Бинобар маълумоти Оҷонсии рушди иқтисодии Germany Trade & Invest (GTAI) Ӯзбекистон алҳол мамлакати ислоҳотхоҳтарини ҷаҳон ва яке аз бозорҳои пешомадноктарини дунё шинохта мешавад. Суръати баланди ислоҳот аз ҷумлаи кафолатҳои рушди воқеии иқтисодии мамлакат дар ду соли наздиктарин дониста мешавад.
Нақшаҳои ҳукумати Ӯзбекистон бузурганд, таъкид мегардад дар мақолаҳо. Чунончи, дар давраи солҳои 2023-2025-ум интизор меравад, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ тақрибан 94 миллиард долларро ташкил медиҳад. Талаботи зиёд ба технологияҳо дар тамоми секторҳои иқтисодӣ ва лоиҳаҳои бисёри таҷдиду вусъатдиҳӣ дар саноат ва инфрасохтор барои молрасонҳои хориҷии ноу-хау ва технология пешомадҳои хубро фароҳам меоваранд, зеро ҳисобу китоби харҷҳои дуруст барои қувваи корӣ ва муҳити мусоиди он ба манфиати сармоягузорони байналхалқӣ аст.
Муҳити корӣ дар мамлакат аз замони ба вазифа сар кардани Президент Шавкат Мирзиёев хеле беҳтар шуд, гуфта мешавад дар мақолаҳо. Ба шароити мамлакат ҳам аз ҷониби коршиносон ва ҳам аз ҷониби иқтисодиёти Олмон баҳои мусбат дода мешавад. Ӯзбекистон барои он ки сармоягузорон ва боррасонҳои ноу-хау худро хуб ҳис кунанд, тамоми корҳои имконпазирро ба ҷо меоварад. Кишваре, ки пештар пӯшида буд, алҳол зуд барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ боз мегардад. Бо вуҷуди пандемия ва вазъи душвор дар бозорҳои хориҷӣ, иқтисодиёт зуд ривоҷ меёбад: соли 2021 он ҳафт фоиз афзуд, соли гузашта бошад тақрибан шаш фоиз хоҳад афзуд. Бинобар ақидаи директори иҷрогари Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон Михаэл Хармс замони ба ҳаёт татбиқ намудани ин нақшаҳо расидааст.
Рақамҳо аз ин шаҳодат медиҳанд. Чунончи, танҳо солҳои охир тақрибан 50 корхонаи наву муштараки олмониву ӯзбекистонӣ ташкил гардиданд. Ширкатҳои олмонӣ, аз ҷумла MAN, Class, Knauf ва Paptnburg аллакай дар мамлакат кор мекунанд, ширкатҳои Wies-mann, Aurubis, Carl Gross, Hugo, Boss ва ғайра бошанд, акнун ба бозори Ӯзбекисон ворид мешаванд. Танҳо соли 2021-ум ширкатҳои олмонӣ ба иқтисодиёти Ӯзбекистон тақрибан 800 миллион доллар сармоягузорӣ намуданд. Аз ибтидои соли гузашта мубодилаи моли байни ду мамлакат 139,4 фоиз афзуд. Интизор меравад, ки то охири соли 2022-юм сармояҳои Олмон ба миллиард доллар мерасад. Ҳамин тариқ Олмон ба сафи панҷ сармоягузори бузургтарини иқтисодиёти Ӯзбекистон ворид мешавад.
Яке аз самтҳои пешомадноки ҳамкориҳои олмониву ӯзбекистонӣ сектори энергетикӣ ба шумор меравад. Мамлакате, ки дар он соле 300 рӯзи офтобӣ ҳаст, барои истифодаи нирӯи офтобӣ имконияти бузург дорад ва аз технологияҳои энергетикаи муқобил манфиатдор мебошад. Олмон аз кишварҳои пешқадами соҳаи манбаи энергияи муқобил буда, тайёр аст гузаштани Ӯзбекистонро ба энергетикаи «сабз» дастгирӣ намояд.
Ҳамин тариқ қаробати Ӯзбекистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ беҳтар мегардад, хулоса мекунанд захираҳои иттилоотии Олмон.

АИ «Дунё».
Шаҳри БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: