«АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ...»

Имрӯзҳо бахшида ба 81-солагии зодрӯзи шоири ширинкаломи тоҷик Лоиқ Шералӣ шабнишиниҳои адабӣ, гирдиҳамоиҳои маънавию маърифатӣ баргузор мегарданд.

Дар Маркази милливу фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ низ бо иштироки сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, раиси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ Р. Қурбонов, писари шоир Диловари Лоиқ бо ҳамсараш, шоирону нависандагон, раисони марказҳои милливу мадании вилоятҳо, донишҷӯён, хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дӯстдорони каломи бадеъ чорабинии адабию маърифатӣ бо номи “Аниси кунҷи танҳоӣ...” баргузор гардид. 
– Ман дар тӯли фаъолияти кӯтоҳам дарк намудам, ки тоҷикони Ӯзбекистон хеле фарҳангдӯст ва маърифатпарваранд. Ёдбуди шоир Лоиқ Шералӣ дар гӯшаву канори кишвар, дар мактабу муассисаҳои таълимӣ, марказҳои милливу фарҳангӣ, ҳатто дар ҷамъомадҳои оддии дӯстон низ бо як руҳияти болида барпо мегардад. Албатта, мо бо шеъри Лоиқ ба модар меҳри фарзандии худро ирсол менамоем, ғаму ташвиш ва бедорхобиҳои ӯро аз шеъри шоир дарк менамоем, ба маҳбубаи худ муҳаббат изҳор менамоем, ба дӯсту бародари худ салому паём мефиристем. Вақте ашъори устодро варақ мезанем, дар қалби мо садоқат ба Ватан, ба забону миллат ҷӯш мезанад, – гуфт сафир А. Раҳмонзода.
Писари шоир Диловари Лоиқ низ аз ин гиромидошту маҳбубиятҳои шогирдон ва ҳаводорони падараш изҳори сипос намуд.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ тақдимоти китобҳои тозанашр аз силсилаи “Накҳати сухан” низ ба миён омад. Хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Дар монитор аз ҳаёт ва фаъолияти шоир наворҳо нишон дода шуд ва гӯё бори дигар устоди сухан дар байни ҳаводорони адаб зинда гардид.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.    
   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: