Хусрав НОЗИРӢ: НАҚШИ АФЗОЯНДАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СҲИ ҲАМЧУН УНСУРИ МУҲИМ ВА ЗАРУРӢ БАРОИ ҲАВАСМАНДКУНӣ ВА ДАСТГИРИИ РАВАНДИ РУШДИ МУШТАРАКИ МИНТАҚАВӢ АРЗЁБӢ МЕШАВАД

Хусрав НОЗИРӢ — Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо АИ «Дунё» дар бораи ташаббусҳои Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби раёсати СҲИ нақл кард.

Дар рафти ҳамоиши понздаҳуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Ашқобод, ки 28 ноябри соли 2021 баргузор гардид, Президент Шавкат Мирзиёев як қатор ташаббусҳои муҳими ба таҳким ва баланд бардоштани нуфузи СҲИ нигарондашуда, инчунин оид ба самтҳои устувори ҳамкорӣ пешниҳодҳои дақиқ дода буд.
Аз ҷумла, сарони дигар давлатҳо пешниҳоди Президенти Ӯзбекистонро дар бораи «Соли таҳкими робитаи мутақобила дар СҲИ» эълон кардани соли 2022 ва ба роҳ мондани анъанаи дар доираи созмон соли рушди ягон соҳа эълон кардани ҳар солро ҷонибдорӣ карданд.
Дар бораи аҳамияти ин ташаббус, инчунин ҷой ва нақши Ӯзбекистон дар созмон хабарнигори АИ «Дунё» бо Котиби генералии СҲИ Хусрав Нозирӣ суҳбат кард.

– Зоҳиран, суҳбатамонро дар бораи нақл оиди СҲИ ва афзалиятҳои он оғоз намоем, мантиқан дуруст хоҳад буд. Кадом созмонҳои дигари байналмилалии минтақавӣ мақсаду вазифаҳои шабеҳ ва баҳам наздик доранд?
– Аввало иҷозат диҳед ба қисми дувуми ин суол мухтасар дахл кунам. СҲИ форуми байниҳукуматии иқтисодӣ аст, ки асосан бо мақсади пешбурд ва ҳифзи манфиатҳои тиҷоратии кишварҳои узв таъсис ёфтааст. Дар мавриди шабоҳатҳои СҲИ бо дигар созмонҳои минтақавӣ мехоҳам дутои онро зикр намоям. Инҳо ҳамкории иқтисодии Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ва Иттиҳоди иқтисодии Африқо мебошанд, ки ба як консепсияи шабеҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ риоя мекунанд. Чун дар СҲИ ин созмонҳо тасмим гирифтаанд, ки сиёсати рушди устувори иқтисодиро дар кишварҳои узв дастгирӣ кунанд. Ҳадафи асосии онҳо ин аст, ки ба минтақаҳои худ тавассути равиши фарогир ва ҳамгароӣ шукуфоии бештар бахшанд.
Самтҳои асосии афзалиятноки СҲИ тиҷорат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, инчунин некӯаҳволии ҷамъиятӣ ва беҳбудии аҳолии минтақа мебошанд. Бо мақсади таъмини рушд ва афзоиш СҲИ як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла (а) озодгардонии тиҷоратро тавассути низоми додани сабукиҳо барои созмон додани ҷараёни савдо ва зиёд гардондани тиҷорати дохилиминтақавӣ ва саҳм ба савдои ҷаҳонӣ, хусусан содирот; (б) содда гардондани тартиби савдо барои коҳиш додани хароҷот ва вақт ҷиҳати пеш бурдани тиҷорат ба мақсади вусъат додани савдо ва (в) мусоидат ба тиҷорат тавассути чорабиниҳои махсуси ба баланд бардоштани фаъолнокии тиҷоратии минтақа нигарондашуда пеш гузошт.
Дар ин самт роҳ кушода, кишварҳои узви СҲИ барои таъмини татбиқи бемайлони чаҳорчӯби мувофиқшуда ва дахлдори ҳуқуқӣ ва институтсионалии ба мисли Созишномаи тиҷорати СҲИ, Созишномаи СҲИ дар бораи рағбатноксозӣ ва ҳифзи сармояҳо, Созишнома дар бораи созмон додан ва фаъолияти бонки маълумотҳои СҲИ оид ба қочоқ ва қонуншиканиҳои гумрукӣ, Созишнома дар бораи содда гардондани тартиботи раводид барои соҳибкорони минтақа, Ширкати СҲИ оид ба аз нав суғуртакунӣ ва дигар механизмҳои муҳим аз наздик ҳамкорӣ мекунанд.
Илова бар ин, мо корҳоро дар самти ташаббусҳои дигар идома медиҳем, ки онҳо метавонанд дар рушди муштараки иҷтимоию иқтисодии минтақа нақши муҳим бозанд. Ба чунин лоиҳаҳо Маркази энергияи тозаи СҲИ, лоиҳаи Бозори минтақавии барқи СҲИ, Нақшаи кории СҲИ оид ба сайёҳӣ, Механизми машваратии минтақавӣ барои ҳамкории техникӣ оид бемориҳои сироятӣ, бахусус COVID-19, лоиҳаи фароҳам овардани иқтидори минтақавӣ дар соҳаи савдои дохилии воситаҳои доруворӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори давлатҳои аъзои СҲИ дар доираи барномаи пешгирӣ ва барҳамдиҳии ба ҳолатҳои фавқулодда ба мақсади кам кардани хатар, лоиҳаи барномаи минтақавии СҲИ оид ба амнияти озуқаворӣ, ки ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи стандартизатсия нигаронда шудааст, тааллуқ доранд.
– Шумо ба аъзогӣ ва нақши Ӯзбекистон, ки ба созмон дар соли 1992 дохил шудааст, чӣ хел баҳо медиҳед ва иқтидори СҲИ то чӣ андоза афзоиш ёфт?
– Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз кишварҳои аъзои муҳими СҲИ ба ҳисоб меравад. Созмон ба дараҷаи бояду шояд нақши беназир ва саҳми бузурги Ӯзбекистонро дар рушди минбаъдаи созмон ва барномаи пешрафти тарафайн ва шукуфоӣ дар минтақа эътироф менамояд. Дар охири соли ҷорӣ Ӯзбекистон бори аввал дар худ дар ҷамъомади навбатии 26-уми Шӯрои Вазирони СҲИ, дар соли 2023 – ҳамоиши шонздаҳуми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои кишварҳои СҲИ иштирок мекунад.
Ӯзбекистон яке аз кишварҳои пешбари истеҳсоли нахи пахта мебошад, ки аз рӯйи истеҳсоли нахи пахта ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Омор нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли пахта дар Ӯзбекистон 762 ҳазор тоннаи метрикиро дар мавсими ҳосили солҳои 2020-2021 ташкил дод. Мамлакат барои ҷорӣ кардан ва васеъ паҳн намудани хоҷагии органикӣ имкониятҳои калон дорад. Ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи СҲИ нақши муҳим дорад ва барои содироти маҳсулоти кишоварзии худ ба дигар кишварҳои узви СҲИ иқтидори назаррас дорад.
Изҳори ҳавасмандии Ӯзбекистон дар баргузории мулоқоти ҳафтуми вазирони СҲИ оид ба кишоварзӣ дар соли 2022 бояд ҳамчун азми доимӣ ва пайравии кишвар барои ноил шудан ба мақсаду вазифаҳои созмон арзёбӣ шавад.
– Ӯзбекистон бори нахуст раиси СҲИ шуд ва авлавиятҳои худро дар ин давра аз ҷумла фаъолсозии бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва иқтисоди «сабз» муайян кард. Лутфан андешаи худро дар бораи дурнамои ин самтҳо баҳам медидед.
– Нақши рӯзафзуни Ӯзбекистон дар СҲИ, хусусан дар давраи раёсати феълии кишвар, ба сифати унсури муҳим ва зарурии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии раванди рушди муштараки минтақавӣ арзёбӣ мешавад. Созмон нақши фаъоли Ӯзбекистонро дар фаъолият ва чорабиниҳои СҲИ бо хушнудӣ мушоҳида мекунад, ки ин як нигаронии мусбат барои рушду тавсеаи минбаъдаи созмон арзёбӣ мешавад.
Бо дарназардошти вазифаҳое, ки таҳти раёсати феълии Ӯзбекистон оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи мухталифи СҲИ, аз ҷумла тиҷорат, нақлиёт ва энергетика гузошта шудаанд, ташкилот барои ба даст овардани натиҷаҳои ҳадди аксари дилхоҳ ба хотири беҳбуд бахшидан ба вазъи умумии иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаи мо фаъолона ҷаҳд мекунад.
Гузашта аз ин, СҲИ аҳамияти пешниҳоду ташаббусҳои Ӯзбекистонро, ки ба таҳкими созмон ва баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти он нигаронда шудааст, эътироф мекунад.
– Лутфан андешаи худро дар бораи пешниҳодҳое, ки Ӯзбекистон 28 ноябри соли 2021 дар ҳамоиши 15-уми СҲИ дар Ашқобод ба миён гузоштааст, баҳам медидед.
– Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоишҳои 14 ва 15-уми СҲИ як қатор пешниҳодҳои ҷолибро оид ба ғанӣ гардондани барномаи рушди мо тавассути густариши ҳамкорӣ бо мақсади ноил шудан ба ҳамгароии бештари минтақавӣ ба миён гузошт. Чунин пешниҳодҳо, ки онҳо бахшҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетикаро фаро мегиранд, асосан ба табдил додани СҲИ дар баробари тамоюлҳои нави минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронда шудааст.
Котиботи СҲИ муҳимияти пешниҳодҳои Президенти Ӯзбекистонро ба назар гирифта, барои иҷрои дастури онҳо чораҳои минбаъдаи ҷиддӣ меандешад. Ба ин муносибат созмон дар баъзе соҳаҳои муҳим, аз ҷумла барҳам додани садҳои тиҷоратӣ, рақамигардонии тартиботи гумрукӣ, ҷорӣ кардани савдои электронӣ ва тиҷорати электронӣ ва дигарҳо ба корҳои муштарак суръат бахшид.
Давлатҳои аъзои созмон бояд ба татбиқи Созишномаи тиҷоратии СҲИ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то ки савдои дохилиминтақавӣ фаъол шавад. Дар робита ба сармоягузорӣ, афзоиши воридоти сармоягузорӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа бо низоми дахлдори танзими ҳифз ва ҳавасмандгардонии сармоягузорон дар ин самт пас аз тасвиби он аз ҷониби чаҳор тарафҳои шартномавӣ Созишномаи СҲИ оид ба рағбатноксозӣ ва ҳифзи сармояҳо эътибор пайдо мекунад. Созишнома бояд аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви СҲИ бо мақсади таъмини ҷалби сармоягузориҳои тиҷоратӣ ба минтақа бо мақсади фароҳам овардани иқтидори саноатӣ, ҷойҳои нави корӣ ва рушди занҷирҳои минтақавии арзиши иловашуда, пайвастани онҳо ба занҷирҳои глобалии арзиш имзо карда шавад.
Мувофиқи пешниҳоди Президенти Ӯзбекистон Котибот ҷиҳати аз байн бурдани садҳо дар роҳи ҳамгироӣ ба тиҷорати минтақавӣ ҷиҳати либерализатсия, содда гардондани тартибот ва ҳавасмандгардонии савдо дар минтақа кор пеш мебарад. Созишномаи тиҷорати СҲИ метавонад дар тавсеаи савдои дохилиминтақавӣ, ба коҳиши тарифҳои гумрукӣ ва барҳам додани садҳои ғайритарифӣ тавассути мусоидат ба коҳиш додани тарифҳои гумрукӣ ва аз байн бурдани монеаҳои ғайритарифӣ тавассути тадбирҳои соддагардонии тиҷорат, аз қабили соддагардонии гумрукӣ, ҳамлу нақл, низоми пардохти тиҷорат, СФС ва сертификатсияи сифат нақши муҳим бозад.
– Дар давраи раёсати Ӯзбекистон дар СҲИ ташаббуси сарвари давлатамон ба миён гузошта шуд, ки соли 2022 Соли таҳкими робитаҳои мутақобила эълон карда шавад. Шумо оиди ин иқдом чӣ назар доред?
– Пайвастшавӣ шарти ҳатмӣ барои ҳамгироии бештар тавассути инфрасохтори мукаммал ва бо ҳам алоқамандии нақлиётӣ дар минтақа мебошад. Бинобар ин созмон ба ин самти калидӣ, ки барои рушди минтақа ҳаётан муҳим аст, аҳамияти хоса медиҳад.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев Шӯрои Вазирони СҲИ соли 2022-ро «Соли таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ» эълон кард. Аз ин фурсат истифода бурда, бори дигар саривақтӣ ва аҳамияти ин иқдоми олиҷанобро қайд намуда, ба Президенти муҳтарами Ӯзбекистон ва Ҳукумати кишвар барои муносибати мусбаташон ба СҲИ арзи сипос менамоям.
Итминон дорам, ки ин ташаббус минбаъд низ ба қабули чунин иқдомоти ба беҳбуди робитаҳои минтақавӣ нигаронидашуда мусоидат хоҳад кард. Котиботи СҲИ ба нақша гирифтааст, ки як қатор чорабиниҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдорро ҷиҳати омӯхтани имкониятҳои таҳияи механизмҳои беҳбуд ва некӯҳолии бахши нақлиёти минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, баҳрӣ, инчунин авиатсияи гражданӣ ва коммуникатсия амалӣ намояд. СҲИ барои ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинишудаи созмон дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия бо кишварҳои узв ва шарикони байналмилалӣ фаъолона ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мекунад. Мақсади асосии мо таҳким ва такмил додани робитаҳои мутақобила мебошад, ки мақсади он таъмини рушди дастҷамъонаи иҷтимоию иқтисодии тамоми минтақаи мо мебошад.
– Ташаббусҳои Ӯзбекистонро барои ҷалби Афғонистон ба равандҳои иқтисодии минтақа чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва имкониятҳои воқеӣ дар ин самт чигунаанд?
– Аҳамияти Афғонистонро ҳамчун узви муҳими созмон дарк намуда, СҲИ саъй дорад, ки рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари азияткашидаро дастгирӣ намояд. Ӯҳдадориҳои мо дар Барномаи ҳифзи манфиатҳои СҲИ барои Афғонистон, ки дар ҷамъомади 23-юми Шӯрои Вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 16 апрели соли 2018 дар Душанбе баргузор шуд, ифода ёфтааст.
Боварӣ дорам, ки Ӯзбекистон ба сифати раиси феълии созмон метавонад дар расидан ба мақсадҳои пешбинишудаи СҲИ, ки ба пуштбонии ин кишвар дар талошҳои он барои таъмини субот ва рушди иқтисодӣ нигаронда шудааст, нақши бузург дорад.
Мо самимона кӯшиш менамоем, ки давлатҳои узвро илҳом бахшем, то ки бо ғояҳо ва пешниҳодҳои тоза барои мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои рушди СҲИ ва чорабиниҳои ба ин марбут дар Афғонистон мусоидат кунанд.
– Барои суҳбати пурмазмун сипосгузорем, ҷаноби Нозирӣ.

АИ «Дунё»,
ТЕҲРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: