Шабакаи телевизионии Euronews дар бораи ноҳияи Мӯйноқ ва баҳри Арал гузориш омода кардааст.
Сюжет дар бораи нест шудани баҳри Арал нақл мекунад. Нобудшавии Аралро бузургтарин фалокати экологӣ меноманд, ки аз ҷониби инсоният содир шудааст.
Дар филм ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон якҷоя бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои барқарор кардани баҳри Арал як қатор лоиҳаҳоро амалӣ мекунад.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи My garden in the Aral sea («Боғи ман дар баҳри Арал») масъалаи шинондани саксавул дар ҳудуди қаъри хушкшудаи кӯл, шаҳри Мӯйноқ ба миён гузошта шуд.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар оянда бо дастгирии созмони байналмилалии Оҷонси рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар ноҳияи Мӯйноқ 3 истгоҳи обуҳавошиносӣ ба кор андохта мешавад.