ЧОРАҲО ОИД БА ТАЪМИН НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯИ МӮЪТАДИЛИ СОҲАҲОИ САНОАТ БАРРАСӢ ШУДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 апрел оид ба масъалаҳои таъмин кардани афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноати кимиё, агротехникӣ, мошинсозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 апрел оид ба масъалаҳои таъмин кардани афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноати кимиё, агротехникӣ, мошинсозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти миллӣ зарари калон мерасонад. Тибқи пешгӯиҳои Хазинаи байналмилалии асъор  имсол иқтисоди ҷаҳониро камаш 3 дарсад таназзул интизор аст.

Дар ин замони душвор дар кишвари мо барои дар дараҷаи мӯътадил нигоҳ доштани иқтисодиёт ва даромади аҳолӣ тамоми захираҳо ҷалб карда мешаванд. Барои ҳар як соҳа чораҳои алоҳида таҳия карда мешаванд. Барои 128 корхонаи бузурги истеҳсолӣ барои кӯмак ба онҳо ва зуд ҳал кардани мушкилот роҳбарони Маъмурияти Президент, ҳукумат, вазорату идораҳо вобаста карда шудаанд.

Корхонаҳои саноати кимиё дар баробари нигоҳ доштани иқтидорҳои мавҷуда барои ташкили истеҳсолоти нав тамоми имкониятҳоро доранд. Баробари ин, ба вазъи кунунии корҳо дар соҳа аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо дода шуд.

Зикр гардид, ки соли равон 9 триллион сӯмина маҳсулот истеҳсол намудан ва содиротро ба 280 миллион доллар расондан ба нақша гирифта шудааст. Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимиёсаноат», тавре ки таъкид гардид, бояд ба корхонаҳои соҳа кӯмак расонда, истеҳсоли маҳсулоти серхаридорро афзоиш диҳад.

Аз ҷумла, вазифа гузошта шуд, ки иқтидори корхона оид ба истеҳсоли хлориди поливинил дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» то 90 фоиз расонда, дар моҳи оянда лоиҳаи истеҳсоли кислотаи азотӣ ба кор дароварда шавад.

Бо назардошти вазъи имрӯзаи эпидемиологӣ талабот ба воситаҳои тозакунӣ ва безараргардонӣ меафзояд. Аз ҷумла, аз кишварҳои ҳамсоя барои 2 ҳазор тонна гипохлоритҳо фармоиш расид. Талабот ба сианидҳо, ки барои саноати маъдани кӯҳӣ муҳиманд, низ меафзояд.

Ба ин муносибат оид ба пурра ба кор даровардани имконот, коркарди лоиҳаҳои нав оид ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва навсозии иқтидорҳо дастурҳо дода шуданд.

Аҳамияти кам кардани хароҷоти нақлиётӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори хориҷӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли мол тавассути роҳи оҳан дар асоси созишномаҳо бо кишварҳои шарик қайд гардид.

Президент Шавкат Мирзиёев 12 июли соли гузашта ба корхонаи техникаи кишоварзии Тошканд ташриф оварда, бо мутахассисон мушкилоти соҳаро муҳокима кард. Бо дарназардошти натиҷаҳои он машварат ва натиҷаҳои таҳлил 31 июл қарори роҳбари давлат "Дар бораи чораҳои суръат бахшидан ба рушди мошинсозии кишоварзӣ, дастгирии давлатии таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи кишоварзӣ" қабул шуд. Дар тӯли солҳои гузашта дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Дар маҷлис зарурати рушди низоми кор бо мизоҷон барои осон кардани хариди техника, ба деҳқонон ва фермерон додани имтиёзҳои қарзии мувофиқ зикр гардид. Ба ширкати "Узагротехсаноатхолдинг" супориш дода шуд, ки низоми фурӯши техникаи кишоварзиро дар асоси фармоишҳои электронӣ ҷорӣ намояд.

Сифат ва нархи техникаи ватанӣ мавриди танқид қарор гирифта шуд. Қайд гардид, ки бино бар ин нишондиҳандаҳо он бо шарикони хориҷӣ рақобат карда наметавонад. Арзиши баланди техника ба нархи маҳсулоти кишоварзӣ таъсир мерасонад.

Ба ин муносибат оид ба мақбулгардонии равандҳои истеҳсолӣ дар асоси таҳлили нархи техника, суръат бахшидан ба иқтидорҳои рехтагарии металлӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозӣ супоришот дода шуданд.

– Ҳадафи маҳаллисозӣ – истеҳсоли тракторҳои ватании арзон аст, ки ба эҳтиёҷоти деҳаҳо ва деҳқонони мо ҷавобгӯ мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Оид ба тезондани механиконии ҷамъоварии пахта, ба маҳалҳо то моҳи сентябри соли ҷорӣ  ҳадди аққал  расондани 1 ҳазор мошини пахтачинӣ ва ташкили марказҳои хизматрасонӣ дар тамоми минтақаҳо вазифаҳо гузошта шуданд.

Дар тамоми ҷаҳон саноати автомобилсозӣ ба яке аз соҳаҳои аз пандемия бештар зарардида табдил ёфт.

Дар чунин шароит барои фаъолияти мӯътадили корхонаҳо бояд аз имконоти, пеш аз ҳама, бозори дохилӣ истифода бурд. Ҳамин тавр, арзиши бозори қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои он дар мамлакати мо 500 миллион доллар ҳисоб карда шудааст. Аммо, ҳиссаи маҳсулоти ватанӣ дар ин бозор ҳамагӣ 9 фоизро ташкил медиҳад.

Ба зиммаи ҷамъияти саҳҳомии "Ӯзавтосаноат" вазифаи то охири сол таъмин кардани маҳаллигардонии 300 намуди ҷузъҳо, ки аз хориҷа оварда мешуд ва ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо бо сифате, ки аз маҳсулоти ба ин монанди хориҷӣ камӣ надоранд, вазифа гузошта шуд .

Оид ба коркарди моделҳои нав, рағбатноксозии бонкҳои тиҷоратӣ, ки қарзҳои автомобилӣ медиҳанд, супоришот дода шуданд.

Таъкид гардид, ки вусъат додани истеҳсоли техникаҳои махсус дар заводҳои “SamAuto” ва “MAN”, азхудкунии истеҳсоли намудҳои нави он, ки дар соҳаи кишоварзӣ серталабанд, натиҷаҳои хуб медиҳанд.

Инчунин масъалаҳои зиёд кардани содироти маҳсулоти саноати автомобилсозӣ бардошта шуд. Муҳимияти назорати сифат тавассути рақамигардонии тамоми занҷир - аз равандҳои истеҳсолӣ то фурӯш ва хизматрасонӣ, баланд бардоштани эътимод ба маҳсулот, таъмини рӯшодӣ ва шаффофият қайд гардид.

Оид ба масъалаҳое, ки дар ҷамъомад баррасӣ гардиданд, шахсони масъули соҳаҳои кимиё, агротехника ва мошинсозӣ, роҳбарони корхонаҳои калон маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: