Президенти Ўзбекистон Президенти Туркияро ба муносибати ҷашнаш самимона муборакбод кард

Дар рафти мулоқоти телефонӣ, ки 26 феврал сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоғанро бо 70-умин солгардаш самимона муборакбод намуд.

Сарвари давлатамон ба роҳбари Туркия саломатии бардавом, беҳбудӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокаш ба хотири шукуфоии халқу кишвари бародари турк комёбиҳои зиёд орзу кард.

Нақш ва саҳми Президент Реҷеп Эрдоған дар ташаккули Туркияи муосир ва баланд бардоштани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ,  ноил гардидан ба сатҳи баланди ҳозираи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия алоҳида қайд гардид.

Робитаҳо ва табодули фаъол дар тамоми сатҳҳо ва суръати рӯзафзуни ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо қаноатмандии зиёд қайд гардид.

Дар охири соли гузашта шумораи корхонаҳо ва лоиҳаҳои муштарак ба таври назаррас - 365 адад, инчунин портфели сармоягузорӣ бо ширкатҳо ва ташкилотҳои пешрафтаи Туркия афзоиш ёфт. Миёни ду кишвар суръати парвозҳои мустақим ва мутаносибан ҷараёни мутақобилаи сайёҳон афзоиш ёфтааст.

Сарони давлатҳо ба омодагии дақиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи баланд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар ин росто аҳамияти пурзӯр намудани корҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Туркия қайд карда шуд.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони кишварҳои туркӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: