Дар рӯйихати машҳуртарин шоирони садаи бистум номи шоири рус Лев Ошанин ҷойгоҳи махсус дорад.
Вай соли 1912 ба дунё омад, соли 1996 фавтид. Бештар аз 70 маҷмӯааш ба табъ расидааст. Аз ҷумла, яке аз китобҳои дар Тошканд чопшудааш бо унвони «Сеҳри ибни Сино» (Авитсена) хонандагони сершумор пайдо кард.
Бачагӣ ва наврасии Лев хеле вазнин гузашт. Вақте сесола буд, падараш Иван Александрович, ки дар корҳои суд фаъолият дошт, ногаҳон вафот кард. Оила – серфарзанд. Парвариши фарзандони хурдсол ба модараш Мария Николаевна (муаллимаи мактаби мусиқӣ) хеле мушкилӣ овард. Вай маҷбуран манзили дуошёнааш дар кӯчаи Крестовойи шаҳри Рибинскро фурӯхт, ба манзили хоксоронае кӯчиданд. Баъд оила ба Ростов Великий кӯч баст. Мария дар боғчаи бачагона мураббия гашт. Соли 1922 хонадон ба Маскав омад. Зарурат пеш омад модар Левро ба хонаи кӯдакон супорад, зеро истиқоматгоҳ надоштанд. Баъде боғчаи кӯдакона ба Мария ҳуҷрае ҷудо кард, Левро боз ба оғуши меҳр гирифт.
Баъди хатми мактаби ҳаштсола Лев муддате дар заводи чӯян ба сифати харрот кор кард. Шеър машқ мекард, ҳикоя менавишт. Ҳанӯз вақте мактабхон буд, аввалин қиссааш «Ошёнаҳо» рӯйи чоп дид. Ба узвияти Ассотсиатсияи нависандагони пролетарӣ пазируфта шуд. Акнун ашъораш дар «Огонёк», «Комсомолская правда», «Молодая гвардия» барин нашрияҳои бонуфуз пайваста чоп мегашт. Ӯро хусусан Владимир Маяковский, ки солҳои бистум шинос шуда буданд, дастгирӣ мекард. Вале чун дарак ёфтанд, ки баромадаш пролетарӣ нест, Лев Ошанинро ба тазйиқ гирифтанд. Дӯстонаш маслиҳат доданд Маскавро тарк кунад. Вай ба Тундра рафт, се сол дар сохтмон кор кард. Як муддат дар газетаи «Кировский рабочий» фаъолият бурд, аммо «ғайрипролетарӣ» будани баромади иҷтимоияш дар ин ҷо низ ошкор шуд. Аз сафи комсомол ва кори газета ронданд.
Соли 1936 ба Маскав баргашт. Ба Институти адабиёти ба номи Горкий дохил гашт. Вале боз ноомади кор водошт хонданро тарк кунад.
Ҷанг сар шуд. Бинобар хуб набудани қобилияти биноӣ ба аскарӣ нависонда натавонист. Тақдир ӯро бо шоири номвар Борис Пастернак рӯбарӯ кард. Ин вохӯрӣ ҳаёти Ошанинро тағйир дод. Пастернак барои ба сафи Иттиҳоди нависандагон қабул шуданаш тавсиянома навишт. Акнун имкон даст дод мухбири ҳарбӣ шуда кор кунад. Шеърҳои ватанпарваронааш чи дар қисмҳои ҳарбӣ ва чи ақибгоҳ мутантан садо медод. Хусусан «Мубориза барои Ватан» ном суруди ӯ вирди забонҳо гашт.
Ошанин соли 1950 барои силсилаи шеърҳояш барандаи Мукофоти давлатӣ (Сталинӣ, дараҷаи якум) шудааст.
Шоир давраи миёнсолӣ ва пиронсолиии худро асосан дар шаҳраки Переделкино (чаҳорбоғи нависандагон) гузаронд. Солҳои дароз дар Институти адабиёти ба номи Горкий ба донишҷӯён асрору нозукиҳои адабиёту шеърро омӯзонд.
Шоире, ки дар рушди адабиёти рус саҳми муносиб гузошт, бештар ҳамчун суруднавис дар миқёси дунё маълуму машҳур гашт. Яке аз овозхонҳое, ки шеърҳояшро месуруд, Иосиф Кобзон ба шумор мерафт. Сурудҳои Кобзон бо матни Ошанин берун аз иттифоқ низ болу пар мекушод, эътибори шунавандагони дунёро ба худ мекашид. Солҳои шастум матни аксар сурудҳое,ки «хит» шудаанд, ба қалами ӯ мутааллиқ буданд.
Оҳангсоз Аркадий Островский, айни замон, бо шарофати суруди «Доираи офтоб» («Пусть всегда будет солнце») (ҳамкорӣ бо Ошанин) хеле машҳур гашт.
Шиносоӣ бо Борис Пастернак ва пуштбонии ӯ дар ҳаёти шоирии Ошанин давраи нав оғоз гашт. Вале сиёсат водошт ҳамин инсони барояш некии бузург намударо дар ҷамъомади адибони Маскав танқид кунад, романи «Доктор Живаго»-и ба мукофоти Нобел пешниҳодшударо сиёҳ намояд. Пастернакро «космополит» номид ва ҳатто гуфт: «Ин гуна адиб, ин гуна шаҳрванд барои мо лозим нест».
Ҳаёти шахсиаш чӣ тавр гузашт? Дар зиндагии оилавӣ бахтнок буд?
Ошанин ду бор хонадор шудааст. Бо рафиқаи аввалаи ҳаётиаш Елена Борисовна (набераи нависандаи номӣ Глеб Успенский) 30 сол умр ба сар бурд. Соҳиби як духтар ва як писар шуданд. Якдигарро дӯст дошта хонадор шуда буданд. Якҷо песаҳо менавиштанд. Вале ба Ошанин, ки ситорагарм буду хушнамуд, бар замми ин инсони машҳур, бонувони зиёд бо чашми харидорӣ менигаристанд. Елена дар оташи рашк месӯхт.
Лев духтареро дӯст дошт. Ба хона кам меомадагӣ шуд.
Рӯзе гапи зану шавҳар сахт гурехт. Елена аз ғояти хашм худро гум кард, тирезаро кушод, худро пар-тофт. Сабаби марги фоҷиавиаш баъдтар ошкор гашт.
Кӣ дуздида буд хаёли шоири шуҳраварро? Як шогирдаш, ки Галина ном дошт ва дар Институти адабиёт таҳсил мекард. Шоир бахшида ба вай чанд шеъри ошиқона навишта буд.
Ниҳоят, шоир маҳбубаи ҷавон ва зебояшро ба занӣ гирифт. Тавре ба назар метофт на дар замин, балки дар осмони ҳафтуми саодат аст. Вале лаҳзаҳои саодатнишон дер напоид – никоҳ бебарор омад...
Рӯзе хаёломез аз тиреза ба боғ менигарист, ки ногаҳ чашмаш ба ду суроб, ки ба якдигар ҷафс буданд, афтод. Худро гум кард. Ҳамсари ҷавонаш ва боғбони пир...
Худи ҳамон рӯз Ошанин зани бевафо ва нигоҳубинсози боғу роғашро аз даргоҳ ронд. Худро низ рондаи ин дунё ва шармандаи олам идрок кард. Маро дуои бади Елена гирифт, мегуфт бо пушаймониву ҳасрат.
Дар пиронсолӣ якка зиндагӣ кард. Дароз кашида ба шифт менигарист ва ба ботлоқи навмедиву ҳузн фурӯ мерафт. Гумоне на мурдаву на зинда.
Паси тирезаи суханваре, ки сурудҳояшро дунё эътироф намуда буд, боду бӯронҳои дайду уввос зада, мисле дар мотамаш навҳа мекашиданд.
Ш. МУҲАММАД.