ХИЁБОНИ УСТОДОН

Дар арафаи Иди Наврӯз дар саҳни кушоди мактаби рақами 27-уми ноҳияи Сӯх «Хиёбони устодон» барпо карда шуд.

Дар арафаи Иди Наврӯз дар саҳни кушоди мактаби рақами 27-уми ноҳияи Сӯх «Хиёбони устодон» барпо карда шуд. Акнун толибилмону муаллимон ва меҳмонони мактаб ҳар рӯз ҳангоми ба мактаб ворид шудан бо чеҳраҳои нуронии устодон – муаллимон, ки ҳама аз деҳаи Тӯл буда, тамоми умри худро ба кори таълиму тадрис бахшидаанд, рӯ ба рӯ меоянд ва гӯё аз онҳо фотиҳаи нек мегиранд. Дар сафи муаллимони варзида чун Бекназар Маъдуллоев, Ғуломҷон Юсуфов, Турдибой Додобоев, Эсаналӣ Деҳқонов ва дигарон, адибон – омӯзгорон Неъмати Суннатулло, Олимҷон Олимовҳо низ ҷой гирифтаанд, ки аз худ меросе барои ворисон гузоштаанд. Бояд гуфт, ки ин ҳама кори хайр маҳз бо ташаббус ва ташкилотчигии директори ҷавони боғайрат Акмалҷон Иргашев амалӣ гардид. Дар барпо намудани хиёбон ҳиссаи коргарону фаррошон, хизматчиён ва муаллимон хеле калон аст.
– Дар фурсати кӯтоҳ барпо кардани ин мавзеъ дар иҳотаи гулу гулзор ва арчаҳои сабзу хуррам кори осон набуд, – гуфт зимни суҳбат Акмалҷон Иргашев, – лекин туфайли ғайрату шуҷоат ва фидокории аҳли ҷамоа ин кори хайр дар арафаи Наврӯзи хуҷаста ба фарҷом расид ва ба шукӯҳу азамати мактабамон файз бахшид. Ҳамчунин, дар рӯ ба рӯйи хиёбон барои ниёгони бузургамон низ гулгаште бунёд гардид, ки онро гулгашти «Симоҳои бузург» номидем. Дар вақтҳои холӣ ва танаффус толибилмон дар ин хиёбону гулгаштҳо сайр карда аз ворисони муносиби онҳо будани худ фахр мекунанд. 
Директори мактаб боз афзуд, ки чунин ободкориҳоро давом медиҳад ва  гулгашти наверо иборат аз панду андарзҳои бузургони адабиёти тоҷик бунёд хоҳад кард. Оре, дар ҳаракат баракат ҳаст мегӯянд, ки ин беҳуда нест. 

Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ.
Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: