Барои сайёҳони мусалмон аз Индонезия бастаҳои туристии арзон таҳия карда мешаванд

Бо мақсади васеъ тарғиб намудани иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ имрӯз аъзои ҳайати Кумитаи сайёҳӣ, ки дар Индонезия қарор доранд, бо роҳбарияти Идораи мусулмонони Индонезия (Majelis Ulama Indonesia) мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими минбаъдаи таблиғи «Туризми ҳалол» байни кишварҳо, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои сайёҳони мусулмон баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқоти дуҷониба масъулин як қатор масъалаҳоро оид ба зиёд намудани шумораи сайёҳони мусулмонӣ аз Индонезия ба Ӯзбекистон, таҳияи бастаҳои туристии дастрас ва пешниҳоди хизматрасонии босифат баррасӣ намуданд.

«Мо дар бораи таърихи қадимаи Ӯзбекистон ва имкониятҳои сайёҳӣ маълумот дорем. Имконияти шинос шудан бо коре, ки олимон-энсиклопедистхои ӯзбек дар бобати пропагандаи ислом анҷом додаанд, мероси илмии онҳо мусулмонони Индонезияро шод мегардонад. Аз ҷумла, беш аз 5 миллион нафар сокинони ҷазираи Суматра пайравони таълимоти нақшбандӣ мебошанд. Аз ин рӯ, хоҳишмандони сафар ба Ӯзбекистон зиёданд”, - гуфт доктор Сударното Абдул Ҳаким, мудири бахши равобити байналмилалии Идораи мусалмонони Индонезия.

Зимни мулоқот мақомоти расмии Индонезия дар бораи ислоҳот ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар Бухоро пурра хабардор карда шуданд.

Дар натиҷаи мулоқот доир ба ташкили намоиши наворҳои таблиғотии марбут ба Бухоро дар экранҳое, ки дар хиёбонҳои серодами масҷидҳои Индонезия ва гирду атрофи онҳо насб шудаанд, ба мувофиқа расиданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: