СИФАТ ВА ФАРОГИРӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Хидматрасонии суғуртавӣ яке аз воситаҳои ҳифзи иқтисодиёт аз хатарҳои гуногуни молиявӣ мебошад.

Аммо то ба наздикӣ нақши хидмати суғурта дар бозори молиявии мамлакатамон ба дараҷаи бояду шояд набуд.
Солҳои охир бошад, бобати ислоҳсозии бозори суғуртаи миллии мамлакатамон ва таъмини рушди босуръати он, ҷорӣ намудани намудҳои нави хидмати суғуртавӣ, ки талабот ба он зиёд аст ва баланд бардоштани боварии истеъмолгарон ба бозори суғурта муназзам корҳо ба амал бароварда шуданд.
Ҳоло дар бозори суғуртаи мамлакати мо 41-то суғуртакунандагон фаъолият мебарад, ки аз онҳо 33 суғуртаи умумӣ ва 8 суғуртаи ҳаёт, инчунин, 7 суғуртаи хидматрасонии брокерӣ, 5 актуарӣ ва 19 ассистанс, адҷастер ва сюрвейерӣ мебошанд. Шумораи онҳо нисбат ба соли 2017 ду баробар афзудааст.
Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи фаъолияти суғурта» дар ин соҳа давраи нав кушод. Чунки қонуни мазкур соҳаи суғуртаро ҳамаҷониба фаро гирифта, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хидмати суғурта ва субъектҳои дигари фаъолияти суғурта пурзӯр гардонда шудааст.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ин ҳуҷҷат фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғуртаро ба тартиб оварда, ҷолибияти бозори суғуртаро барои сармоягузорон таъмин карда, заминаи ҳуқуқии танзими низоми суғуртаи электронӣ ва фаъолияти суғуртаро ташаккул дод. Дар натиҷа, қоидаҳои амали бевосита ва механизми ягонаи идоракунии муносибатҳо дар соҳаи фаъолияти суғурта ҷорӣ карда шуданд.
Инчунин, усулҳои назорати пруденсиалии соҳаи суғурта, ҷорӣ кардани механизмҳои замонавии идоракунии корпоративӣ, намудҳои электронии хидматҳои суғурта, аз ҷумла, асосҳои ҳуқуқии суғуртаи онлайн ва механизмҳои он такмил дода шуд. Дар қонун талабот оиди дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил намудани ташкилотҳои суғуртавӣ дар назар дошта шудааст.
Дар натиҷаи такмилёбии асосҳои ҳуқуқии мувофиқгардонии фаъолияти суғурта низоми суғуртаи ҷавобгарии шаҳрвандии соҳиби воситаҳои нақлиёт, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шуд. Тибқи он низоми содагардондашудаи «Европротокол» ҷорӣ гардид, ки ҳодисаҳои нақлиёти роҳ бидуни иштироки мақомоти ваколатдор (бехатарии ҳаракати роҳ, мақомоти роҳ) дида баромада мешавад. Ҳангоми суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии шаҳрвандии интиқолдиҳанда ба соҳибкори инфиродӣ мақоми интиқолдиҳанда дода шуда, аз тарафи онҳо барои мусофирони интиқолдиҳанда суғуртаи бехатарӣ муайян карда шуд.
Дар баробари ҳамин,  бо ҳуҷҷатҳои қонун барои содиркунандагон ҳангоми истифодаи хидматҳои суғуртавӣ тартиби ҷуброни хароҷоти пардохти мукофоти суғуртавӣ ба роҳ монда шуд, ки ба сифати гарав истифода мебаранд.
Дар ин маврид, ки содиркунандагон ба сифати гарав аз хидматрасонии суғуртавӣ истифода мебаранд. 100 фоизи мукофоти суғуртавие, ки барои суғуртакунандагон пардохта шудааст, вале на бештар аз 1,0 фоиз (0,5 фоиз) аз маблағи суғурта аз ҷониби Агентии рағбатноксозии содирот ҷуброн карда мешавад.
Ба ҷойи хулоса бояд гуфт, ки  суғурта дар иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Солҳои охир дар ин соҳа  ба дигаргуниҳои куллӣ рӯ оварда, тағйиротҳои ҷиддӣ рух дод. Натиҷаи ҳамин саъю кӯшиш аст, ки сифат ва фарогирии хидматрасонии суғуртавӣ васеъ гардида, боварии аҳолӣ ба хидмати суғурта меафзояд.  

Ҷавлонбек ЭРГАШЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: