ЭЪТИБОР БА АРЗИШҲОИ ДИНӢ

Бухоро на танҳо дар пешрафти илму фан, балки дар ривоҷу густариши дини ислом низ аз қадим саҳми бориз гузоштааст.

 Айни замон мушоҳида мешавад, ки дар ин шаҳри куҳанбунёд ҳазорҳо нафар намояндагони дини ислом дар мазҳари устодони соҳибмақоми худ тарбияву таълим гирифта, ба мақоми баланд ноил гардидаанд. Ҳиссаи ин шаҳри азимро ба эътибор гирифа, «Қуббат-ул-ислом» ном дода буданд. 
Бо ташаббуси Созмони таълим, фан ва маданияти ислом, Вазорати маданият, Маркази тамаддуни исломи назди Девони Вазирон ва ҳокимияти вилояти Бухоро бо мақсади ба ҷаҳониён тарғиб кардани мероси мадании кишвар, ҳиссаи сазовори аҷдодамон дар рушду нуфузи дини ислом дар давоми соли «Бухоро – дар соли 2020 пойтахти маданияти олами ислом» баргузор кардани беш аз 20 чорабинӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ифтитоҳ ва пӯшидашавии ботантанаи соли «Бухоро – дар соли 2020 пойтахти маданияти олами ислом» конфронс ва намоиши байналхалқӣ дар мавзӯи «Мақоми Ӯзбекистон дар мероси мадании дунёи ислом», форуми илмиву амалии байналхалқӣ дар мавзӯи «Ӯзбекистон – Маркази тамаддуни ислом», конфронси илмӣ дар мавзӯи «Саҳми Имом Бухорӣ дар рушди илми ҳадис», конфронсҳои илмиву амалии байналхалқӣ ва чорабиниҳои гуногуни маданӣ бахшида ба 915-солагии зодрӯзи Абдулхолиқ Ғиждувонӣ ва 700-солагии зодрӯзи Баҳоуддин Нақшбанд роҳандозӣ карда мешаванд.
Бинобар анъанаи созмони АЙСЕСКО 15 апрели соли ҷорӣ баргузор кардани маросими ифтитоҳи ботантанаи чорабинии мазкур дар шаҳри Бухоро пешбинӣ мешавад.
Интизор меравад, ки дар чорабинӣ аз 60 мамлакат беш аз 300 нафар меҳмонон, аз ҷумла, вазирони маданияти мамлакатҳои узви Созмони ҳамкории ислом, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ мисли ЮНЕСКО, АЙСЕСКО, ИРСИКА, олимони соҳаҳои гуногун, роҳбарони марказҳои илмиву тадқиқотӣ ширкат меварзанд.
Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани таркиб ва нуфузи иштирокдорони хориҷӣ, пешгирии ба Ӯзбекистон такрор ба такрор даъват кардани олимони як соҳа ва бинобар он, коҳиш додани хароҷот дар доираи чорабинӣ баргузор кардани форуми илмиву амалии байналхалқӣ дар мавзӯи «Ӯзбекистон – Маркази тамаддуни ислом», бо ҳамкории Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон  ва ИРСИКА роҳандозӣ кардани конфронс дар мавзӯи «Тамаддуни ислом дар Осиёи Марказӣ» дар назар дошта мешавад.
Барои омодагӣ ба барномаи давоми сол дар минтақаи Осиё муносиб қайд кардани шаҳри Бухоро – пойтахти маданияти ислом 17-18 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маданият бо ҳайати АЙСЕСКО вохӯрӣ ба амал омад. Дар он тарафҳо масъалаҳое мисли нашр кардани дастнабиштаҳои нодири исломӣ, чопи китоб дар бораи олимони Ӯзбекистон (ба забонҳои арабӣ, русӣ ва ӯзбекӣ), супурдани мукофоти ISESCO барои лоиҳаи беҳтарини маданӣ, ашёҳои беҳтарини ҳунармандии Бухоро муҳокима шуданд.
Дар ин бобат дар Вазорати маданият нишасти матбуотӣ низ ба амал омад ва дар он мутахассисони хориҷӣ, намояндагони соҳа ширкат карданд. 

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: