МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ МАЪРӮЗА МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Дар Академияи бонку молия бахшида ба «Маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев дар иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи генералии СММ, мундариҷа ва моҳияти он ва вазифаи асосие, ки аз он бармеоянд» ҷамъомади иттиҳоди касабаи бозори мол ва истеҳсолгарони маснуоти амвол, савдо ва ташкили хидматрасонии кумитаи муттаҳидаи шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Дар ҷамъомад доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Самариддин Эшмирзоев доир ба масъала ва пешниҳодҳое, ки дар иҷлосия аз тарафи сарвари мамлакатамон пешбинӣ гардида буд, суханронӣ кард.
Тавре ки қайд гардид, роҳбари давлатамон дар маърӯзаи худ доир ба пойдории сулҳу осоиш дар  ҷаҳони имрӯза ва ҷиҳатҳои ба худ хоси рушди  ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишварамон гуфта гузашт, ки аҳли ҷомеа онро бо таваҷҷуҳи хос қабул карданд.  
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки сарвари давлатамон ба он эътибори алоҳида нигаронд, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Аз ҷумла, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз соли 2017 ду баробар коҳиш ёфт, ки то соли 2030 ба 7 фоиз кам кардани он пешбинӣ шудааст. 
Дар ҷамъомад доир ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи меҳнат, аз ҷумла, дар кишварамон пурра бекор карда шудани меҳнати маҷбурӣ, бачагона ва баробарии гендерӣ низ сухан рафт, ки дар ин хусус низ корҳои муназзам анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, 49 дарсади донишҷӯёнеро, ки соли гузашта ба донишгоҳҳо дохил шуданд, духтарон ташкил доданд. Ҳиссаи занон дар идораҳои давлатӣ бори аввал ба 35 фоиз расид. Дар бораи ҳимоят аз зӯроварӣ нисбати занон ва ноболиғон қонуни алоҳида  қабул шуд.
Масъалаҳои барои кишвар муҳиме, ки оиди тағйирёбии иқлим, ифлосшавии муҳити зист, таъминоти об ва ғайра, ки аз тарафи роҳбари давлатамон дар иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи генералии СММ таъкид гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар охир раиси иттифоқи касабаи соҳаҳои мазкур Дилфуза Исмоилова таъкид кард, ки мавзӯъҳои  мазкур дар таҳияи барнома ва нақшаҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба молики аҳамият аст.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: