Ато МИРХОҶА НОЗИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

(Дар ҳошияи Муоҳидаи дӯстии ҷовидона байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон)

Баъд аз ин бувад ҳар сол
Соли тоҷику ӯзбек.
Сафҳа-сафҳа нек ояд
Фоли тоҷику ӯзбек.
Шуд ду боли мурғи бахт
Боли тоҷику ӯзбек.
Ҳоли боғи шодоб аст
Ҳоли тоҷику ӯзбек.

Баъд аз ин намояд гул
Кори тоҷику ӯзбек.
Тоза-тоза хушбахтист
Ёри тоҷику ӯзбек.
Чашми дӯстон бошад
Чори тоҷику ӯзбек.
Ҳосидонашон гарданд
Зори тоҷику ӯзбек.
Баъд аз ин чӣ ширин аст
Коми тоҷику ӯзбек.
Ҷовидона шуд гардон
Ҷоми тоҷику ӯзбек.
Баски як ҳаво дорад
Боми тоҷику ӯзбек,
Хона-хона як бошад
Номи тоҷику ӯзбек.

Баъд аз ин ба ҳам шуд ҷӯр
Сози тоҷику ӯзбек.
Майли сайди дилҳо кард
Бози тоҷику ӯзбек.
Дар забон намегунҷад
Рози тоҷику ӯзбек.
Дар ҷаҳон намегунҷад
Нози тоҷику ӯзбек!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: