ДАР СУҲБАТИ РАИСИ МАҲАЛЛА

ё худ деҳаҳо обод — дилҳо обод

Вай аз хурдсолӣ бачаи кунҷков буд. Аввалин садое, ки ӯро мутаваҷҷеҳ сохт, садои муаззин буд.
— Ин чӣ  садоест? — пурсид ӯ аз янгааш момои Асила.
— Садои муаззин аст, — посух дод янгааш, — мардумро ба намоз даъват мекунад.
Муродҷон он вақт чор ё панҷ сол дошт. Ин садо, ки ҳар субҳу шом баланд мешуд, ба гӯшаш нишаста буд. Бачагии беғубори ӯ дар оила ва байни ҳамсоягони обрӯманду меҳнатдӯст ва меҳмоннавоз пайсипар гардид. Пораҳои зиндагии нотакрори бачагӣ ҳар замон хира-хира ба ёдаш мерасанд. Гоҳо ин сатрҳои Лоиқи зиндаёдро зери лаб такрор мекунад, ки ба бачагии беғубор бахшида шудааст:
Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд,
Баччагӣ аз мо буду 
аз мо набуд,
Бехабар мондем, 
то дидем фарсахҳо гузашт...
Берун аз девори ҳавлӣ садои кӯбиши оҳан Муродҷони хурдсолро сӯйи устохонаи оҳангарӣ мебурд. Дастаи асбоби ҳаводиқиро бо ҳамсояписарон бо навбат мекашид, медид, ки оҳани сард дар даруни лахчаи оташ, баъди кӯбиши оҳангари пир – маълӯли Ҷанги дуюми ҷаҳон лаългун гардида, ба асбоби муҳими рӯзгор: белу каланд, досу тешаву корд ва ғайра табдил ёфтаанд.
— Зиндагӣ мисли ана ҳамин оҳангархона аст. Фарзанди инсон дар кӯраи он мисли оҳану пӯлод обу тоб меёбад, мегуфт оҳангари пир, — нақл мекунад қаҳрамони мо. — Бачагиям дар байни мардуми ду деҳа – Собу Синтаб ва дашти Арзанак гузашт. Ҳеч аз ёдам намеравад, падарам сарчӯпони пешсафи шӯъбаи 5-уми хоҷагии давлатии Нурато буд. Боре директори  хоҷагӣ Яхшимурод Халилов ба мақсади мукофотсупорӣ чорводорони шуъбаро дар овули Арзанак ҷамъ оварда, дар назди ҳозирон байрақи сурхеро, ки дар он бо ҳарфҳои заррин “Ғолиби меҳнати зарбдор” сабт гардида буд, ба дасти мани хурдсол супорида дархост намуд: ҳама дуо кунанд, то ин бача низ оянда мисли падар дар зиндагӣ комёб гардад, камарбастае дар хидмати халқ бошад. Ҳама даст ба дуо бардоштанд...
Тӯли даҳ сол ба ӯ омӯзгорони пуртаҷрибаи мактаби рақами 38 таълиму тарбия доданд. Баъди хатми мактаби миёна барояш бахти донишҷӯ гардидан насиб гардид. Дар факултети фанҳои умумитехникии Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айнӣ аз донишҷӯёни пешсафу фаъол буд. Сабақ аз устодон Ниряев, Левиев, Абдураҳмонова, Салим Кенҷа, Ӯрун Воҳидов, Мардон Шарофовҳо доираи ҷаҳонбинии ӯро вусъат бахшид. Бо мурури вақт донишу маҳорати худро зина ба зина сайқал дод. Маҳорати тарроҳии ӯ аз доираи факултет берун рафта буд. Ҳатто донишҷӯёни Донишкадаи меъморӣ низ  барои кори дипломӣ ба ӯ рӯйи ниёз меоварданд... Устодаш Ниряев истеъдоди ӯро пай бурда, борҳо таклифи дар кафедра мондан ва ба аспирантура ҳуҷҷат супориданро ба миён гузошт. 
— Наметавонам, — посух дод Муродҷон, — зеро дар оила  фарзанди ягонаам. Бояд дар дами пириашон дасти падару модар гирам...
Кӣ медонад, агар пешниҳоди устодро мепазируфт, шояд имрӯз ӯ ба сифати як олими ба назар намоён ба камол мерасид. Мешавад, ки баъзан ба зуҳури истеъдодҳои нодир шароити зиндагӣ, тангназарӣ ва урфу одатҳо садди роҳ мегарданд...
— Дуюми августи соли ҳазору нуҳсаду ҳафтод бароям рӯзи хурсандӣ буд, — гуфта буд боре ба ӯ бобои Тағоймурод, — зеро ту ба дунё омада будӣ. Бобои Тӯлибой гуфтанд: «Ҳамсоя, ба муроди дилат расидӣ, муборак бошад. Номашро Мурод гузор. Бигузор, дигаронро низ ба мурод расонад...
Муродҷон бино ба роҳхат аз соли хониши 1993-1994 дар мактаби зодгоҳ ба кор шурӯъ кард. Ҷамоаи омӯзгорон ва толибилмон эҳсос карданд, ки бо омӯзгори эҷодкоре сарукор доранд. Маъмурияти мактаб бо назардошти тавону салиқа ва кору фаъолияташ ӯро ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ ва маърифатӣ пешниҳод намуд. Дар ин вазифа дастовардҳои ӯ кам набуданд. Солҳое, ки ӯ ба сифати мудири қисми илмии мактаб кору фаъолият дошт, хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат ҷуста, ҷойҳои намоёнро ба даст дароварданд. Нӯҳ сол дар филиали коллеҷи хоҷагии қишлоқи ширкати Нурато ба сифати роҳбар кору фаъолият дошт...
Соли 2019 аҳли деҳаҳои Собу Синтаби ноҳияи Нурато дар маъракаи интихоботи раиси маҳалла номзадии Муродҷонро низ пешниҳод намуданд. Ғайричашмдошт дар байни се номзад пирӯзӣ насиби ӯ гардид. Бино ба қарори Президент доир ба рушди туризми дохилӣ бисёр мавзеъҳои ҷолиби кишвар, аз ҷумла, Синтаб деҳаи сайёҳӣ эълон гардид. 
Роҳи сайёҳоне, ки аз Самарқанду Бухоро дидан мекунанд, бевосита аз қаторкӯҳи Нурато мегузарад. Аз ин рӯ, барои рушди сайёҳии кӯҳӣ дар ин минтақа бисёр корҳо анҷом дода шуданд. Меҳмонхонаҳои хусусии замонавӣ қад афрохтанд, соҳибкорӣ ривоҷ ёфт. Ин ҳама имкон дод, ки бисёр ҷавонон бо шуғл фаро гирифта шаванд. Ҳодисаи хурсандибахши дигар ин аст, ки чанде қабл бино ба қарори Созмони умумиҷаҳонии туризм Синтаб мақоми «Деҳаи сайёҳӣ»-ро ба даст даровард.  
— Ҳоло аз кишварҳои гуногуни дунё сайёҳон ба ин деҳаи бостонию бӯстонӣ, ки ҷойҳои ҷолиби диққаташ кам нест, меоянд, — гуфт дар идомаи суханаш раис. — Танҳо дар давраи карантин теъдоди онҳо як андак коҳиш ёфт. Ҳоло бисёр мавзеъҳои хушманзари ин деҳаи кӯҳӣ ба ҷойи фароғату истироҳат табдил дода мешаванд. Дар мавзеи таърихии деҳа — Ҳисор, ки мардум Қурғонаш меноманд, ба мақсади шароити мусоид фароҳам овардан ба сайёҳҳони хориҷӣ, кӯпруку пиёдароҳҳо сохта мешаванд. Ин ҳама ба ҳусни деҳаи қадима меафзояд. 
Аз моҳи ноябри соли 2021 фирмаи хусусии сохтмонии «Йӯл қурилиш»-и вилоят бо даҳҳо техникаи замонавӣ барои васеъ, тахту ҳамвор ва мумфарш гардондани роҳи деҳа, ки қад-қади рӯди кӯҳӣ тӯл кашидааст, камар баст. Роҳбарони сектор, аз ҷумла прокурори ноҳия Фахриддин Норов дар корҳои ободонӣ саҳмгузоранд. Бо даву ғеҷи ӯ дар минтақаи дашти Синтаб ҷӯйи бетонии обгузар ба дарозии 12 километр бунёд гардид. Ин имкон  дод, ки як қисми замини бекорхобида азхуд карда шавад ва даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Дар корҳои ободонӣ ва беҳбудии рӯзгори аҳли маҳалла фаъолони маҳалла Қаҳҳор Гулназаров, Бахтиёр Холов, Дилбар Тӯраева, Дилбар Мунавварова, Мавҷуда Холова, И. Олибоев, Нуриддин Тӯхтамишев, Ҳоҷидеҳқон Мирзоев, Ҳоҷибердӣ Султоновҳо ёвари беғарази раисанд.
Шоир (равонаш шод бод!)  Аминҷон Шукӯҳӣ фармудааст:
Саҳархезу саҳардил бош доим,
Чу гул бар ханда моил 
бош доим.
Ба бадхоҳони худ ҳам ҳарфи
 хуш гӯй,
Вале дар ҳукм одил бош доим.
Моҳи майи соли равон дар ҷамъияти шаҳрвандони маҳаллаи «Синтаб» аз нав маъракаи интихоботи раиси маҳалла баргузор шуд. Аҳли маҳалла Муродҷони чашмикордон ва адлпешаро, ки бо корҳои амалиаш собит намуд, ки беҳбуди рӯзгори мардумро мехоҳад, такрор раис интихоб намуданд.
Боз як хурсандӣ. Ҳокими ноҳия Азамат Файзиев моҳи апрели соли равон вақте дар толори варзишии мактаби рақами 49 бо мардум вохӯрӣ гузаронд, аз ҷумла, изҳор дошт:
— Ба шумоён боз як хабари хушро расонданиям. Имсол деҳаҳои Собу Синтаб ба Барномаи «Деҳаи обод» дохил карда шуданд. Роҳбари мамлакат ба ободии деҳаҳо эътибори ҷудогона медиҳад. Бубинед, маҳз барои ободии Собу Синтаб 19 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Ин маблағ ба сангфаршу мумфарш кардани 17 километр роҳҳои дохилӣ, шинондани сутунҳои бетонии хати барқ дар масофаи 18,4 км, устувор намудани трансформаторҳои нав, хати лӯлаи об (ба дарозии 10 км), бунёди бинои нави маҳалла, кӯдакистон барои 90 ҷой, таъмири мактаби рақами 38 ва бунёди синфхонаҳо барои 96 нафар хонанда, дар мактаби рақами 49 бунёди синфхонаҳо барои 120 нафар хонанда, аз дасти таъмир баровардани БТД (бунгоҳи тибби деҳа)-и Соб ва кӯпрукҳо масраф карда хоҳад шуд.
Бале, ба қавли роҳбари мамлакат ислоҳоти созанда бебозгаштанд, ободии маҳаллаҳо ободии дили мардум аст.

Иззатулло АЛИБОЕВ,
муаллими тоифаи
 олии мактаби рақами 
38-уми ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: