Хонандагон бо кори муфид машғуланд

Таътили тобистонаи хонандагони мактабҳои таълими умумии ноҳияи Нурато бофароғат ва пурмазмун мегузарад.

Аз ҷумла, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Корвони ҷавонон” дар минтақаҳои дурдасти ҷамоати шаҳрвандони “Сентоб” ва “Каттаэҷ” таҳти мавзӯи “Ҷавонони бомаънавият – истиқболи Ӯзбекистони Нав” чорабинии маънавию маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҷавонони эҷодкори мактабҳои тоҷикии рақами 21, 30, 38, 43, 49 бо озмуни суратҳои “Меҳри Ватан дар суратҳо” иштирок намуданд. Инчунин, аз ҷониби онҳо шеър, суруду таронаҳо иҷро карда шуданд. 
Дар поёни чорабинӣ ба ҷавонони эҷодкор маҷмӯи китобҳо тақдим карда шуданд.

Ӯ. РАҲМОН,
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».
Дар сурат: лавҳа аз чорабинии маънавиву маърифатӣ.   
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: