Барои муҳофизат аз сел ва обхезӣ дар Ӯзбекистон 115 миллиард сӯм ҷудо карданд

Дар Ӯзбекистон имсол барои безарар гузарондани туғёни об, селравӣ ва обрезӣ дар 67 объекти об 115 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Дар ин бора дар брифинг дар АИКО сардори раёсати ВВФ Фурқат Абдиқодиров хабар дод.

Ҷумҳурӣ аз ҷиҳати хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва геологиаш минтақаи ба офатҳои фавқулодда ва инҷиқиҳои табиӣ дучоршаванда мебошад. Бо дарназардошти ин, гурӯҳҳои кории махсуси иборат аз кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Вазорати экология, Вазорати кӯҳу геология, Вазорати хоҷагии об ва дигар идораҳои масъул минтақаҳои зери хатари сел, обхезӣ ва ярчро омӯхтанд.

Тибқи натиҷаи таҳқиқот 1027 хоҷагии фермерӣ ва 5127 нафар шаҳрвандон муваққатан ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шуданд. Дар 137 хоҷагӣ ва барои 674 нафар шаҳрвандон тадбирҳои муҳофизати муҳандисӣ пурра ба ҷо оварда шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: