МАКТАБЕ ДАР ХУФАР

Мактаби таълими умумии рақами 8-ум, ки дар деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиё ҷойгир шудааст, таърихи ғанӣ дорад.

Мактаби таълими умумии рақами 8-ум, ки дар деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиё ҷойгир шудааст, таърихи ғанӣ дорад. Сараввал ин таълимгоҳ аз соли 1926 то соли 1938-и қарни гузашта ҳамчун мактаби ҳафтсола фаъолият доштааст. Оғоз аз соли 1938 бошад, то соли 1947 ҳамчун мактаб-интернат фаъолият намудааст.
18 майи соли 1997 ба муносибати 70-солагии ин даргоҳи муқаддас чорабинии хотирмон баргузор шуда буд. Дар ин рӯзи пурфараҳ аз ҳар ҷо дастпарварону шогирдони ин таълимгоҳ ҷамъ омада буданд.
Мактаби мазкур ҳамчун маскани илму дониш дар арзи солҳои зиёди фаъолият бисёр шогирдони асилу соҳибилмро тарбия намуда, ба камол расонидааст, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун кору фаъолияти пурсамар доранд. Чунончи, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аскаралӣ Раҷабов, номзади илми тиб Саидафзал Бобоев, номзади илмҳои филологӣ Анзурат Маликова ва Назира Мамадқулова, устоди Донишгоҳи тиббӣ Фазлиддин Қаландаров, ҳамчунон Ҳошимҷон Шукуров, Қурбонмурод Иброҳимов, Иброҳим Халилов, Илҳом Хидиров, шоир Абдуалӣ Ғафур ва даҳҳо нафарони дигар дар ҳамин деҳа таваллуд ёфтаанду имрӯзҳо ифтихори мо – хуфариён мебошанд.
Ҳоли ҳозир дар ин таълимгоҳ 690 нафар хонанда таҳсил мегирад ва ба онҳо устодони ботаҷриба сабақ меомӯзанд. Роҳбарии ин мактабро омӯзгори ҷонфидо Тӯхтамурод Каримов ба ӯҳда дорад.
Камина низ зодаи ин деҳаи зебоманзар буда, алҳол бо ин диёру мардумонаш ифтихор дорам. Суханони худро бо ин мисраъҳои шоир ба итмом расонида, боварии зиёд дорам, ки минбаъд низ дар деҳа фарзандони соҳибилму соҳибиқтидор ба камол хоҳанд расид, ки хидматгори халқу Ватан хоҳанд шуд:
Ҷон кунам шайдову қурбонат Хуфар,
Ҳамчу қурбони азизонат Хуфар.
Об чандон гар хӯрам ҷойи дигар,
Ташнаам бар чашмасоронат Хуфар.

Фарзона ҲАМИДЗОДА, 
донишҷӯи бахши тоҷикии факултаи филологияи ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: