ТАЗОДҲО

Дар яке аз растаҳои бозор дидам, ки фурӯшанда ва харидор баҳс мекарданд.

– Вазнинтар карда додан гиред, – мегуфт харидор. – Шумо деҳқон-ку.
– Деҳқонам, вале бубахшед, ки ба ҳаққи тарозу хиёнат карда наметавонам, – мегуфт фурӯшанда.
Харидор харидашро бо рӯйи турш гирифту рафт. Фурӯшанда бо ҳайрат аз паси ӯ нигоҳ карда монд.
***
Баъди маросими дафн дасторхони маитеро дар хонааш дидам, ки дар он тамоми анвои хӯрданӣ буд.
Соҳибони хона барои омода намудани он харҷи зиёде кардаанд.
Ба дил гуфтам, ки бечора марҳум оё дар умраш аз ин ғизоҳои гаронбаҳо чашида бошад?
***
Мардеро дидам, ки ҷӯраашро маҷбур мекард, ки ҳамроҳаш ба меҳмонӣ равад. Ҷӯрааш боисрор таъкид мекард, ки ман намеравам, зеро даъват накардааст.
Намехоҳам туфайли ту равам ва туфайлихӯр шавам.
Баъзан ба туфайлихӯрон низ вомехӯрем.
***
Дар одамон нишоне аз одамӣ намондааст, – гуфт яке. – Ба ҷӯйи калони деҳа саги мурдаро партофтаанд, ки ба шохе андармон даруни об истодааст.
– И-е, кори хуб нашудааст-ку, – гуфт дигаре. – Хайр, аз об кашида гирифтед?
– Чаро ман мегирифтаам? – рӯй турш кард аввалӣ. – Чӣ, ман партофтаам, ки аз об кашида гирам?..
Мо то кадом дараҷа лоқайду худбинем!
***
– Чаро дар оби ҷӯ чиркатро рӯйи об мекунӣ,? – танбеҳ дод марде ба ҷавонзане, ки дар лаби ҷӯйи калон як тағора чирки либосашро рӯйиоб медод. 
– Охир, аз ин ҷӯй мардум об мехӯранд!
– Амак, – гуфт ҷавонзан сар боло карда. – ҳамин гапу насиҳататонро ба келини худатон ҳам мегуфтед, хуб мешуд.
Мардак чизе нагуфт ва шитобон роҳашро идома дод.

Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ,
ноҳияи СӮХ.

 

 


Ҳикоёти муҷаз

Қарз

Вақте Ҳавво – модари кулли башар, ба муҷибе биҳиштро тарк мекард, аз ғам сарафканда буд. Аммо...
То фарзандонаш роҳи бозгаштро фаромӯш насозанд, аз ҷӯйҳои он макони мубарро шири ҷонбахшро вом гирифт...

Нидои Модар

Забонгумкардагон..!
Дарҳои биҳишт ба рӯйи шумо ҷовидона бастаанд – хиёнат ба шири модар ҷуброн надорад!

Мақоми забони модарӣ

Мегӯянд, ки... 
Чун ба биҳишт рафт, модар ба ёди фарзандони худ афтодаву онҳоро меҷӯяд.
Нури дидагонашро маҳз аз забонашон мешиносад он фариштаи Худованд! 

Роҳ ба дӯзах

Худованд барои инсон феҳрести «Гуноҳҳои кабира»-ро фиристод.
Дар сатри аввал навишта буд:
«Хиёнат ба шири Модар...!»

Ҷазо!

Вақте ҷон ба Ҳақ таслим мекард, талх буд коми мӯйсафед ва ду бари рӯяш ангиштвор сиёҳ!
«Модарҷон» – гуфта натавонист он бандаи забонгумкарда!

Хоин!

Модар ду сол ба тифли худ шир дод, оқибат забонаш гардон шуд. 
Аммо ба намакдон туф кард он ҷоҳил, забони модарашро арзон фурӯхт!

Посух

– Мошинамро мефурӯшам, – гуфт ҷавони аз барои мансабаке миллаташро тағйирдода. – Навашро мехарам! Ду сол хидмат кард, кифоя. Чӣ гуфтед, «Она»!
Ва фавран ба Модар нигарист, ки аз ин тасмими ӯ чӣ андеша дорад.
– Мошин миллат нест! Фурӯхтан гир, бачем, – гуфт модар ғамгин ва ба мағриб нигарист, ки офтоб майли ғуруб дошт.  

«Обрӯ»

Дар ивази «хидмат»-ҳояш мансабаке доданд.
Акнун мақом ёфта буд, ҷоҳу ҷалол низ пайдо кард, ниҳоят сарватманд шуд – кордаш мудом болои думба! Аммо...
Обрӯ надошт он хӯса – на дар пеши Холиқ ва на дар байни халоиқ!
Шиносномаи худро ба касе нишон намедод!

Шариф ХАЛИЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: