ХОНАДОНИ АРҶМАНД ДАР ХУҶАНД

Вилояти Суғди Тоҷикистон ва маркази маъмурии он Хуҷанд ба ҷумҳурии мо бисёр наздик, эҳтимол барои ҳамин ҳам халқҳое, ки дар ду ҷониби марз истиқомат доранд, аҷдодашон, ки аз давраи бостон равуо канда накарда, паҳлӯ ба паҳлӯ кору зиндагӣ намуда, қаробат ва некҳамсоягариро ба ҷойи худ гузошта омадаанд, имрӯз низ хешӣ ва ҳамҷиҳатиро бо риштаҳои меҳру оқибат мустаҳкам менамоянд.

Вилояти Суғди Тоҷикистон ва маркази маъмурии он Хуҷанд ба ҷумҳурии мо бисёр наздик, эҳтимол барои ҳамин ҳам халқҳое, ки дар ду ҷониби марз истиқомат доранд, аҷдодашон, ки аз давраи бостон равуо канда накарда, паҳлӯ ба паҳлӯ кору зиндагӣ намуда, қаробат ва некҳамсоягариро ба ҷойи худ гузошта омадаанд, имрӯз низ хешӣ ва ҳамҷиҳатиро бо риштаҳои меҳру оқибат мустаҳкам менамоянд.

Нимаи дувуми солҳои ҳафтодуми асри сипаришуда дар риштаи филологии Донишгоҳи Хуҷанд (он асно ИДПЛ ба номи Киров) таҳсил намудаам. Ба ҳар як шахс як умр бисёр азиз мондани шаҳре, ки таҳсил ва давраи беғубори ҷавонӣ дар оғӯши он гузаронидааст, ҳолати табиист. Аксар ҳамсабақҳо ба адабиёт ва эҷоди бадеӣ рағбат доштем. Дар шаҳри бостоние, ки Шайх Камол барин булбули боғи шеъриятро ба олами адаб ҳадя намудааст, овони донишҷӯиямон Раҳим Ҷалил, Озод Аминзода, Қурбон Алӣ, Маҳкам Пӯлод, Норинисо Алимуҳаммад барин шоиру нависандагони номӣ фаъолият мебурданд. Падидаҳои эҷодии навқаламон аз назари онҳо мегузашт, дар рӯзномаи донишгоҳ «Маҳорати педагогӣ» намунаҳо ба табъ мерасиданд. Мӯҳсин Аминзода (писари шоир Муҳиддин Аминзода) дар курси мо мехонд. Донишҷӯ буду аллакай чун шоир ном бароварда ва байни ҳамдарсону устодон иззату эҳтиром дошт. Муҳсинакаро (вай аз мо панҷ сол калон буд) чун устод ҳурмат мекардем мо ҳамсабақон. Қоидаҳои вазни арӯзро ман аз вай омӯхтаам. Бо дастгирии апааш Озод Аминзода, ки чун мудири шуъбаи адабиёт ва маънавият дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Хуҷанд») адои вазифа дошт, аввалин шеърҳои шогирдонаам рӯйи чоп дидаанд.
Намояндаи хонадони арҷманд ва дар тамоми шаҳр номдоре буд ҳамкурси мо Мӯҳсинака. Падараш, тавре ишора карда гузаштем, шоир ва тарҷумони шинохта Муҳиддин Аминзода – яке аз шогирдон ва ҳамсафони Устод Айнӣ дар музофоти Хуҷанд.
Муҳиддин Аминзодаро дар Ӯзбекистон низ доираҳои адабӣ хуб мешинохтанд, чун яке аз тарғибгарони адабиёти ӯзбек дар Тоҷикистон эҳтиром менамуданд. М.Аминзода таҳсилкардаи курси омӯзгории омӯзишгоҳи шаҳри Самарқанд мебошад. Ҳамчунин солҳои 1928-1929 дар Донишгоҳи мусиқии Ӯзбекистон асрори санъат омӯхта, баъдтар баробари шоирӣ ва мутарҷимӣ чун танбӯрнавози чирадаст низ дар ду ҷумҳурӣ машҳур шудааст. Вай тӯли умр барои равнақи адабиёт ва санъат то қадри имкон хидмат намуд. Солҳои 1933-1937 ҳамчун мудири бахши адабии Театри давлатии Хуҷанд ифои вазифа сохту баъд роҳи Душанберо пеш гирифт. Тақдир ба Театри давлатии опера ва балет пайваст. Меҳри зодгоҳ ӯро ба худ кашид – ба Хуҷанд баргашту ба шохаи дигари фаъолият – тарҷумонӣ бештар машғул гардид. «Борис Годунов»-и Пушкин, «Духтар ва марг»-и Горкий, «Сирри ҳарбӣ»-и Гайдар, «Аршин мол-олон»-и В.Ҳоҷибеков ва ғайраҳоро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардонд. Аз хурдсолӣ баробари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба туркӣ-ӯзбекӣ меҳру муҳаббат дошт. Навоию Бобурро меписандид. Достонҳои Навоиро чанд нафар ба тоҷикӣ баргардонда бошанд, достони «Фарҳод ва Ширин», ки М.Аминзода тарҷума кардааст, миёни онҳо аз ҳама дақиқ, ба асл наздик ва равону шево баромадааст. «Гулсара»-и Комил Яшинро, айни замон, Муҳиддин Аминзода ба тоҷикӣ баргардонда ва дар ба саҳнаи театр баровардани он заҳмати зиёд кашидааст.
Духтари калонии Муҳиддин Аминзода – Озод низ, ки номаш дар боло зикр гашт, аз шоираҳои хушбаёну хуштабъ буд. Аввалин шеърҳояш соли 1957, асное донишҷӯ буд, рӯйи чоп дида бошад, тӯли умр якчанд дафтари ашъор, аз қабили «Сатрҳои нахустин», «Бо ёди ту», «Чашми бедор», «Дилбари саҳро», «Пайроҳаи сабз», «Сипос», «Ёди ширин» ба дӯстдорони шеърият тақдим намуд. Соҳиби медали «Барои меҳнати шоён», Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Озод Аминзода шоираи ҷаҳонгашта буд, аз Олмон, Фаронса ва Булғористон барин кишварҳои Аврупо дидан кард ва таассурот дар сурати шеъри рангин баён намуд. Тошканди азизи мо низ ба шоира таъсири хуб гузошта, аз тамошои он ба ваҷд омада буд:
Субҳи дилҷӯст, дилоро шудаӣ,
Боз ҳам хурраму зебо шудаӣ,
Шавқорандаи дилҳо 
шудаӣ,
Шаҳри зебо – Тошканд.
Духтари дигари Муҳиддин Аминзода – Зебо Аминзодаро чун раққоса ва балетмейстери нотакрор хуб мешиносем. Нозукиҳои санъати рақсро ҳанӯз аз давраи хурдсолӣ вай аз модаркалонаш Кароматхон Зокирова ва модараш Ойдиной Усмонова, ки ҳарду ҳунарпешагони мардумӣ буданд, омӯхта ва аз 9-солагӣ ба Омӯзишгоҳи хореографии Маскав ҷалб шудааст. Соли 1965 Мактаби олии рақсу хореографияи шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Зебо Аминзода ҳамчунин хатмкардаи Институти давлатии омӯзгории Хуҷанд (1980) мебошад. Вай солҳои 1965-1978 дар Театри мазҳакавӣ-мусиқии Хуҷанд кор кард, баъд ба Душанбе рафта, ба таъсиси ансамбли рақсии «Зебо», ки хеле овозадор аст, ҳиссагузор шуд. Ба ансамбли рақсии «Гулрез» низ сарпараст гардид. Ҳунарпешаи мардумии собиқ иттиҳод З.Аминзода ду сол қабл аз ин ба Тошканд омад, ансамбли ӯ бо санъати нотакрор қалби ҳазорон дӯстдорони рақсро тасхир намуд. Вай дар суҳбат ба мо гуфт: Тошканд нафақат шаҳри нон, шаҳри дӯстӣ ва дарвозаи Шарқ, айни замон яке аз марказҳои санъат ва фарҳанги замонавист, бо ин шаҳри шукуфон, ки замонҳое дар оғӯши меҳри он буда ва таҳсил кардааст, ифтихор мекунад.
Фарзанди хурдии хонадон Муҳсин соли 1980 донишгоҳро хатм намуд. Аз соли 1981 то кунун дар Кумитаи телевизион ва радиои вилоят  фаъолият бурда, дар таҳияи барномаҳои адабию фарҳангӣ ва филмҳои мустанад саҳм мегузорад. Барои таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ дар бораи Аминҷон Шукӯҳӣ, Боймуҳаммад Ниёзӣ, Муҳиддин Аминзода, Озод Аминзода ва дигарон сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ шудааст. Филмномаи ӯ дар асоси ҳаёт ва фаъолияти адабии Нависандаи мардумии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил низ хуш пазируфта шуд. Очеркҳои адабиаш «Диловарони Ёва» ва «Ӯ аввалин буд» оиди шуҷоат ва мардонагию меҳнатдӯстии зодагони деҳаи Ёваи вилояти Суғд, айни ҳол, баҳои сазовор гирифт.
Маҷмӯаҳои шеъри Муҳсин «Чашма» (1989), «Сояи хаёл» (1998), «Занҷираи заррин» (2007), «Қаламам Ватан навишт» (2014) ба дасту дили ҳаводорони назми муосири тоҷик ҳарорат бахшиданд. Вай достоне дорад бо унвони «Падарам шоир буд». Асное Муҳиддин Аминзода аз олам гузашт, Муҳсин ҳамагӣ 12 сол дошт. Падар, ки зоҳиран аз поёнёбии умр хабардор буд, ба фарзанди хурдсол насиҳатномаи шеърӣ навишт, ки бо «Писарҷонам...» оғоз меёбад.
Набояд кор, он коре, 
ки бад кард,
Ки бад номи касон бад 
то абад кард...
Муҳсин менависад:
Қадри ту гар ман надонам, 
эй Падар,
Бурдаи нонат маро
 кӯрам кунад.
Оташак ояд, занад чашми 
маро,
Гар насӯзам, зинда бар 
гӯрам кунад...

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
шаҳри Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: