«САЙРГОҲИ ҶАВОНОН» ДАР ҚАРШӢ

Дар шаҳри Қаршӣ «Сайргоҳи ҷавонон» сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки дар боғи мазкур гӯшаеро ба тариқи хосе обод сохтаву ба қиёфаи мутлақ дигар – ба хост ва ҷаҳонбинии ҷавонон мувофиқ гардондаанд. Роҳравҳои зебо ва гулгаштҳои сабзу хуррам барпо шуда, дар васати он шаршарае бунёд ёфт, ки аз баландии 20 метр об сарозер меояд ва нафаси оби сард дар кафи шамоли шомҳангом ба гардиш омадаву рӯҳҳоро болида месозад. Дар атрофи фаввора ва роҳравҳои ду барашон гулзор зиёда аз 100 курсӣ гузошта шудаанд. Чароғҳои боғ аз 115 адад панелҳои офтобӣ нерӯи барқро дарёб мекунанд ва атрофро чароғон месозанд. Барои ҳифзи тартибот дурбинҳои назоратӣ низ насб гардидаанд. Ҳамчунин, дар ҳамин мавзеъ меҳмонхонаи дорои 76 ҷойи хоб, 2 адад майдони минифутбол, 1 корти теннис, 1 китобхонаи замонавии дорои ҳамаи шароит, 2 адад маркази хониш ва омӯзиш, инчунин як тарабхона сохта ба истифода дода шуданд. Расми кушоиши ин маскани тафреҳии ҷавонон ба иди ҳақиқие мубаддал гардид.
Дар идомаи тантанаҳо ба 30 нафар ҷавонони ятим аз ҷониби ҳукумат калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуданд, ки хурсандии онҳо ҳадду каноре надошт.

Ш. ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: