Мирзо Абдулқодир Бедил на танҳо ҳамчун намояндаи адабиёти Шарқ, балки ба сифати вакили забардасти адабиёти ҷаҳон низ дар рушди тафаккури бадеиву зебоишиносии мардуми Шарқу Ғарб таъсиргузор аст.
Мирзо Абдулқодир Бедил на танҳо ҳамчун намояндаи адабиёти Шарқ, балки ба сифати вакили забардасти адабиёти ҷаҳон низ дар рушди тафаккури бадеиву зебоишиносии мардуми Шарқу Ғарб таъсиргузор аст. Хусусан, ашъори форсиву туркии пас аз нимаи дувуми асри ХVIII-ро бидуни таъсири Бедил тасаввур кардан амри муҳол аст. Аз ин таъсири файзбор адабиёти ӯзбек низ истисно нест. Нусхаи дастнабишти асарҳои Бедил, ки пас аз 32-33 соли вафоти шоир рӯбардор шудааст, собит мекунад, ки асарҳои пурқимати ӯ дар байни халқи ӯзбек ниҳоят барвақт паҳн гардидааст. Фитрат ҳатто ба эҷодиёти Машраб, хусусан, ба ашъори форсии ӯ мавҷудияти таъсири Бедилро зикр мекунад, ки ин ду шоири ҳассос дар як давр зиндагӣ кардаанд.
Маълум аст, ки Бедил дар адабиёти Шарқ ба сифати шоири услуби эҷодияш мураккаб эътироф шудааст. Хонда фаҳмидани осори ӯ, дарки моҳияти афкори бо тимсолу ташбеҳҳои зиёд печондашудаи шоир осон нест, омодагии алоҳидаро тақозо мекунад. Омили асосии мураккабшавии услуби шоир эҳтиёҷи талқини афкори амиқи фалсафӣ бо усули баланди бадеӣ мебошад. Чунонки худи шоир дар ин маврид таъкид мекунад:
Маънии баланди ман фикри тунд мехоҳад,
Сайди фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.
На танҳо мазмуни асарҳои Бедил амиқ аст, балки забони онҳо ба сабаби ғановати рамзу ташбеҳ душвор ҳам мебошад. Бар илова, як низоми яклухти истилоҳ ва тимсолҳое, ки дар эҷодиёти Бедил аз ҷониби худи ӯ коркард шудаанд, танҳо дар асарҳои шоир дучор меоянд. Барои ҳамин ҳам, бо мақсади фаҳмондани онҳо китобҳои зиёди шарҳӣ таълиф шудаанд. Аз ҷумла, Аҳмади Дониш низ як қатор рубоӣ ва байтҳои ӯро шарҳ додааст.
Дар байни халқи ӯзбек чун маснавихонӣ, ҳофизхонӣ, навоихонӣ, фузулихонӣ бедилхонӣ низ васеъ густариш ёфтааст. Бисёр бедилхонҳое ба воя расидаанд, ки асарҳои Бедилро хонда, мефаҳмонданд, бинобар эҷодиёти шоир баҳсу мунозираҳо ташкил мекарданд. Дар шаҳрҳое мисли Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хева, Андиҷон, Хуҷанд, Қӯқанд, Марғелон, Каттақӯрғон, Шаҳрисабз бедилхонҳои машҳур фаъолият дошта, шабҳои бедилхонӣ баргузор мешуд.
Фақат дар муҳити адабии Бухоро дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ даҳҳо бедилхонҳои забардаст мисли Аҳмади Дониш, Садри Сарир, Сипандӣ, Сират, Абдулбоқихӯҷаи Бебок, Савдо, Исо Махдум, Мирзо Абдураҳими Хаёл, Хиҷлати Бухорӣ, Муҳаммадбурҳони Қонеъ, Анвари Бухорӣ, Афзали Пирмастӣ, Бақои Мираконӣ, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Садриддин Айнӣ ҳузури фаъол доштаанд. Дар мадрасаи Турсунҷон бедилхониҳо бо иштироки Садри Сарир, Ҷунайдуллои Ҳозиқ, Мулло Музтари Косонӣ, Мулло Саъдиддини Моҳир, Мулло Муҳаммад Амини Самарқандӣ ва дигарон дар руҳияи баҳсу мунозира ва мусобиқаҳои эҷодӣ мегузаштааст. Мавзӯи асосии шабҳои шеърхоние, ки Мирсиддиқи Ҳайрат созмон медод, низ мероси Бедил буд. Чунонки таъкид мегардад, осори Бедилро хонда, маънои аслии онҳоро фаҳмидан, онҳоро шарҳ додан ва ба он шеърҳои сеҳрангез ҷавобияҳо навиштан, албатта, аз ихлосмандони шоир лаёқати баланди фикрӣ, маҳорат ва истеъдодро талаб мекард. Онҳое, ки аз уҳдаи ин гуна кори хеле душвор ва масъулиятнок мебаромаданд, бо равиши ҳаққонӣ аз «бедилхон» будани худ ифтихор мекарданд. Бинобар ривоят, дар яке аз чунин маҳфилҳои бедилхоние, ки «оинаи зебои донишмандии Шарқ» (Ҳ. Болтабоев) ба ҳисоб мерафт, яке аз бедилхонҳо 99 маънои як мисраи ба қалами шоир мансуб бударо кашф карда, ҳамаро дар ҳайрат гузоштааст. Лекин Бедил ҳамон шаб ба хобаш даромада, маънои садуми мисраъро ба ӯ гуфтааст.
Асарҳои Бедил ба барномаи таълимии мадрасаҳо дохил гардида, бо мақсади чарх додани зеҳни шогирдон, васеъ кардани доираи тафаккур ва ривоҷ додани нутқ бо шарҳу эзоҳҳо омӯзонда шудааст. Бо мақсади равон хондани матни алифбои арабӣ онҳо аз ҷониби бачаҳо бо хати шикаста ва нимшикаста рӯбардор шудаанд. Барои ба таври васеъ оммавишавии асарҳои шоир дар мадрасаҳо ба эҷоди ӯ эътибори алоҳида додан низ сабаб шудааст. Ба ҷиҳати он ки ба он талаб ва рағбат зиёд буд, хаттотони зиёде ба рӯбардоркунии осори шоир машғул гардидаанд. Масалан, хаттоти машҳури хивагӣ Муҳаммад Шариф онҳоро наздик ба даҳ маротиба рӯбардор кардааст. Ду нусхаи дастнабишти асарҳои шоир, ки аз тарафи Муҳаммад Азиз қорӣ рӯбардор шудааст, дар Музейи адабиёти ба номи Алишер Навоӣ нигоҳ дошта мешавад. Аҳмади Дониш низ дар як муддати муайяни ҳаёти худ бо рӯбардоркунии девони Бедил таъмини маишати рӯзгор кардааст. Дар як баёзе ҳам, ки бо дасти Огаҳӣ рӯбардор шудааст, ғазал ва мухаммасҳои Бедил мавҷуд аст. Ба ин тариқа, дастнабишти асарҳои Бедил зиёд рӯбардор шуда ва чопи сангии он мавҷуд аст.
Дар «Тазкираи Қайюмӣ» номи нӯҳ шоире, ки танҳо ба як ғазали бо радифи «раҳмат аст» эҷодшудаи Бедил мухаммас бастаанд, оварда шудааст: Роҷӣ, Роҷии Намангонӣ, Ирфон, Хиҷлат, Ваҳҳоҷ, Бокӣ, Парвона, Акмал, Қорӣ. Ин, албатта, маҳсули маҳфилҳои бедилхонӣ ва мусобиқаҳои байниҳамдигарӣ мебошад. Дар «Тазкират-уш-шуаро», ки ба шоирони форсигӯ бахшидааст, шоиронеро мисли Ҳаё, Сухан, Фориғ, Қобил, Маст, Маънӣ ба сифати пайравони Бедил нишон медиҳад.
Баҳсу мунозираҳое ҳам, ки соли 1911 дар саҳифаҳои маҷаллаи «Шӯро» дар бораи Бедил шудааст, аз чи қадар машҳур будани ӯ дар байни халқҳои туркзабон дарак медиҳад.
Ба бисёр ғазалҳои Бедил оҳанг баста шуда, дар таркиби шашмақом ворид шудани онҳо беҳуда нест. Дар баёзҳое ҳам, ки матни «Шашмақом» навишта шудааст, аз ҳама беш ғазалҳои Бедил ба чашм мерасанд.
Бедил на танҳо ба намояндагони адабиёти классик, балки ба шоирони ҳамзамони мо низ таъсири бориз гузоштааст. Намунаҳои равшани ин таъсирпазириро мо дар эҷодиёти шоироне мисли Ғ.Ғулом, Ойбек, Шайхзода, А.Мухтор, Э.Воҳидов, А.Орипов, Ҷ.Камол, С.Салим, М.Абдулҳаким, И.Субҳонӣ, Барнобек, В.Файзулло мушоҳида мекунем. Аз ҷумла, ашъори шоир ва академик Ғафур Ғулом аз таъсири Бедил дар канор нест. Ӯ яке аз бедилхонҳои пуриқтидор буда, дар мақолаҳояш аз Бедил иқтибос ва дар шеърҳояш ба мисраъҳои Абулмаонӣ тазмин бастанро дӯст медошт. Ӯ дар давоми зиндагии худ куллиёти Бедилро ҳамеша ҳамроҳ медошт, аксари ашъори ӯро аз ёд дониста, як умр таъсир пазируфтааст.
Намунаҳо аз эҷодиёти Бедил бори аввал соли 1960 дар маҷмӯаи «Тафаккур мевалари» («Меваҳои андеша»), ки аз ашъори шоирони мумтоз мураттаб гардида буд, ба нашр расид, дар он 21 рубоии шоир дар тарҷумаи Ғафур Ғулом, Носир Саидӣ ва Шоислом Шомуҳаммедов ҷой гирифтааст. Чанде пеш қиссаи «Комде ва Мадан», ки аз асари «Ирфон» гирифта шудааст, дар тарҷумаи Назармат ба нашр расид.
Шоири боистеъдод ва мутарҷими меҳнаткаш Матназар Абдулҳаким солҳои зиёд бо тарҷумаи ғазалҳои Бедил машғул гардид. Ин тарҷумаҳо дар чанд нашрия чоп шуд ва дар шакли маҷмӯаи алоҳида рӯйи чопро дид. Ӯ ашъори шоирони бузургро як андоза озод тарҷума мекунад. Аммо ин озодӣ бештар таъсири мусбии худро додааст. Асқар Маҳкам ва Ҷонибек Сувонқулов низ намунаҳо аз ғазалҳои Бедилро баргардон кардаанд. Роқими ин сатрҳо низ беш аз 200 рубоии шоирро дар вазни анъанавӣ ба ӯзбекӣ баргардонд, ҳамчунин як ғазал ва намунаи ҳикматҳояшро тарҷума карда, дар маҷмӯаи «Ойинаи ҳайрат», ки аз асарҳои Бедил мураттаб гардидааст, эълон карда буд.
Бинобар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Бедил, мазмуни асарҳое, ки услуби мураккаб дошта, дорои қабат-қабат паҳлӯҳои маъноӣ мебошанд, дар Ӯзбекистон хеле корҳо ба анҷом расидааст. Дар ин маврид тадқиқотҳои Абдурауф Фитрат, Садриддин Айнӣ, Иброҳим Муъминов, Шоислом Шомуҳамедов, Шавкат Шукуров, Ҳамидҷон Ҳомидӣ, Наҷмиддин Комилов, Иброҳим Ҳаққулро бояд зикр кард. Бояд гуфт, ки Бедил адиб ва мутафаккире мебошад, ки ба рушди ҳаёти адабию фарҳангии Мовароуннаҳр ва тафаккури иҷтимоиву фалсафӣ таъсири назаррас расонидааст. Ӯ на танҳо дар Шарқ, балки дар қатори шоирони забардасти адабиёти ҷаҳон низ истодагарӣ мекунад.
Қисми ниҳоят андаки мероси Бедил ба забони ӯзбекӣ баргардон шудааст. Тарҷумаи пурра ва тадқиқи ҳамаҷонибаи осори шоир бидуни шубҳа, онро ғановат бахшида, ба зинаи нав мебардорад. Таъсири Бедил ба адабиёти ӯзбек бояд аз ҳар ҷиҳат амиқ ва васеъ санҷида шавад.
Эргаш ОЧИЛОВ,
номзади илмҳои филология.