“МАРГИ СУДХӮР” ДАР САҲНИ ТЕАТРИ ӮЗБЕКИСТОН

Ба таркиби луғавии забони мо вожаҳои “театр”, “спектакл”, “актёр” дар ибтидои садаи ХХ ворид шудаанд.

Ба таркиби луғавии забони мо вожаҳои “театр”, “спектакл”, “актёр” дар ибтидои садаи ХХ ворид шудаанд.
Театр ба маънии майдон, саҳна буда, спектакл тамошост, тамошои саҳнаест бо иштироки актёрон. Мо тавассути мутолиаи китобҳои бадеӣ низ саҳнаҳои ҳаётӣ ва образу персонажҳоеро, ки нависанда ба риштаи тасвир кашидааст, пеши назар меоварем. Вале тавассути спектакл мо ин ҳамаро ба таври зинда мебинем. Маҳорати актёр дар пурра таҷассум карда тавонистани характер, гуфтор, рафтор ва кирдори ин ё он образ ошкор мегардад.
Санъати театрӣ бояд, мисли анвои ҳунарҳои дигар, рушд кунад. Ба ин мақсад дар кишварамон озмуну ҷашнвораҳои гуногуни ватаниву байналхалқӣ баргузор мешаванд.  
Инак, дар пойтахти ҷумҳуриамон “Форуми IV байналхалқии театри ҷавонон”-и кишварҳои ИДМ, назди Балтик ва Гурҷистон, ки чанд рӯз идома пайдо кард, ба анҷом расид. Дар ҷашнвора аз кишварҳои номбурда ҷамоаҳои театрҳо, ба мақсади таҳким бахшидани равобити фарҳангӣ ва табодули таҷриба, бо спектаклҳои худ ширкат ҷустанд. 
Дар доираи ҷашнвора дар Театри давлатии тамошобинони ҷавони Ӯзбекистон аз ҷониби ҷамоаи Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон спектакли “Марги судхӯр”, аз руйи повести Садриддин Айнӣ, ба маъраз гузошта шуд. 
Бояд гуфт, ки повести “Марги судхӯр”  яке аз асарҳои пурмуҳтаво ва ҷолиби устод Айнӣ буда, аз ҷониби суханшиносони худиву кишварҳои хориҷӣ чун қуллаи баландтарини ҳаҷви бадеӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик эътироф шудааст. Ба нависандаи маъруф мушоҳидаву кунҷковӣ имкон додааст, ки симои ашхоси хасису пулпарастро дар мисоли Қорӣ Ишкамба бо тамоми ҷузъиёташ ошкор намояд, то ояндагон аз он сабақ гиранд.
Болшевикон баъди дар Бухоро ҳокимиятро ба даст гирифтан, ҳамаи бонкҳоро бо пулҳои коғазин, тангаҳои тиллоию нуқрагин ва коғазҳои қиматдор ба тасарруфи худ медароранд. Судхӯри бухороиро лозим меояд, ки бо болшевикон ва инқилоб бархӯрд намояд.
Нақшҳоро дар спектакл се дорбози сирк, ки бо ароба ва декоратсияҳои худ дар шаҳрҳои Шарқ сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳанд, бозӣ карданд. Яке аз онҳо — Хушнуд Дадо нақши Қорӣ Ишкамба, ду нафари дигар – Фарҳод Ғаффорпур ва Фаррух Воитов нақшҳои сартарош, нонфурӯш ва донишҷӯйи мадраса (муллобачаҳо)-ро бозиданд.
Эҷодиёти шифоҳии бухориён – мавригиҳо, садои доира ва рақсу бадеҳаҳо  ба ҷолибияти спектал афзуданд.
Дар ибтидои садаи бист сарватмандон ба мардум қарзҳои фоиздор медоданд, дар бонкҳое, ки фоизашон зиёд аст,  амонатгузорӣ мекарданд. Яке аз онҳо Қорӣ Ишкамба – Қорӣ Исмат буд, ки дар бонки давлатии Русияи подшоҳӣ  2 миллион танга дошт, ки маблағи кам набуд. Имрӯз низ ба ниёзмандон бо фоиз қарз додан ба мушоҳида мерасад. Саҳнаҳои бо амалиёти бонкӣ сарукор доштани Қорӣ Ишкамба ҳодисаҳои спектаклро  ба рӯйдодҳои ҳаёти имрӯз пайвастаанд. Зеро имрӯз бонкҳо дар рӯзгори мардум ҷойгоҳи худро пайдо кардаанд.
Пеш аз тамошо мо фикр карда будем, ки забони спектакл тоҷикист. Вале мазмуну моҳияти онро актёрон бо забони рӯсӣ ба самъи тамошобин расонданд. Танҳо рақсу сурудҳо ва ороиши саҳна миллӣ  буд. Аз он, ки аксарият забони русиро медонистанд, спектаклро хеле хуш пазируфтанд.
Дар рафти намоиш дар саҳна ба гардиш омадани чархҳои ароба (ишора ба гузашти вақт)  басе рамзӣ буд...
 – Спектакли «Марги судхӯр» соли 2019  дар Ҷашнвораи VI байналхалқии театрии спектаклҳои хурд, ки дар шаҳри Нижневартовскии Русия баргузор шуда буд, сазовори диплом гардид. Худи ҳамон сол дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту ” (Душанбе) ҷойи якумро ба даст даровард,  – гуфт  ҳангоми сӯҳбат бо мо директори Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова, дастпарвари Институти санъати ба номи Мирзо Турсунзода Ғайрат Қодиров.  – Мо метавонистем спектаклро бо забони тоҷикӣ намоиш диҳем. Вале ғами тамошобинонро хӯрдем, ки аксарият ба забони русӣ балад ҳастанд.
Дар поёни спектакл аҳли толор намоишро бо кафкӯбиҳои дуру дароз, ки нишони эътирофи маҳорати актёрон буд, истиқбол гирифтанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ, вақте ба сухан баромад, хурсандии худро пинҳон дошта натавонист:
– Чунин гирдиҳамоии фарҳангӣ ва шод будан аз дидору ҳунари ҳунарпешаҳои якдигар ба туфайли иродаи сиёсии сарони ду кишвар: Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев имконпазир гардид, – изҳор дошт ӯ. – Санъат халқҳои моро ба якдигар  наздиктар месозад.  Ба созмондиҳандагони   ҷашнвораи зебо, ҳукумати Ӯзбекистон, вазирони фарҳанги ду ҷумҳурӣ ва истиқболи гарми шумо аз спектакли  ҳунарпешагони мо арзи сипос менамоям. 
– Шояд спектаклро бо забони тоҷикӣ намоиш медоданд, ман камтар баҳра мебурдам. Аз он ки бо забони русӣ намоиш дода шуд, ба умқи воқеаву ҳодисаҳо сарфаҳм рафта завқ бурдам, – таассуроташро ба ҳам дид яке аз тамошобинон Гулбаҳор  Аъзамова. – Дигар ҳама чиз: рақсу суруд, либоспӯшӣ, характерҳо, ороиши саҳна миллӣ буд. Сарфи назар аз ҷавониашон, актёрон нақшҳои худро ба дараҷаи олӣ бозӣ карданд.  Мисле, ки дар қатра хуршед гунҷида бошад, дар як спектакли хурд як олам маънӣ  гунҷидааст.
– Чунин намоишҳои ҳаҷвӣ ва ибратбахшро бояд бо аҳли оила тамошо кард. Рафтору кирдори қаҳрамону персонажҳо ба завқи бинанда меафзуданд. Дар ҷараёни тамошо дидам, ки пиру ҷавон худро аз ханда боздошта наметавонистанд. Шарики ман чанд бор бо рӯмолчааш оби чашмонашро, ки аз  ғояти ханда баромада буд, пок кард, — гуфт  тамошобини дигар Беҳрӯз Ҷамолиддинов. – Аҳли толор  мавригиҳои Бухороро бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд. Ҳодисаҳои спектакл ҳарчанд дар ибтидои асри бист рух додаанд, ба имрӯзи ману шумо низ тааллуқ доранд. Мо ба хасисон, пулпарастон ва судхӯрон имрӯз низ рӯ ба рӯ меоем. 

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.
Дар сурат: лаҳзае аз спектакли «Марги судхӯр».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: