ШАВҚМАНДӢ ДАР ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ БАЛАНД АСТ

Дар мамлакатамон аз тарафи давлат дастгирӣ гардидани субъектҳои соҳибкорӣ ва аҳолӣ бобати истифодабарии васеъмиқёс аз манбаъҳои энергияи азнавбарқароршаванда ва таъмин намудани аҳолӣ бо энергияи электрӣ ва гармӣ корҳои зиёд ба амал татбиқ мегарданд.

Дар давраи гузашта манбаъҳои энергияи азнавбарқароршавандаи 430 мегаваттдор ба истифода супурда шуд, ки соле 1,2 млрд. киловатт соат энергияи электрӣ истеҳсол менамояд. Ин баробари 60 фоизи истеъмоли солонаи объектҳои соҳаи иҷтимоӣ мебошад.
Инчунин, дар соҳаи иҷтимоиву иншоотҳои соҳибкорӣ ва хонаводаи аҳолӣ панелҳои офтобии дорои иқтидори 250 мегаватт насб гардиданд.  Дар мамлакатамон дар ин бобат чӣ тавре ки корҳои зиёд анҷом дода нашавад, сарфа намудани захираҳои энергия яке аз масъалаҳои муҳим боқӣ мемонад. Яъне то охири сол 3,7 млрд. киловатт соат қувваи электр ва 2,4 млрд. мукааб метр газ  бояд сарфа карда шавад.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки бо роҳнамоии сарвари давлатамон дар шаҳри Бухоро баргузор шуд, ба ин масъала эътибори алоҳида нигаронида,  ба назди мутасаддиён вазифаҳои аниқ гузошта шуд.
Аз рӯйи маълумоти мутахассисон, дар ҷумҳурӣ бо роҳи бунёд намудани стансияҳои офтобӣ  аз ҳамаи талаботи мардум  нисбат ба энергия имконияти 8 баробар зиёд гирифтани он мавҷуд аст. Аз ин сабаб, дар мамлакатамон солҳои охир оид ба рушди соҳаи энергияи азнавбарқароршаванда корҳои мунтазам ба амал татбиқ мегарданд. Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии соҳа фароҳам оварда шуда, якчанд қарордоди роҳбари давлат ба имзо расид.
Дар натиҷаи ба амал татбиқ гардидани чунин ислоҳот то 12 августи соли ҷорӣ дар ҷамъ 41 ҳазору 885 иншоот панелҳои офтобӣ бо иқтидори 267,3 мегаватт  насб карда шуданд. То ҳол бо 4 ҳазору 534 хонавода шартномаҳо ба имзо расидаанд, ки аз онҳо ба шабакаҳо 720 ҳазор киловатт/соат қувваи электр ҳосил шудааст. Бояд таъкид намуд, ки дар муддати гузашта корҳои зиёд ба амал татбиқ гардиданд. Дар нимсолаи дуюм бошад, бояд 30 млрд. мукааб метр газ истихроҷ шуда, дар анборҳои гази  зеризаминӣ захираҳоро камаш ба 3,5 млрд. мукааб метр расонида, 41 млрд. киловатт/ соат электр истеҳсол намуда шавад.
Барои ин дар мамлакатамон ҳамаи имкониятҳо мавҷуд аст. Пас аз ин, мо – депутатҳо фаъолияти касбии худро пурзӯр гардонда, барои таъмини асосҳои ҳуқуқии ислоҳоти демократие, ки дар мамлакатамон ба амал татбиқ мегарданд, масъулияти амиқро бояд ба дӯш гирем.
Чунончи, вазифаҳои бамиёнгузошташуда ҳар як депутатро водор месозад, ки боз ҳам фаъолнокиро ба даст гирифта, дар пешрафти соҳа ҳиссаи самарабахш гузоранд. Ба амал татбиқ гардидани чунин вазифаҳои муҳим дар рушди иқтисодиёти мамлакат, рӯй ба беҳбудӣ овардани тарзи зиндагонии мардум ва дар баланд бардоштани самаранокии энергия дар соҳаҳои шабакаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ замина фароҳам меорад.

Ислом ХУШВАҚТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: