Президенти Туркманистонро дар Кӯксарой ботантана истиқбол гирифтанд

  • Президенти Туркманистонро дар Кӯксарой ботантана истиқбол гирифтанд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро дар қароргоҳи Кўксарой пешвоз гирифт.

Маросими тантанавии мулоқоти расмии меҳмони олиқадр барпо гардид.

Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов ба минбари махсус баромаданд. Гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакат навохта шуданд.

Фармондеҳи воҳиди Қаровули фахрӣ рапорт дод ва пас аз он сарони ду давлат аз пеши саф гузашта, хидматчиёни ҳарбии ӯзбекистониро истиқбол намуда, дар назди парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сари таъзим фуруд оварданд.  

Баъд президентҳо аъзоёни ҳайатҳои вакилони расмиро ба ҳамдигар шинос карданд.

Маросим бо марши ботантанаи қаровули фахрӣ ба охир расид.

Пас аз аксгириҳои якҷоя сарони давлатҳо ба толор барои музокирот дар ҳайати маҳдуд гузаштанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: