САФАР БА ӮЗБЕКИСТОНРО МЕТАВОН БО САЁҲАТ БА САҲИФАҲОИ КИТОБИ ТАЪРИХ ШАБОҲАТ ДОД

Дипломатҳои Ӯзбекистон бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавии пешрафтаи Ҳиндустон, ки дар равшан намудани ҷаласаи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар Самарқанд иштирок доштанд, мулоқот анҷом доданд.

Дар сафорати Ӯзбекистон дар Деҳлӣ бо гурӯҳи журналистони ҳиндустонӣ, ки барои инъикоси ҷаласаи Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар Самарқанд баргузор шуд, дар кишвари мо сафари эҷодӣ доштанд, мулоқот баргузор гардид.
Намояндагони ВАО-и Ҳиндустон таъкид намуданд, ки форуми байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд дар сатҳи баланд ташкил шуд. Силсилаи чорабиниҳо, ки дар доираи сессияи Ассамблеяи генералии ЮНВТО ташкил карда шуданд, ба намояндагони соҳа имкони мусоид фароҳам овард, ки дурнамои ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ кунанд.
– Ӯзбекистон барои гузарондани чорабиниҳои ЮНВТО беҳтарин интихоб ва макони арзанда гардид, – мегӯяд сардабири маҷаллаи «Travelers’ World»  Анирбан Дасгубта. – Мулоқот ва истиқболи иштирокчиён ва меҳмонони форум дар сатҳи олӣ ташкил карда шуд. Роҳбарону намояндагони варзидаи соҳа дурнамои рушди сайёҳӣ, ҳамчунин масъалаҳои мазмуни нав бахшидан ба муносибатҳо оид ба чунин самтҳои муҳими сайёҳии «сабз», экотуризм, рушди устувор баррасӣ намуда, табодули таҷриба карданд.
Журналистони ҳинд ҳамчунин ба натиҷаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ дар Ӯзбекистон дар солҳои охир таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Таъкид гардид, ки шумораи хидматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа такмил ёфта, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, бароҳат ва деҳаҳои сайёҳӣ дар сатҳи талаботи имрӯза бунёд карда мешаванд.
– Шиносоӣ бо Ӯзбекистон ба ман таассуроти фаромӯшнопазир гузошт, – суханашро давом дода мегӯяд Анирбан Дасгубта. – Сафари моро ба саёҳати саҳифаҳои китоби таърих монанд кардан мумкин аст. Ба кадом кунҷи Ӯзбекистон қадам наниҳед, таърих ва мероси бузурги кишварро эҳсос мекунед. Ман бо шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хева шинос шудам. Ва ман кашф кардам, ки ин шаҳрҳои бостонӣ хусусияти шабеҳ доранд, аммо дар айни замон онҳо бо асолат ва зебоӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аммо агар аз ман пурсанд, ки бароям чӣ бештар маъқул шуд, ман ҳамеша ҷавоб медиҳам – ин мардуми Ӯзбекистон аст. Мардумаш хеле самимӣ, меҳрубон ва меҳмоннавозанд, агар боз имкон пайдо шавад, ҳатман ба Ӯзбекистон меоям ва дар бораи ин кишвари зебоманзар боз ҳам бештар маълумот пайдо мекунам.
– Моро фарҳанг, зебоии кишвар ва табиати хубу мардуми он ба ҳайрат овард, – мегӯяд хабарнигори шабакаи хабарии «News9 Mediaverse» Дипак Бҳадана. – Ва ягона чизе, ки манро дар ҳақиқат ба таассуф меорад, ки дигар дар кишвар монда наметавонам. Аммо ният дорам, ки дар оянда ба Ӯзбекистон сафар карда ва дар бораи кишвари шумо дӯстони худ дар ин кишвар як силсила гузориш тайёр кунам.
Дар ВАО-и Ҳиндустон аз он ҷумла, саҳифаҳои оммавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон васеъ равшан карда мешавад. Аз ҷумла, моҳи октябр сафорати кишвари мо дар 25 экрани калоне, ки дар хиёбонҳои марказӣ ва кӯчаҳои серодами пойтахти Ҳиндустон насб шудаанд, намоиши видеороликҳоро дар бораи Ӯзбекистон ташкил намуд. Инчунин мавод таҳти номи «Ӯзбекистон – чорроҳаи тамаддунро барои худ боз намо» дар саҳифаҳои маҷаллаи оммавии «BOTT», «Travel Scapes», «Travel Trends Today» ва «TravelBizMonitor», ки ба сайёҳӣ ва саёҳатҳо махсусонида шудааст, нашр гардид.
Дар натиҷаи корҳои пайваста, ки дар ин самт татбиқ мегарданд, моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5-4 баробар бештар сайёҳони ҳинд ба Ӯзбекистон ташриф оварданд. Ҳамчунин интизор меравад, ки дар соли 2023 теъдоди сайёҳон аз ин кишвар ба шаҳрҳои Ӯзбекистон ба баландтарин сатҳ дар таърихи равобит расад.

АИ «Дунё».
ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: