МУКОФОТ МУБОРАК, ҲАМКАСБОН!

Солҳои охир дар кишвари мо ба воситаҳои ахбори оммавӣ имконияту имтиёзҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи таъмини қарори Президент «Дар бораи чораҳои дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика» аз соли 2023 номинатсияҳои рағбатмандкунии Мукофоти миллии  «Олтин қалам» – XVII аз 5 то 12-то зиёд карда шуд. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки озмуни «Олтин қалам» байни озмунҳои эҷодӣ нуфузи хосаро дорост. Аз ҷумла, озмуни имсола дар Қасри муҳташами анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» ва ба сармукофот гузошта шудани автомобил тасдиқи фикри боло мебошад.
– Имсол ба озмун аз ҳарвақта зиёд, яъне беш аз 500 вакилони ВАО қариб бо 4 ҳазор кори эҷодии худ иштирок карданд, – иброз дошт Холмурод Салимов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон дар баромади худ.
– Аз самти телевизион 25 нафар бо 900 кори эҷодӣ, аз радио 43 журналист (300), воситаҳои ахбори оммавии чопӣ 173 нафар (1200) ва интернет-журналистика 76 нафар бо корҳои эҷодии худ иштирок карданд. Аз ҷониби ҳакамон ба долузарбии мавзӯъҳо эътибор дода шуд. Таҷрибаҳо собит менамояд, ки озмун рағбати муносиб нисбати аҳли эҷод, ғамхорӣ ва эътибор ба журналистон мебошад.
Дар чорабинии мутантан ба ҷоизаи номинатсияи рағбатмандкунӣ «Барои беҳтарин мақолаҳои оиди бандкунӣ бо шуғл» ҳамкори мо Саодат Бекназароваро эълон карданд. Ин лаҳзаи гуворо ходимони рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро низ, ки ҳамроҳи ӯ ҳузур доштанд, бефарқ нагузошт. 7-8 сол пеш ин ӯ аз радио ба рӯзномаи «Овози тоҷик» гузашт. Аҳли ҷамоа ба ӯ ғоибона шинос буд, зеро ӯ шарҳи мақолаҳову хабарҳои эҷодкорони рӯзномаро ба шунавандагони радио мерасонид. Бо кормандони рӯзнома зуд унс гирифт ва ба навиштани мақолаҳо шурӯъ намуд. Аҳли қалами рӯзнома маҳорати ӯро дар ин ҷода пай бурданд ва маслиҳат медоданд. Мақолаҳои ӯ бештар аз ҳаёти деҳот, ахлоқи ҳамида, зиндагии мардуми одӣ ва тарбия тавассути меҳнатро дар бар мегиранд. Алҳол С.Бекназарова – узви иттиҳодияҳои журналистони Ӯзбекистону Тоҷикистон кори шуъбаи мактаб ва маънавиётро ба ӯҳда дорад. 
– Баъди эълони озмун дар рӯзнома ба супурдани маводҳои худ дудила шудам. Оё муносиб медонанд ё не? Мақолаҳоро ҷамъ кардаму мувофиқи тартиби нишондодашуда фиристондам, – мегӯяд бо ҳаяҷон Саодатбону. – Ҳатто ҳангоми эълони номам бовариам наомад. Ҳамин ки исмамро хонданд, надонистам чӣ рӯҳияе маро фаро гирифт. Ба баёнаш сухан оҷиз. Шоир фармудааст:
Як гули мақсуд дар
 ин бӯстон,
Чида нашуд бе 
мадади дӯстон.
Дар ин дастовард  саҳми ҷамоаи рӯзнома калон аст.
Албатта, хурсандии Саодат – хурсандии ҷамоа, хурсандии оилааш аст.
Ходимони рӯзнома бо баробари муваффақияти Саодатбону аз комёбиҳои собиқ ходими «Овози тоҷик» Шоқаҳҳор Салимов – журналисти собиқадор, ки чун эҷодкори озод инчунин соҳиби ҷоиза шуд ва Мирасрор Аҳроров – мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона чун журналисти хориҷӣ – хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи «Мақолаи беҳтарини журналисти хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон» тақдиронида шудаанд, шоданд. 

Гулҷаҳон КАБИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: