Дар тараннуми модар

Дӯст дорам модарам бо ёди ту қишлоқро,

Дӯст дорам модарам бо ёди ту қишлоқро,
Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро.
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон деҳотиёни дар муҳаббат тоқро.
Шеър гӯям ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям бар сарам ояд ҳавои модарам...
ТУРСУНЗОДА.

Гар намебудӣ ту яктои дилам,
Кай чунин маҳбуби мардум мешудам.
Гар намебудӣ ту пайдои дилам,
Бе ту ман дар зиндагӣ гум мешудам.
Гар набошӣ хона дорад бӯйи ғам,
Гар ту бошӣ хона дорад бӯйи мушк.
Гар ту бошӣ хок гирам зар шавад,
Гар набошӣ зар бигирам хоки хушк...
            ЛОИҚ.

Ало, ай модари ман, модари ман,
Парастору нигаҳбони сари ман.
Анисе ку пас аз ту марҳами дил?
Азизе ку, ки бошад дархури ман?
            ***
Ало, ай модари ман, модари ман,
Ало, файзу фари бому дари ман.
Мабодо, реҳлати ту низ бошад,
Хазонрези ҳама бору бари ман.
            ***
Ало, ай модари ман, модари ман,
Сароғози баёзу дафтари ман.
Мабодо, бе дуои обии ту,
Бихушкад сабзаи шеъри тари ман.
            ПАЙМОН.
    
            ***

Шуд мушк доманафшон ҳар дам ба кӯйи модар,
Анвои гул надорад бӯйе чу бӯйи модар.

Ҳатто, ки подшоҳон бо сад бузургиву шон,
Афтону хокбӯсон оянд сӯйи модар.

Дар чорсӯи тира метофт меҳр хира,
Ҷӯшид нури сад меҳр аз чорсӯи модар.

Дар арзи кӯтаҳумрӣ аз меҳр қалъае сохт,
То бод зинда бодо бо меҳрҷӯӣ модар.

Армони умр гардид аз даст додани ӯ,
Дармони заъфи дил шуд дидори рӯйи модар.

Атфол дар канораш гӯё, ки дар биҳиштанд,
Омӯхтанд алифбо ҳурон зи бӯйи модар.

Ҳар шоири дилогаҳ шеъре бигуфт ҳар гаҳ,
Во монда дар сари мадҳ дид обрӯйи модар.

Гар мавҷи ҳафт дарё бо ҳам занад саропо,
Як дил наҷунбад аммо бе орзӯи модар.

Воҷиди АШТӢ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: