Ширкати Қатар аз ширкат дар бунёди боғи таълимӣ ва фароғатӣ дар Ӯзбекистон манфиатдор аст

Бо мусоидати Сафорати Ӯзбекистон дар Доҳа байни роҳбарияти ширкати Қатар "Power International Holding (PIH)" ва ҶММ "SilkRoadInvest Group LLC" (Ӯзбекистон) гуфтушунид сурат гирифт.

Power International Holding бузургтарин ширкати хусусии Қатар аст. Дар 19 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад. PIH тавассути 5 корхонаи фаръӣ дар соҳаҳои энергетика ва металлургия, тандурустӣ ва сайёҳӣ, кишоварзӣ, сохтмони маҷмааҳои меҳмонхонаҳо ва менеҷмент, сохтмон ва идоракунии маҷмааҳои фароғатӣ фаъолият мекунад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Дар доираи музокирот масъалаҳои татбиқи лоиҳаи Парки таълимиву фароғатии  Silk Road Land дар майдони 180 гектар дар вилояти Тошканд бо арзиши 300 миллион доллари ИИМ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ба ҷониби Қатар нақшаи бизнеси ин лоиҳа пешниҳод карда шуд.

Дар поёни мулоқот миёни ҷонибҳо ёддошт ба имзо расид. Дар мавриди боздиди намояндагони ширкати «Power International Holding» дар нимаи дуюми моҳи феврал барои бозрасии макони ин тарҳ ва баррасии шартҳои иҷрои он тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: