Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии ИДМ иштирок мекунад
Бинобар даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 октябр дар чорабиниҳои нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, иштирок мекунад.
Дар рӯзнома баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои бисёрҷониба ва ҳамкории минтақавӣ пешбинӣ шудааст.