Пӯшида нест, ки як муддат ба шароити мавҷуда дар маҳаллаҳо беэътиноӣ зоҳир гардид.
Касе кордор нашуд, ки бошандагони он дар чӣ вазъ умр мебаранд ва чӣ ҳол доранд. Ба дарди дили сокинони маҳаллаву деҳоти дурдаст гӯш надоданд, қариб буд, ки батамом аз назари эътибор дур, ҳатто бошандагонаш бе оби ошомиданӣ монанд ҳам, мутасаддиён парво накарданд...
Хуб шуд, ки ба туфайли дубора эътибор нигаронидан ба маҳаллаву деҳоти дурдаст инфрасохтори онҳо рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Сарвари давлат пайи ободонии маҳаллаҳо пайваста ғамхорӣ мекунад. Баробари ба имзо расонидани чандин ҳуҷҷат дар ин роҳ барилова ба мутасаддиён дастуру супоришҳои мушаххас ва саривақтӣ медиҳад. Зимни сафарҳо ба ҳудудҳо ҷамъомадҳои фосилавӣ мегузаронад. Дар ин гуна ҷамъомадҳо одамон имкон меёбанд, ки муаммоҳои мубрами ҳаёти ҳаррӯзаашонро ба миён гузоранд. Қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои оид ба минбаъд беҳ намудани инфрасохтори маҳаллаҳо дар солҳои 2022-2023» барои амалӣ сохтани як қатор корҳои шоёну бунёдкориҳо таконе бахшид.
Инро гурӯҳи рӯзноманигорон дар як сафари хидматӣ ба маҳаллаҳои ноҳияҳои даштии вилоят баръало диданд, ки ба ҳамин қарибӣ Садорати давлатии андози вилоят созмон додааст.
Маҳаллаҳои «Бӯстон» ва «Бахтлӣ» дар ноҳияи Арнасой воқеъ аст, зиёда аз панҷ ҳазор нафар аҳолӣ дорад.
Пуле, ки якчанд маҳаллаҳоро ба ҳам мепайваст ва аз он мактабиён, бачаҳои боғча ҳам гузар мекарданд, ҳоли ҳузновар дошт. Дар ин бора ба мутасаддиён аз ҷониби аҳолӣ муроҷиат омадааст. Ҳанӯз аз моҳи декабри соли 2022 корҳои таъмирии пул оғоз ёфта буданд. Корхонаи «Сувсоз» аз сатҳи об ба баландии 4 метр бунёд намудани кӯпрукро ба нақша гирифта буд. Инак, ҳоло дараҷаи мустаҳкамнокии пул хеле хуб аст.
Аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Вербуд» аз канали Оқбулоқ тавассути лӯла об кашида шуд.
Ба ғайр аз ин 7,2 километр дарозии роҳҳои дохилии маҳаллаҳои «Бӯстон» ва «Бахтлӣ» рӯйи таъмирро диданд. Иҷрои ин корҳо қариб се миллиард сӯм маблағ талаб кард. Дар натиҷа сокинони шаш кӯчаи ин ду маҳалла аз ин хеле хушҳолӣ ҳис мекунанд.
Дар Иттиҳоди аз об истифодабарандагони ба номи Мамаҷон Додоҷонови ноҳияи Дӯстлик низ 14 километр лӯлаҳои об таъмир ёфтанд.
Инфрасохтори дурдасттарин овул, маҳал ё деҳа батадриҷ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.