ОЁ ИМКОНИ САРФИ НАЗАР АЗ ШИКАНҶА ФАРОҲАМ ОВАРДА ШУДААСТ?

Шиканҷа маънои азоб, озор ва ранҷро мефаҳмонад.

Шиканҷа маънои азоб, озор ва ранҷро мефаҳмонад. Дар чаҳорчӯби ҳамин масъала Академияи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ чанде қабл шунидани маърӯзаҳо ва баррасии ин мавзӯъро дар меҳвари як брифинг қарор дод. Дар он ҷонишини Сарпрокурор Светлана Ортиқова, як гурӯҳ коршиносони ин соҳа ва намояндаи Омбудсмани назди Олий Маҷлис ширкат карданд.
Иштирокчиёни брифинг даставвал пиёда шудани ислоҳоти доманфарох дар бобати пешгирӣ аз шиканҷа дар кишвар ва лоиҳаи қарори Президенти мамлакат “Дар бораи чораву тадбирҳои куллан такмил додани системаи пешгирии шиканҷа ҳангоми ҷустуҷӯ, тафтиш ва иҷрои ҷазо”-ро ба таври васеъ муҳокима карданд.
Оё дар муассисаҳои иҷрои ҷазо, изолятори бозпурсиҳо, ҳабсхонаҳои махсус ва амсоли он шиканҷаву азияти маҳбусон ва гумонбарон кам шудааст ё на? Ба ин савол ҷавоби мусбат додан ҳанӯз ғайриимкон мебошад. Зеро танҳо дар се соли охир 33 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд, ки маҳз ба ҷиноятҳои марбут ба шиканҷаи маҳбусон ва “бошандагон”-и маҳбасхонаҳои муқаддамотӣ арзёбӣ гардид.
Ба гуфтаи С. Ортиқова як гурӯҳ шахсоне, ки ба далели сӯиистеъмоли вазифаву мақом ҷиҳати шиканҷакунӣ айбдор дониста шуданд, мувофиқи қонунгузориҳои ҷумҳурӣ ҷавоб медиҳанд. Таъкид гардид, ки аксари ин ашхос кормандони идораҳои корҳои дохилӣ ва хадамоти амният мебошанд.
Маълум шуд, ки дар ҳамин ҳол назорати ҷараёни ҳар гуна корҳои тафтишотӣ, бозпурсиҳо аз тарафи кормандони додситонӣ назорат карда мешаванд. 
– Агар дар боздоштгоҳҳои муқаддамотӣ ҳуқуқи боздоштшудагон поймол гардад, барои гумонбар сари вақт истифода аз хидмати вакили мудофеъ таъмин нагардад, дар ҷараёни бозпурсиҳо дастгоҳҳои сабту назораткунанда хомӯш карда шаванд, шахсияти боздоштшудагон таҳқир шавад, ҳатман дар муқобили афроде, ки ба ин қонунвайронкуниҳо даст задаанд, вакили додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунад,– мегӯяд ҷонишини Прокурори генералӣ.
Ӯ илова намуд, ки баъдан ин парванда ҳатман ба додгоҳ интиқол дода мешавад ва додгоҳ тибқи қонун ба чунин кормандони идораҳои анҷомдиҳандаи амалиёти бозпурсӣ ҷазо муқаррар мекунад. Ба таъкиди вай дар таҷрибаи онҳо чунин корҳо ба вуқӯъ пайвастаанд ва дар ин бора вай тавонист бо рақамҳои мушаххас мисолҳо низ оварад.
Бино ба гуфтаҳои ин намояндаи Прокуратураи генералӣ дар сурати тасдиқи далелҳо, новобаста аз он ки шахси вазифадор дар идораҳои ниҳодҳои қудратӣ кадом мақому манзалатро ишғол мекунад, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳад шуд. 
Гуфта мешавад, агар шахси масъул дорои маълумот, малакаву маҳорати касбӣ бошад, ҳоҷати истифода аз шиканҷа нест. Ҳамчунин, дар ҳар шароиту вазъият истифодаи шиканҷа қобили қабул намебошад. 
Аммо пӯшида нест, ки чанд муддат кормандони идораҳои додситонӣ, интизомӣ ва амниятӣ бо истифода аз усулҳои ғайриқонунӣ ашхоси зиёдро ба азияту озор мувоҷеҳ кардаанд, баъзе ходимони ин ниҳодҳо дар пайи он афтодаанд, ки хонаву мошин харанд ва соҳиби молу давлат шаванд. Таъкид гардид, ки ин масъаларо минбаъд ходимони Прокуратураи генералӣ таҳти назорати қатъӣ хоҳанд гирифт. 
Дар ин замина фикрҳои ҷонишини садорати хадамоти пробатсияи Вазорати корҳои дохилӣ Икром Фозилов боиси таваҷҷӯҳ мебошад. Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи қарори Президент  “Дар бораи чораву тадбирҳои куллан такмил додани системаи пешгирии шиканҷа ҳангоми ҷустуҷӯ, тафтиш ва иҷрои ҷазо” ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шудааст.
– Қабули ин қарор, бидуни шубҳа, мушкилоту муаммоҳои зиёд дар бобати шиканҷаро бартараф хоҳад кард. Зеро ин қарор мусоидат мекунад, ки як қатор холигоҳҳои ҳуқуқии марбут ба масъалаи шиканҷа пурра гарданд. Ба ибораи дигар, таъмини ҳуқуқи шахсони боздоштшуда дар лоиҳаи қарор акси худро ёфтааст,– мегӯяд Икром Фозилов.
Дар лоиҳаи қарор бо дарназардошти талабҳои ҳуқуқи байналмилалӣ вазифаҳои мушаххас ворид карда шудаанд. Хоссатан, бо истифода аз тавсияҳои кумитаи СММ барои соли 2020 роҳандозии сохтори реестри ягонаи боздоштшудагон мадди назар мебошад, ки ба ваколати ҳамин кумита марбут аст. Тибқи он шахс кай ва дар куҷо боздошт шуд ва дар куҷо нигоҳ дошта мешавад, барои ҳама чун ойина равшан мешавад. Назорати онро прокуратура ва ниҳодҳои масъул бар дӯш мегиранд.
Нуқтаи дигари муҳим барои шаҳрвандони кишвар ҳамин аст, ки баъди қабули лоиҳаи қарори Президент касе хилофи қонун дар боздоштгоҳҳо вақти зиёд нигоҳ дошта намешавад ва мавриди шиканҷа низ қарор намегирад.
Пас, ҳар як фарди ҷумҳурӣ метавонад дар муҳокимаи лоиҳаи қарор “Дар бораи чораву тадбирҳои куллан такмил додани системаи пешгирии шиканҷа ҳангоми ҷустуҷӯ, тафтиш ва иҷрои ҷазо” ширкат кунад ва пешниҳодҳои худро ироа намояд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: