«АГАР МАН НАСӮЗАМ, АГАР ТУ НАСӮЗӢ...»

Ин шоҳбайти шоири бедордил, худшиносу муборизи Шарқ Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барои онҳое нигошта шудааст, ки дилу дидаи бедор доранду соҳиби маънавияти волову андешаву афкори тоза ҳастанд ва умри хешро сарфи ободиву бунёдкорӣ месозанд.

Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест,
Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.
Ин шоҳбайти шоири бедордил, худшиносу муборизи Шарқ Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барои онҳое нигошта шудааст, ки дилу дидаи бедор доранду соҳиби маънавияти волову андешаву афкори тоза ҳастанд ва умри хешро сарфи ободиву бунёдкорӣ месозанд. 
Шоири зиндаёд Абдуллоҳи Раҳмон низ аз зумраи қаламкашоне буд, ки қалами хешро алайҳи беадолатӣ, ноҳақӣ, душманони миллату забон, бесаводон ҳамеша тез кард. Рӯҳи инқилобие, ки дар шуур ва раги андешааш ҷӯш мезад, ӯро як лаҳза ҳам ором намегузошт. Ҳам дар минбари сухан, ҳам дар маҳфилу анҷуман, ҳам дар шеърҳои пурдарду пурсӯзу гудози пурмаъно ва ҳам дар суҳбатҳои хосу ому ҳам дар кору пайкори ӯ бедориву худогоҳиву худшиносиаш баръало ҳувайдо буд. Дар вуҷуди батамкину табиати вазнину босуботаш як исёни чун вулқон ҳар лаҳза ҷӯшандаву хурӯшандаву тарканда дида мешуд. Маслаки ӯ зиндагии ҳалолу покиза, дӯстии босидқу бериё, шинохтани худу асли худ, пос доштани забону миллат, дарёфтани ҳақиқат, қадр кардани ишқу муҳаббат ва дигар арзишҳои баланди инсонӣ буд. Дар шеъри «Марсияе барои худам» навишта буд:
Мушту гиребон буд бас бо хоинони 
миллат ӯ,
Чун ҳезуми тар карда дуд аз ғадри 
ҳамхунон гузашт…
То ки забону миллати тоҷик монад 
пойдор,
З-он пеш то маргаш расад, аз баҳри сар, 
аз ҷон гузашт.

ОМӮЗГОРИ ФИДОӢ – РАҲНАМОИ ШОГИРДОН

Абдуллоҳи Раҳмон омӯзгори варзида, дӯстдори касби худ, маслиҳатгӯйи ҳамкасб, муҳибу ғамхор ба шогирдон, ботадбиру созанда ва маҳфилоро буд. Дар мактаби хеш як муҳити адабӣ офарид. Чанд тан эҷодкоронро парвариш карда ба камол расонд. Маъсума Бобокалонова, Розияи Бадал, Саодат Сангинова, Фарида Муҳиддинова, шодравон Зебуннисо Шокирова ва чанди дигар эҷодкорон дастпарвари ӯянд. Аз марги нобаҳангоми шогирдаш Зебуннисо ончунон сӯхт, ки аламрезаҳои қалбаш дар шеъри «Зебӣ рафт» ба дард ифода шудаанд. Ҳамкасбону шогирдон, пайравон, эҷодкорон ӯро беҳад ҳурмат ва қадр мекарданд.
Лекин, бо вуҷуди ин, мо гуфта наметавонем, ки Абдуллоҳи Раҳмонро ҳама яксон дӯст медошт. Зеро ӯ нисбати ноадолатӣ оштинопазир ва номуросо буд. Замоне, ки бо айби ду-се тан роҳбарони мансабталош, хоинони миллату забон, рахнаандозу вайронкорони қасри дӯстӣ макотиби тоҷикӣ дар вилоят баста шуд, дар нафақа бошад ҳам, худро ба канор нагирифта, аз аввалинҳо шуда ба по шуд. Пайи ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии ҳаммиллатон бархест. Ҳаммаслакони хеш, равшанфикронро сарҷамъ намуда, бо хат то идораҳои болоӣ муроҷиат кард. Зеро ӯ боварии комил дошт, ки ин кори муғризонаи танҳо ду-се тан бадбинони дӯстии халқҳо буду конститутсия аз ҷониби онон дағалона вайрон мешавад. Аз фишор наҳаросид. Доим мегуфт, ки «бояд касе сарро ба кунда монад». Аз роҳу маслаки худ нагашт. Баръакс, дигаронро ба роҳи ҳақиқат ҳидоятгар шуд. Бо роҳбарии ӯ вақте ки ба барқарорсозии макотиби тоҷикӣ дар ноҳияи Сариосиё муваффақ шудем, минбаъд корро дар навоҳии Узуну Деҳнав ва Бойсун идома додем. Ба ноҳияҳои Узуну Деҳнав низ ӯ ҳамроҳамон рафта, ташвиқот бурд. Бо мактабиён ва равшанфикрон пайваста кор бурда, ниҳоят ба тоҷикикунии мактабҳо ноил гардидем.
Инҷониб, ки бо корҳои таблиғотии обунаи рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» муттасил ба мактабҳои тоҷикӣ мерафтам, ӯ ҳамеша ба ман ҳамроҳӣ мекард. Мактабиёнро ба худшиносӣ даъват месохт. Дар лаҳзаҳои нобарориву ноумедӣ чун пири кор ба камина тасаллӣ ва умед мебахшид. Тафсилоти он воқеаҳову ёдоварии он рӯзҳо худ як китобест, ки бояд навишта шавад. 

ВОХӮРИИ АВВАЛ

13 апрели соли 1992. Дар ноҳияи Сариосиё бояд озмуни ҷумҳуриявии фанни забон ва адабиёти тоҷик баргузор мешуд. Ман он вақт донишҷӯйи факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будам. Хабар ёфтем, ки ба шарафи ин озмун як гурӯҳ шоиру нависандагон, олимону рӯзноманигорон аз Тоҷикистон низ даъват шудаанд. Ман бо ҳамроҳии хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилоятамон Нуралӣ Раҷаб ва сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» Равшани Ёрмуҳаммад саҳарии барвақт аз Душанбешаҳр сӯйи Сариосиё роҳ пеш гирифтем. Аниқтараш, барои вохӯрӣ бо адибон ва дидани ҷараёни озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар вилоят баргузор мешуд, мешитофтем. Вале, мутаассифона, автомобили мо дар наздикии заводи арзизи Турсунзода ба садама дучор шуд. Хушбахтона, ба касе осеб нарасид, вале мошин хеле таъмирталаб гашт. То ба устохонаи шаҳри Турсунзода бурда таъмир кардан  вақти зиёде гузашту баъди нисфирӯзӣ ба Сариосиё расидем. Чун мо ба манзил расидем, аллакай қисме аз меҳмонон маҳфилро тарк карда буданду нафаре дар минбар суханронӣ мекард. Ӯ бо як тамкини ба худ хос самимона, вале суханҳои оташин мегуфт. Нуралии Раҷаб ба ман ишора намуд, ки ин нафар омӯзгор ва шоир Абдуллоҳи Раҳмон аст. Ҳарчанд номи ӯро бисёр шунида будам, вале бори аввал медидамаш. Дар фароварди суханаш як шеъри худро, ки «Таҳорати ботин» ном дошт, хеле марғуб қироат намуд. Аз мазмуни шеъраш дарёфтам, ки ӯ шоири маънигарову шахси ботинпараст аст. Чуноне ки дар вохӯрии аввал ӯро дарёфтам то охири умраш, яъне муддати 28 соли шиносоиямон фикри ман дар ҳаққи ӯ тағйир наёфт. Таассуроти аввал боқӣ монд. Агар тағйир ёфта бошад ҳам ба хубӣ буд. Дар ҳар нишасту суҳбат, дар ҳар шеъру сухан ӯро аз нав кашф мекардам. Якрӯву якқавлу яксухан буд.
Ду-се нокас ба ғафлат доварӣ кард,
Ки ор аз шеваю лафзи дарӣ кард.
Хиёнат бар Ватан созад касе к-ӯ,
Хиёнат бар забони модарӣ кард.

АЗ «ГУЛИ САНГ» ТО «АМВОҶИ ВАРОРӮД»

Хуллас, он рӯз, яъне, 13 апрели соли 1992, ки ҳеч аз хотирам намеравад, бо шоирон: Абдуллоҳи Раҳмон, Сулаймони Ҳоҷаназар, Холбой Ҷалил, Муҳаммадҷон Раҷабӣ ва нависанда Чоршанбеи Деҳнавӣ шинос шудам. Дар рафти суҳбат сухан аз рӯзномаи «Садои Сурхон» рафт ва зикр шуд, ки рӯзнома ба корманди эҷодӣ ниёз дорад. Нуралӣ Раҷаб низ гуфт, ки Турдиқул Ҳасратов – муовини сармуҳаррир, ҳоло дар яке аз сиҳатгоҳҳои Тоҷикистон муолаҷа мегираду бо он кас маслиҳат кардаем, ки Олимҷонро ба рӯзномаи «Садои Сурхон» ба кор даъват кунем. Аввал бо сармуҳаррир маслиҳат бояд кард ва баъд аз ҷойи хондан, ки он вақт донишҷӯйи соли дуюм будам бояд иҷозат гирифт. Ҳамин тавр шаби аввал мо дар хонаи шоир Абдуллоҳи Раҳмон меҳмон шудем. Суҳбат хеле тасфид. Он шаб аёнам шуд, ки онҳо маҳфили адабие доранд бо номи «Гули санг». Ман, ки дар Душанбешаҳр шомили маҳфили адабии «Ташти оташ» (роҳбараш Зафар Сӯфӣ) будам ва чунин маҳфилҳоро хеле дӯст медоштам, аз фаъолият доштани чунин як маҳфили адабӣ беҳад шод гардидам. Он шаб маслиҳати барои кор ба таҳририят муроҷиат карданро низ кардем. Бо дархости онҳо пагоҳии барвақт мо чор нафар: Нуралӣ Раҷаб ва Абдуллоҳи Раҳмону Холбой Ҷалил ба шаҳрчаи Шарғун рафтем ва рӯзи истироҳат, ки буд сармуҳаррир Истад Қосимзодаро аз хонааш дарёфтем.  Қосимзода моро хуб пазируфта, изҳори боварӣ намуд, ки чун шахсони маъруф маро тавсия карда истодаанд, пас аз ӯҳдаи кор кардан мебароям. Шаби дуюм мо дар хонаи шоир Холбой Ҷалил меҳмон шудем ва рӯзи душанбе ман ба идора, ки дар шаҳри Деҳнав воқеъ буд, омадам. Ба қавле, он рӯз қалами маро санҷиданд ва ба кор қабул карданро сармуҳаррир изҳор дошт. Ҳамин тавр, шаби сеюм мо дар хонаи Чоршанбеи Деҳнавӣ меҳмон шуда, маҳфилро идома додем ва ман ҳам як узви фаъоли маҳфил шудам. Он лаҳзаҳои гуворо ҳеч аз ёдам намеравад. Маҳз дар ҳамин нишастҳо ман бо аҳли қалами Сариосиёву Деҳнав шинос шудам.
Ниҳоят, бо қарори шӯрои илмии донишгоҳ ба таҳсили таъҷилӣ гузашта дар «Садои Сурхон» ба кор шурӯъ кардам. Маҳфили «Гули санг» ҳар сари вақт гузаронида мешуд. Роҳбари он шоир Абдуллоҳи Раҳмони маҳфилоро бо дарк кардани шеъру таҳлили он ҷойгоҳи худро дошт. Баъди аз вазифа сабукдӯш шудани Истад Қосимзода зарурати ба маркази вилоят – шаҳри Тирмиз кӯчонидани рӯзномаи «Садои Сурхон» ба миён омад. Аҳли қалами Сариосиёву Узун ва Деҳнав аз ин як андоза ранҷуру озурдахотир ҳам шуданд, зеро рӯзномаро маҳз муштариёни ҳамин минтақа дастгирӣ мекарданду саҳифаҳояшро  рангин. Соли 1995 дар Тирмиз маҳфили адабии «Чашмаи Хуршед» таҳти роҳбарии шоир Ҷаъфар Муҳаммад таъсис ёфт. Соли 1996 таҳририят низ ба Тирмизшаҳр кӯчид. Шоир Абдуллоҳи Раҳмон ҳамчун як узви фаъоли ин маҳфил пайваста ширкат меварзид. Баҳри рушду нумӯъи он муттасил мекӯшид. Ин маҳфили адабӣ низ ҳафт сол фаъолияти босамар кард. Соли 2005 фаъолияти «Садои Сурхон» низ қатъ гардида, «Бохтар» рӯйи кор омад. Дар таъсиси ин рӯзнома низ хидматҳои Абдуллоҳи Раҳмон беқиёс аст. Дар мактаби рақами 38-уми Сариосиё, ки ӯ кор мекард, ҷамоаи омӯзгорону шогирдони мактаб мутташаккилона ба рӯзнома обуна мешуданд. Соли 2006 озмуне эълон намудем: ҷамоае, ки 100 нусха ба рӯзнома обуна мешавад, соҳиби мукофоти телевизори сиёҳу сафеди пултдор, ки он вақт, мӯд шуда буд, мегардад. Бо тасмим ва роҳбарии Абдуллоҳи Раҳмон, директори мактаб Абдуҷаббор Шукуров ва дастгирии ҷамоаи омӯзгорону шогирдони мактаб ба 110 нусха рӯзнома обуна гардида, соҳиби мукофот шуданд. Ин рӯзнома низ ду сол фаъолият карда, мутаассифона бо баъзе сабабҳо баста шуд. Абдуллоҳи Раҳмон ҳамон вақт чун яке аз посдорони забону муҳофизи арзишҳои миллӣ аз ин бохти фарҳангии миллатамон хеле сӯхт, аз парокандагиву бефарқии ҳамзабону ҳаммиллатон ҷигархун шуд. Ҳамин тавр, ду соли дигар дар муҳити адабии вилояти Сурхондарё на рӯзномаи тоҷикӣ фаъолият дошту на маҳфили адабӣ. Вале Абдуллоҳи Раҳмон каминаро ҳамеша даъват мекард, ки рӯзномаро аз нав эҳё созам. Дар ин роҳ ӯ ҳамеша маслиҳатгӯ ва ҳидоятгар буд. Ниҳоят, феврали соли 2009 рӯзномаи тоҷикии «Ховар» таъсис ёфт. Он аҳли қаламро боз атрофи худ сарҷамъ намуд ва бо тавсия ва ибтикори Абдуллоҳи Раҳмон маҳфили адабии «Амвоҷи Варорӯд» созмон ёфт. Ин ба эҷодкорон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Дар маҳфилҳое, ки доир мешуд, намунаҳои эҷоди қаламкашон ва навқаламон таҳлил мешуд ва дар «Ховар» дарҷ мегардид. Бо роҳбарии устод Абдуллоҳи Раҳмон ниҳоят тасмим гирифтем, ки тазкира, ё худ намунаҳои ашъори эҷодкорони асри ХХ ва оғози ХХI-и воҳаро дар шакли китоб чоп намоем. Ба ин кор шоири ҷавону умедбахш Хусрави Саъдуллоҳро масъул намуда, Абдуллоҳи Раҳмон ва камина дар ҷамъоварӣ ва таҳрири мавод аз наздик ба ӯ кӯмак намудем. Ниҳоят, соли 2011 тавассути нашриёти «Тамаддун»-и Тошканд «Сарводаи Сурхон» рӯйи чопро дид. Чопи ин китоб маҳсули маҳфили «Амвоҷи Варорӯд» буд. Абдуллоҳи Раҳмон ба кори маҳфил, таҳрири ашъори шоирон ҳеч гоҳ ба саҳлангорӣ роҳ намедод. Ҷиддӣ муносибат мекард. Камбудии ашъори шоиронро рӯ ба рӯ, вале наранҷонида мегуфт, муҳокима мекард. Дар баробари ин, худ низ шеърҳои баландмазмуни дорои тасвирҳои ҷолиб эҷод мекард, вале ҳамеша ба чопаш таъхир менамуд. Нисбати худу дигарон серталаб буд. Кори сара ва пухтаро меписандид. «Қадаҳи лола» (Душанбе. Афсона. 2005) ва «Муждаи эҳё» (Самарқанд. Зарафшон. 2008)-ро низ аслан бо исрори дигарон чоп намудааст.
Қабл аз вафоташ ҳар гоҳе, ки ба аёдаташ мерафтем, ӯ на аз хастагии ҷисму ҷон, балки дар боби миллату забон, мероси ниёгон, илму ирфон, вазъи мактабу маорифи тоҷикӣ, фаъолияти ояндаи маҳфили адабӣ ҳарф мезад. Яъсу ноумедӣ дар ӯ дида намешуд. Аз нигоҳҳояш пай мебурдам, ки чун ҳамеша мегуфт: «Агар ман насӯзам, агар ту насӯзӣ, агар вай насӯзад, пас кӣ кунад равшан ин кунҷи зулмотро». Ин суханонро ӯ борҳо дар лаҳзаҳое, ки аз барор нагирифтани кори рӯзнома ва ё худ бефарқии ҳамзабонон ба кӯйи ноумедӣ меафтидем, такрор ба такрор ба ман мегуфту тасаллӣ медод, умед мебахшид. Нақшаҳои зиёде дошту афсӯс, ки бар хок бурд. Ниҳоят, баъди се соли вафоти шоир Абдуллоҳи Раҳмон аҳли қалами воҳаи Сурхон ва фаъолони марказҳои миллӣ-маданӣ боисрор талаб намуданд, ки кори маҳфилро инҷониб идома диҳам. Ҳамин тавр, баъди се соли фавти устод маҳфил аз нав ба кор шурӯъ кард. 

ПОСИ ХОТИРИ ШОИР ДАР МАҲФИЛИ «АМВОҶИ ВАРОРӮД»

Бо эҳё гардидани маҳфили адабии «Амвоҷи Варорӯд» аввалин маҳфил ба ёдбуди Абдуллоҳи Раҳмон бахшида шуд. 30 майи соли ҷорӣ дар рӯзи таваллудаш бо эҳтимом ва ибтикори Маркази миллӣ-мадании ноҳияи Сариосиё, маҳфили адабии «Амвоҷи Варорӯд» ва маъмурияти мактаби рақами 38-уми ноҳия, ки худи шоир дар он ҷо кор кардааст, як ҳамойиши хотирмон шуда гузашт.
Шогирдони ӯ шеъру ғазал ва рубоиву дубайтиҳои устодро ифоданок қироат намуданд, ки ба ҳозирин завқи беандоза бахшид.
Дар маҳфили ёдбуд таъкид гардид, ки соли оянда ба 70-солагии шоир тайёрии ҷиддӣ дида шавад. Китоби ёдномае, ки иборат аз маҷмӯи мақолоту очерк, шеъру ёддоштҳо дар бораи ӯст, тартиб дода, нашр гардад. Куллиёти шоир, ки иборат аз се ҷилд асту аллакай тартиб дода шудааст, рӯйи чопро бинад, дар маҷмӯъ, як ҳамоиши пурмуҳтаво бо иштироки намояндагони аҳли қалам, адабиётшиносон, рӯзноманигорони Ӯзбекистону Тоҷикистон гузаронида шавад. 
Инҷониб низ аз марги ӯ бисёр аламзада гаштаам ва дар сӯгвориаш марсияе эҷод намудаам, ки ҳоло манзури хонандагон карданиам: 

ОН ШЕРИ НАЪРАЗАН КУ?

Бар дӯши кӣ бимонад бори гарони миллат?
З-ин пас намехурӯшад рӯди равони миллат.
Аз кӯҳҳо наояд акси садо дигар бор,
Ин марз мешавад чун бе посбони миллат?

Оё набишнавам ман дигар садои миллат?
Аз водии хамӯшон хезад нидои миллат.
Дар бешазори ғафлат он шери наъразан ку?
Аз баҳри ҳифзи миллат гардад фидои 
миллат!

Ӯ минбари суханро тоҷи сари забон кард,
Боғе бупарварид ӯ ризвони шоирон кард.
Дар боғ нағмахонанд имрӯз чанд мурғон,
Ӯ болу пар бубахшид машҳури ин ҷаҳон кард.

З-ин пас ба кори миллат аз 
кӣ мадад биҷӯям?
Ман дарди хештанро бар гӯши кӣ бигӯям?
Аз дасти кӣ бигирам мушкилгузар бувад роҳ,
К-аз ҳар қадам барояд душман чу рӯ ба рӯям.

Чун Тӯпаланг туғён карду чу ӯ равон шуд,
Бе ӯ Ниҳон* бимонду сад ҳайф ӯ ниҳон шуд.
Абдуллаҳи закитабъ, дарёдилу ботамкин,
Оғози навбаҳорон нашкуфтаву хазон шуд.
————
*Ниҳон – Дараи Ниҳон.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: