СУЛОЛАИ ҲАШТУМ

Ҳар як маҳсулоти кулолӣ бо зебоӣ, нозукиаш харидори худро соҳиб аст.

Аз онҳо нафақат барои хоҷагӣ ва рӯзгор, балки ба сифати экспонатҳои гаронбаҳо низ ба таври васеъ истифода мебаранд. 
Имрӯз дар кишварамон ҳар як ҳунарманд маҳсулоти дастсохти худро бе ҳеч мамониат фурӯхта метавонад ва барои онҳо дар бозорҳо растаҳои махсус ташкил карда шудааст. Ҳунармандони имрӯзаи мо аз ин шароит самаранок истифода бурда, баробари идома додани арзишҳои миллии қадима, услуб ва роҳҳои нави эҷодиро кашф менамоянд. 
Яке аз онҳо ҳунарманд-кулол Нӯъмон Облоқулов мебошад, ки дар ҷамоати шаҳрвандони «Юқори Калонгар»-и ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд буду бош дорад. 
– Ман идомадиҳандаи авлоди ҳаштуми кулолсозон мебошам. Маро ҳеч кас “кулол мешавӣ” гуфта маҷбур накардааст. Муҳити оила, анҷому зарфҳои аз лой сохташуда, ба ҳавлиамон омаду рафти соҳибони ин касб маро ба соҳа ҷалб намуд. Дар оилаамон чунин анъана мавҷуд аст, ки калонҳо ба хурдҳо ҳар як сеҳри касби худро меомӯзанд, яъне, анъанаи “устоду шогирд” ба роҳ монда шудааст. Хурд будам, бобоям як порча лойи тайёрро ба наздам партофта гуфт: “Ҳаракат кун, ба ҳаракати дастони ман диққат кун”, – мегӯяд Н. Облоқулов. – Ҳаракатҳоям зоеъ нарафтанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Ташаббус–2005” ҷойи сеюм, “Ташаббус–2009” ҷойи дуюмро ишғол намудам. Бо унвони “Устои халқии Ӯзбекистон” тақдиронида шудам. 
Маҳсулоти нафиси кулолии усто, ба монанди коса, лаган, хум, гулдон ва кӯзаҳои мухталиф на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар шаҳрҳои Русия ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ харидоргир аст. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Дар сурат: усто-ҳунарманд Н. Облоқулов.     
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: